Сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

430
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 14 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1337 сомонӣ  нишон дода шудааст.

Дар Русия асъори маъмултарин барои пасандоз муаррифӣ шуд

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3350 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 12.1891 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1337 то 0.1360 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3350 сомонӣ, 1 евро – 12.1891 сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1337 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

430
Барчаспҳо:
евро, сомонӣ, рубл, қурби асъор, Тоҷикистон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

183
(Таҷдидшуда 10:08 23.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 23 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1339 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1365 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3392 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.2251 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1390 то 0,1410 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.134 то 0.141 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1340 то 0,1430 сомонӣ нишон дода шудааст.

Раиси Бонки миллӣ аз мардуми Тоҷикистон хостааст долларҳоро дар хона нигаҳ надоранд

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

183
Барчаспҳо:
қурби асъор, Тоҷикистон, Бонки миллӣ
Монеты, архивное фото

Суҳбати раиси нахустин бонки исломии Тоҷикистон: аз бартарият то мушкилот

417
Шералӣ Зардов, раиси нахустин бонки исломии Тоҷикистон, “Тавҳидбонк” дар бораи бартарияти бонкдории исломӣ ва мушкилоти роҳандозии ин низом дар кишвар суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 21 октябр - Sputnik. Шералӣ Зардов гуфт, ки бартарии бонкдории исломӣ нисбат ба бонкҳои анъанавӣ дар он аст, ки роҳбарият ва кормандони он аз ҳама гуна фаъолияти спекулятивӣ дурӣ меҷӯянд.

Национальный банк Таджикистана
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Раиси “Тавҳидбонк” бо истиқбол аз қабули қонун “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” инчунин зарур хондааст, ки бархе корҳои дигар низ анҷом дода шаванд.

“Бе ворид намудани тағйирот ба қонунҳои амалкунанда, такмили санадҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ, дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани қонуни мазкур ғайриимкон аст. Алалхусус, мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ба Кодекси андоз (вобаста ба андоз­бандии маҳсулоти бонкии исломӣ), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок”, “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)” ва ғайра ҳатмист”, - изҳор дошт Зардов дар суҳбат бо нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Ӯ афзудааст, ки дар раванди табдилдиҳии бонк аз анъанавӣ ба исломӣ бо норасоии мутахассисони ин соҳа, нобоварии аксари кормандони бонк барои ноил шудан ба комёбӣ, ноогоҳии масъулини мақомот аз моҳияти фаъолият, мушкилоти техникӣ ва ғайра мувоҷеҳ шудаанд.

“Бонки анъанавиро ба исломӣ табдил додан осонтар аз он буд, ки тафаккури кормандон, соҳибкорон ва масъулини мақомоти назоратиро мутобиқ намоем”, - изҳор доштаст мусоҳиб.

Шайх Абдулло ба БМТ: бо сармоягузорони Қатар бонки исломӣ бисозед

Зардов тавзеҳ додааст, ки дар адабиёти илмии марбут ба иқтисод ва бонкдории исломӣ зиёда аз 100 фарқи низоми бонкии исломӣ аз низоми бонкии анъанавӣ муайян шудааст.

Аммо фарқи асосӣ дар нагирифтани фоиз зоҳир мегардад. Ба гуфтаи ӯ, ташкилоти қарзии исломӣ дар қиёс ба ташкилоти қарзии анъанавӣ ба ҷои гирифтани фоиз аз амалиёти қарзӣ дар татбиқи лоиҳаҳо иштирок намуда, фоидаю зарарро бо мизоҷон тақсим менамояд.

Инчунин ин қабил ташкилоти молиявӣ наметавонанд маблағгузории фаъолиятеро, ки ба истеҳсол ва савдои тамоку, маҳсулоти спиртӣ, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, қиморбозӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва прекурсорҳо вобаста мебошад, анҷом диҳанд.

“Эътироф бояд кард, ки доир ба бонкдории исломӣ аксарият бардошти ғайримантиқӣ ва то андозае ғалат доранд. Бояд дарк намуд, ки бонкдории исломӣ падидаи иқтисодӣ аст, на динӣ”, - изҳор доштааст Шералӣ Зардов дар фарҷоми суҳбат.

417
Барчаспҳо:
низоми бонкдории исломӣ, Тоҷикистон
Монумент Независимости Туркменистана в Ашхабаде, архивное фото

Мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сабаби COVID-19 ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд

0
(Таҷдидшуда 12:16 23.10.2020)
Қаблан дар назар буд, ки сеюмин дидори машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қаблан моҳи август дар Бишкек ба нақша гирифта шуда буд, бинобар пандемияи коронавируси COVID-19 ба тирамоҳ мавқуф гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ҷаласаи сеюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қаблан дар Қирғизистон ба нақша гирифта шуда буд, бинобар пандемияи коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд, гуфт вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов.

Ба гуфтаи ӯ, ин мулоқот эҳтимолан дар Туркманистон баргузор хоҳад шуд.

"Мутаассифона, бинобар ҳолатҳои марбут ба коронавирус ва номуайянии давомдор дар бораи замони рафъи ин пандемия, дар гумон аст, ки то охири соли равон ҷаласаи сеюми машваратӣ баргузор карда шавад",- гуфт Комилов.

Комилов гуфт, ки Туркманистон пешниҳод кардааст, ки мулоқоти сеюм дар соли 2021 дар ин кишвар  баргузор шавад.

"Мо, ки ҳамраиси шӯрои машваратӣ ҳастем, ин пешниҳоди Туркманистонро комилан дастгирӣ мекунем ва умедворем, ки нишасти навбатии машваратии Осиёи Марказиро бо як барномаи васеъ ва пурмазмун баргузор мекунем" гуфт ӯ.

Ӯ гуфтааст, ки пас аз нишаст дар Туркманистон, бозгаштан ба пешниҳоди Қирғизистон дар бораи ташкили нишасти машваратӣ дар Бишкек имконпазир хоҳад буд.

"Ин маънои онро надорад, ки кишварҳои минтақа дар роҳи банақшагирифташудаи ҳамкориҳои минтақавӣ " суст шудаанд", - илова кард Комилов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамкориҳои бисёрҷониба барои ҳамаи панҷ давлати Осиёи Марказӣ афзалиятнок аст.

0
Барчаспҳо:
Осиёи Марказӣ, вохӯрии сарони кишварҳо, мулоқот, дидор