Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

389
(Таҷдидшуда 12:43 15.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 15 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1332 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1360 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3360 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1469 то 12.5000сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1365 то 0,1390 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.131 то 0.141 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1320 то 0,1410 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бонки миллӣ гуфт дар беқурбшавии сомонӣ ва болоравии арзиши доллар кӣ гунаҳгор аст

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

389
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Монеты, архивное фото

Суҳбати раиси нахустин бонки исломии Тоҷикистон: аз бартарият то мушкилот

176
Шералӣ Зардов, раиси нахустин бонки исломии Тоҷикистон, “Тавҳидбонк” дар бораи бартарияти бонкдории исломӣ ва мушкилоти роҳандозии ин низом дар кишвар суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 21 октябр - Sputnik. Шералӣ Зардов гуфт, ки бартарии бонкдории исломӣ нисбат ба бонкҳои анъанавӣ дар он аст, ки роҳбарият ва кормандони он аз ҳама гуна фаъолияти спекулятивӣ дурӣ меҷӯянд.

Национальный банк Таджикистана
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Раиси “Тавҳидбонк” бо истиқбол аз қабули қонун “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” инчунин зарур хондааст, ки бархе корҳои дигар низ анҷом дода шаванд.

“Бе ворид намудани тағйирот ба қонунҳои амалкунанда, такмили санадҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ, дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани қонуни мазкур ғайриимкон аст. Алалхусус, мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ба Кодекси андоз (вобаста ба андоз­бандии маҳсулоти бонкии исломӣ), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок”, “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)” ва ғайра ҳатмист”, - изҳор дошт Зардов дар суҳбат бо нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Ӯ афзудааст, ки дар раванди табдилдиҳии бонк аз анъанавӣ ба исломӣ бо норасоии мутахассисони ин соҳа, нобоварии аксари кормандони бонк барои ноил шудан ба комёбӣ, ноогоҳии масъулини мақомот аз моҳияти фаъолият, мушкилоти техникӣ ва ғайра мувоҷеҳ шудаанд.

“Бонки анъанавиро ба исломӣ табдил додан осонтар аз он буд, ки тафаккури кормандон, соҳибкорон ва масъулини мақомоти назоратиро мутобиқ намоем”, - изҳор доштаст мусоҳиб.

Шайх Абдулло ба БМТ: бо сармоягузорони Қатар бонки исломӣ бисозед

Зардов тавзеҳ додааст, ки дар адабиёти илмии марбут ба иқтисод ва бонкдории исломӣ зиёда аз 100 фарқи низоми бонкии исломӣ аз низоми бонкии анъанавӣ муайян шудааст.

Аммо фарқи асосӣ дар нагирифтани фоиз зоҳир мегардад. Ба гуфтаи ӯ, ташкилоти қарзии исломӣ дар қиёс ба ташкилоти қарзии анъанавӣ ба ҷои гирифтани фоиз аз амалиёти қарзӣ дар татбиқи лоиҳаҳо иштирок намуда, фоидаю зарарро бо мизоҷон тақсим менамояд.

Инчунин ин қабил ташкилоти молиявӣ наметавонанд маблағгузории фаъолиятеро, ки ба истеҳсол ва савдои тамоку, маҳсулоти спиртӣ, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, қиморбозӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва прекурсорҳо вобаста мебошад, анҷом диҳанд.

“Эътироф бояд кард, ки доир ба бонкдории исломӣ аксарият бардошти ғайримантиқӣ ва то андозае ғалат доранд. Бояд дарк намуд, ки бонкдории исломӣ падидаи иқтисодӣ аст, на динӣ”, - изҳор доштааст Шералӣ Зардов дар фарҷоми суҳбат.

176
Барчаспҳо:
низоми бонкдории исломӣ, Тоҷикистон
Денежные купюры.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

242
(Таҷдидшуда 13:26 21.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 21 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1324 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1350 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3385 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.2077 то 12.4000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1370 то 0,1395 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.132 то 0.141 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1325 то 0,1415 сомонӣ нишон дода шудааст.

Раиси Бонки миллӣ аз мардуми Тоҷикистон хостааст долларҳоро дар хона нигаҳ надоранд

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

242
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Дари як донишгоҳи бонуфуз дар Маскав баста шуд: шумораи дардмандони коронавирус зиёд буд

107
Роспотребнадзор дари Донишгоҳи давлатии техникии Маскавро мӯҳр зад. Иллати баста шудани донишгоҳ ба шумораи зиёди мубталоёни коронавирус дар ин таълимгоҳ рабт дода мешавад

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Яке аз бонуфузтарин донишгоҳи техникии Маскав баста шуд, хабар медиҳад Ситоди фаврии коронавирус дар Русия.

Марги 332 маризи коронавирус дар Эрон давоми як рӯз

Ба иттилои манбаъ, ДДТМ ба номи Бауман ба далели нақзи қоидаҳои профилактикӣ ва афзун шудани шумораи мубталоёни коронавирус аз ҳисоби муҳассилин ва намояндагони ин боргоҳ маҳкам намуданд.

"Донишгоҳи давлатии техникии Маскав ба номи Бауман ба далели шумораи зиёди ҳолатҳои гирифторшавӣ ба COVID - 19 ва риоя накардани режими санитарию эпидемиологӣ бастаанд", - омадааст дар иттилоия.

Зикр мегардад, ки қарори мазкуро Роспотребнадзор ба тасвиб расонд.

Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз дар аввали моҳи октябр, вақте ки таътили дуҳафтаина ҷорӣ карда шуд, Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия эълон кард, ки донишҷӯёни донишгоҳҳоро ба таҳсили фосилавӣ намефиристад.

Бидуни фавт: афзоиши гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

Аммо, баъдан департамент илова кард, ки вазъи эпидемиологӣ дар ҳама донишгоҳҳо таҳти назорат қарор дорад ва тасмим дар мавриди фиристодани донишгоҳҳо ба таҳсили таҳсили фосилавӣ аз вазъият дар ҳар як минтақаи алоҳида ва дар маҷмӯъ дар кишвар вобаста аст.

107
Барчаспҳо:
баста, донишгоҳ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон