Денежные купюры США.

Пешгӯии коршинос аз ҷаҳиши рекордии доллар то охири октябр

516
(Таҷдидшуда 11:45 21.10.2020)
Иқтисоддонҳо дар бораи болоравии шадиди доллар ва қурби рубл дар нимаи дуюми моҳи октябр гуфтанд

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Рубл новобаста аз натиҷаҳои интихоботи президентии ИМА мавқеи худро аз даст медиҳад, гуфт Кира Лист, коршиноси пешбари молиявии Мактаби омӯзиши бозорҳои молиявӣ "Грамотей" дар мусоҳиба бо “Российская газета”.

Иқтисодшинос таваҷҷӯҳро ба тамоюли болоравии ноустуворӣ дар ҳама бахшҳои бозори молиявии ҷаҳонӣ ҷалб кард.

"Омили асосии тағирёбии нархномаҳо тағирёбии қурби доллар дар натиҷаи шиддат гирифтани сабқати интихоботӣ дар ИМА ва ноустувории талаботи иштирокчиёни бозоранд",- гуфт таҳлилгар.

Ӯ гуфт, бинобар суханрониҳои номуваффақи пешазинтихоботӣ, фарқи байни номзади демократҳо Ҷо Байден ва раҳбари кунунии Амрико Доналд Трамп коҳиш ёфт.

"Ин бори дигар сармоягузорони оромшударо ба ташвиш овард, ки аллакай фикр мекарданд, Байден ҳатман пирӯз хоҳад шуд. Ҳоло сарнавишти интихобот боз ҳам зери суол аст. Ин боиси тағирёбии доллар хоҳад шуд. Ва рубл  ҳоло аз заминаҳои беруна сахт вобаста аст. Аз ин рӯ, қурби он дар рӯзҳои наздик ноустувор боқӣ хоҳад монд",- шарҳ дод Лист.

Таҳлилгар коҳишёбии сареъи пули Русияро дар нимаи дуюми моҳи октябр истисно намекунад. Тибқи пешгӯии иқтисодшинос, доллар метавонад ба 78,30-78,50 рубл афзоиш ёбад ва евро бошад ба таври рекордӣ ба 91,50-91,60 рубл боло равад.

Интизори беқурбшавӣ: дар тирамоҳ бо доллар чӣ рӯй хоҳад дод

"То охири моҳи октябр сустшавии қурби асъор (русӣ - таҳрир) метавонад ба далели омилҳои мавсимӣ то андозае коҳиш ёбад, аммо дар ҳар сурат, рубл аз арзишҳои ҷорӣ пастар хоҳад буд", - хулоса кард ӯ.

516
Барчаспҳо:
евро, рубл, доллар
Абдуқодир Вализода, раиси тозатаъйини шаҳри Кӯлоб

Барномаи якмиллиардии рушди Кӯлоб ҳамагӣ 55 фоиз иҷро шуд: гузориши Вализода ба Раҳмон

86
(Таҷдидшуда 12:41 28.10.2020)
Абдуқодир Вализода, раиси шаҳри Кӯлоб, дар ҷаласаи Ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни татбиқи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019, ки арзиши умумии он беш аз 1 миллиард сомонӣ мебошад, гузориш дод

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, барномаи мазкур 262 лоиҳаро ба маблағи умумии 1 миллиарду 46 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ 237 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоятӣ 5,8 млн сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 23,7 млн сомонӣ, маблағҳои худӣ 187,1 млн сомонӣ, маблағҳои сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ 592,6 млн сомониро дар бар мегирифт.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

"Ин Барнома аз 5 бахш, аз ҷумла бахши иқтисодӣ -саноат, кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоӣ - маориф, фарҳанг, тандурустӣ, инфрасохтор - таъминот бо оби нӯшокӣ, коммуналӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва таъминоти захиравӣ иборат буд", - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, дар давоми амалишавии барнома то ба имрӯз ба маблағи 578 миллиону 871 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардид, ки 55,3 фоизи нишондиҳандаи барномаро ташкил медиҳад.

"Дар давраи амалишавии Барнома 17 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода супорида шуданд. Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 14 лоиҳа ба маблағи 6,9 млн сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 4 лоиҳа иҷро, 8 лоиҳа қисман ва 2 лоиҳа иҷро нагардид. Маблағҳои лоиҳаҳои иҷрошуда 1,1 млн сомонӣ ё 15,8 фоизро ташкил дод", - илова кард дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар давраи амалишавии барнома дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 14 ҳазору 742 ҷойи кори нави доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудаст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур доданд, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019” босифат ва пурра дар амал татбиқ карда шавад.

86
Барчаспҳо:
рушд, барнома, шаҳри Кӯлоб, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Дастури Раҳмон барои муътадил нигоҳ доштани нархҳо

623
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар ҷаласаи Ҳукумат масъалаи нарх дар бозорҳои ҷумҳуриро ба миён гузошт

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолии кишвар назди мақомдорон вазифа гузоштааст. 

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Дар ин маврид иҷрои қатъии супоришҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил аз ҳар як қитъаи он ва дар ин асос зиёд намудани майдони кишти картошка ва зироатҳои дигар, хусусан, ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, шолӣ ва ҷуворимаккаи дон ва ғайра зикр шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин таъкид намудаст, ки самарабахш ва оқилона истифода намудани маблағҳои буҷети давлатӣ боиси рушди иқтисоди миллӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мегардад ва аз тамоми роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъулияти баландро талаб кардаст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақомдорони кишвар пеш аз ҳама амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии муҳими давлатӣ, аз ҷумла раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бехатарии давлат ва саноатикунониро талаб намудааст. 

623
Барчаспҳо:
нарх, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Майдони парчам дар ноҳияи Деваштич

Дар Ҷайҳун ҳам майдони Парчам ва Нишони давлатӣ месозанд

0
(Таҷдидшуда 12:44 28.10.2020)
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун нақша доранд, ки иншооти мазкурро то таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, ин маконро барои баргузории барномаҳои фарҳангию сиёсӣ омода намоянд

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, хабар медиҳад "Ховар" дар истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Гуфта мешавад, сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия аз моҳи марти соли равон оғоз гардидааст, ки дар ин муддат корҳои ҳамворкунии қитъаи замин, бунёди таҳкурсии иншоот ва васлу насби Парчам ва Нишони давлатӣ ба анҷом расонида шуд.

"Айни замон корҳои сабзкорӣ, сафолакпeчии роҳравҳо ва ободонии  атрофи онҳо идома доранд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Аз майдони парчам то фермаи парандапарварӣ: Раҳмон чанд иншооти муҳимро ифтитоҳ кард

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун нақша доранд, ки иншооти мазкурро  то таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, ин маконро барои баргузории барномаҳои фарҳангию сиёсӣ омода намоянд.

0