Ведущий аналитик QBF Олег Богданов

Богданов: иқтисоди Тоҷикистонро пас аз пандемия танҳо содирот наҷот медиҳад

114
(Таҷдидшуда 17:11 19.10.2020)
Таҳлилгари пешбари QBF Олег Богданов гуфт, ки пешгӯиҳои тасаллибахши иқтисодии ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ барои кишварҳои минтақаи Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон бо чӣ иртибот доранд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар гузориши дурнамои иқтисодии Аврупо ва Осиёи Марказӣ: COVID-19 ва сармоияи инсонӣ, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ нашр шудааст, мегӯяд, иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2020 1,7% коҳиш хоҳанд ёфт.

Ин коҳиши шадидро аз суръати афзоиши соли гузашта 4,9% нишон медиҳад.

Зимнан, Тоҷикистон ва Узбакистон метавонанд аз коҳишёбӣ ҷилавгирӣ кунанд, аммо суръати пешбинишудаи ММД-и онҳо он қадар назаррас нахоҳад буд - дар Тоҷикистон 1,6% ва дар Ӯзбекистон 0,6%, дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли гузашта - мутаносибан 7,5% ва 5,6%. ...

Оё ин арқом воқеан қобили чашмдоштанд?

Ба гуфтаи таҳлилгари пешбари ширкати сармоягузории QBF Олег Богданов, тахмин кардан мумкин аст, ки ҳамаи ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ бар онанд, ки дар минтақаи Осиё барқарорсозии иқтисодӣ ба амал хоҳад омад.

"Агар  ба тамоми хатти пешгӯиҳо барои кишварҳои ИДМ ва барои кишварҳои ғарби Аврупо назар андозед, пас дар ҳама ҷо нишондиҳандаҳои манфӣ мавҷуданд. ММД-и Русия эҳтимол дорад то охири сол минуси 2 ё ҳатто 4% -ро ташкил диҳад. Барқарорсозӣ пешгӯӣ нашудааст ва ҳамаи коршиносон ва таҳлилгарон инро бо маҳдудиятҳои нав дар давраи мавҷи дуввуми коронавирус рабт медиҳанд ",-гуфт Богданов ба Sputnik Тоҷикистон.

Бонкдори №1: аз ҷалби миллиардҳо доллар амонатҳои шабонарӯзӣ то афзоиши ММД ва таваррум

"Дурнамо барои Тоҷикистон пеш аз ҳама ба содироти алюминий нигаронида шудааст, ки он чандон коҳиш нахоҳад дошт", - ҳолати имконпазири мусбатро хулоса кард коршинос.

Ба андешаи коршинос содироти маҳсулоти серталаб, ки нархи он коҳиш намеёбад, ба афзоши иқтисод кумак хоҳад кард.

114
Олимджон Бобоев

Собиқ вазир шарҳ дод, ки чаро Тоҷикистон андози "роҳ" -ро бекор намекунад

106
(Таҷдидшуда 10:05 04.12.2020)
Чаро бекор кардани андози "роҳ" барои якчанд сол мавқуф гузошта шуд ва мумкин аст боз ба таъхир гузошта шавад, шарҳ дод собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон Олимҷон Бобоев

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Бекор кардани андоз аллакай якчанд маротиба мавқуф гузошта шудааст, гуфт вазири собиқи нақлиёти Тоҷикистон Олимҷон Бобоев дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай қайд кард, ки зарурати андози "роҳ" вуҷуд дорад, вагарна бекор кардани он ба таъхир намеафтод.

Вазири собиқи нақлиёти Тоҷикистон афзуд, ки даст кашидан аз ин намуди пардохт зарур аст, зеро он аслан як намуди дигари андозбандиро такрор мекунад.

"Андоз барои истифодабарандагони роҳ ҳар сол тақрибан 400 миллион сомонӣ фоида меорад ва ин миқдори хеле калон аст, қариб ба 2% ММД баробар аст", - гуфт Бобоев.

Коршинос пешниҳод кард, ки вобаста аз вазъи иқтисодӣ, бекор кардани андоз барои ронандагон метавонад бори дигар мавқуф гузошта шавад, зеро "барои амалисозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ маблағҳои калони буҷа лозиманд.

Давлатзода гуфт, бақияи қарзи андоз аз 1 миллиард гузашт

Ёдовар мешавем чанд рӯз қабл лоиҳаи Қонун "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Ин тарҳ бо мақсади тамдид намудани муҳлати амали андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард таҳия гардидааст.

 

106
Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ бо як қарор фонди қарзии хурди “Файзи Сурхоб”-ро барҳам дод

59
(Таҷдидшуда 01:43 04.12.2020)
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз барҳамхурии боз як ташкилоти қарзии хурд хабар дод

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамхурии ташкилоти қарзии хурди  “Файзи Сурхоб” хабар дод.

Национальный банк Таджикистана
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки милли Тоҷикистон, раёсати Бонк бо қарори навбатӣ таҳти №156 дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8, 9 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи ФҚХ “Файзи Сурхоб” бозхонд карда шуд.

Бонки миллӣ қайд намудааст, ки қарори раёсат дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ санаи аз 01 декабри соли равон қабул шудааст.

Ин ниҳод сабаби бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзиро шарҳ надодааст.

Беш аз 22 миллиард: Нуралиев дороии ҳамаи ташкилотҳои молиявии кишварро гуфт

Ёдовар мешавем, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ахиран бо як қарор иҷозатномаи ташкилоти қарзии хурди “Имконият Ховар”-ро бозхонд кард.

59
Первая в мире вакцина от коронавируса

Руси гуфт ваксинааашро чандпулӣ мефурӯшад

0
Арзиши ваксинаи коронавируси “Спутник V”- и Россия барои як воя на кам аз 10 доллар хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар ин бора зимни Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Россия (ФСМР) зимни рӯнамоии ваксинаи нав дар иҷлосияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ хабар дод.

Кирилл Дмитриев гуфтааст, ваксинаи сохти Россия дар муқоиса бо дигар ваксинаҳо яке аз арзонтаринҳо хоҳад буд ва қарор аст он ба тамоми кишварҳо бо як нарх настрас гардад.

Номбурда гуфт, ҳамзамони имкони истеҳсоли ин ваксина дар Миср ва Нигерия низ ҳаст.

Ба гуфтаи Фонди сармоягузории мустақими Россия, шурӯъ аз моҳи марти соли оянд Россия нақша дорад, ҳар моҳ 30 миллион вояи ваксинаи “Спутник V”-ро ба хориҷ содир намояд.

“Мо бо теъдоди зиёди шарикони саноатӣ кор карда истодаем, то истеҳсолотро ба таври назаррас зиёд намоем. Пас аз қонеъ гардонидани талабот дар Россия, мо онро барои истеҳсоли ваксинаҳое, ки ба дигар кишварҳо интиқол дода мешаванд, истифода мебарем”,- афзудааст, Кирилл Дмитриев.

Гуфта мешавад, то кунун зиёда аз 40 кишвар, ки дар онҳо зиёда аз 50% аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, ба ваксина таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва  фонд барои зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион воя ваксина дархост гирифтааст.

0