Корхонаи полоиши нафт ҳаст аммо нафт нест: оё Тоҷикистон ба Техаси дувум табдил меёбад?

929
(Таҷдидшуда 21:40 19.10.2020)
Интизории Тоҷикистон дар истиқлолияти энержӣ ба натиҷа нарасид. Дар ҳоле, ки ин кишвар ба умеди нафту гази ватанӣ чанд кохонаи полоиши нафтро сохта ба истифода дод, ки ба сабаби набудани нафт аз кор бозмонданд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Маводи сӯхт яке аз нишондиҳандаҳои пешрафти иқтисод, иҷтимоъ дар Тоҷикистон аст, ки қимати тамоми колоҳо дар бозорҳои ин кишвар ва ҳатто содироти маҳсулот ба хориҷа ба қимати нафту газ рақам зада мешавад.  Барои мисол агар қимати бензин як сомонӣ (0,097 доллар) боло равад худи ҳамон рӯз дар бозорҳои кишвар нархҳо боло мераванд.

Ба ҳамин хотир ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба арзиши маҳсулоти нафтӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Чунки болову поинравии қимати маводи сӯзишворӣ дар кишвар ба буҷаи оилавӣ таъсири назаррас мерасонад.  

Пас суоле матраҳ аст, ки Тоҷикистон метавонад ниёзи худ аз воридоти маводи сӯхт аз кишварҳои хориҷиро аз байн бубарад?

Дар ҳоли ҳозир, як литр бензин дар Тоҷикистон аз 7 то 8 сомониро ташкил медиҳад, ки баробар ба 0,8 доллар аст. Барои мисло дар Қирғизистон қимати бензин барои як литр 0,65 доллар, дар Қазоқистон 0,56 доллар ва дар Ӯзбекистон 0,52 долларро ташкил медиҳад.

Чанде пеш Шуъбаи таҳлилии Picodi.com дар соли 2019 як тадқиқотеро анҷом дод, ки дар он имконияти дастрасии мардум ба харидории сӯзишвориро таҳлил кард. Тибқи ин тадқиқоте, ки тақрибан 115 кишварро дарбар гирифтааст, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо моҳонааш имкон дорад ҳамагӣ 130 литр бензин харидорӣ намоянд.

Агар масрафи мошини сабукравро бигирем, ки дар 100 километр 10 литр бензинро масраф мекунад, моҳонаи ҳар як шаҳрванд ҳамагӣ ба 1300  километр роҳ мерасад.

Агар дарозии роҳро ҳисоб кунем, то куҷо мерасем:

  • Як моҳ дар дохили шаҳри Душанбе;
  • Аз Душанбе то Хоруғ ва баргашт (як тараф 518 километр к тараф);
  • Ду маротиба ба Хуҷанд рафта омадан (308 километр)
  • Се маротиба ба шаҳри кӯлоб рафта ва баргаштан (аз Душанбе 197 километр);
  • Аз Душанбе ба Тошкант рафта ва баргаштан (424 километр);
  • Се маротиба ба Шаҳритус рафта ва ба Душанбе баргаштан (200 километр).

Вазъи маводи сӯхт дар кишвар якранг нест ҳар сол дар фасли баҳору тирамоҳ дар Тоҷикистон болоравии қимати сӯзишворӣ ба назар меерасад. Чаро интавр аст, оё кишвар аз зохири ҳангуфти нафту газ бархурдор аст ё на ва чи қадар корхонаҳо барои полоиши нафт сохта шудаанд? Ин ҳама суолҳоро Sputnik Тоҷикистон таҳлил кард.

Маводи сӯхт -тамоми зиндагсит

Дар ҳоли ҳозир, Русия кишвари аслии содиркунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аст. Ҳаҷми маҳсулоти содиркардаи Русия сол аз сол меафзояд. Соли ҷорӣ 228 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ворид шуд. қарор аст Тоҷикистон дар оянда 570 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ аз Русия ворид кунад.

Ҳоло 91,5 дарсади маҳсулоти нафтӣ аз Русия ворид мешавад ва қисми зиёди он бензинро ташкил медиҳад. Русия солона то як миллион тонна маҳсулоти нафтиро бе гирифтани боҷи гумрукӣ дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад. Ин созишномаи миёни Душанбеву Маскав ҳанӯз соли 2013 қабул шуда ва аммо танҳо охири ҳафтаи гузашта аз сӯи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, имзо шуд.

Ҳамчунин Туркаманистон ва Қазоқистон низ дар ин замина шарикони Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Бояд гуфт, ки дар 8 моҳи соли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон 228 ҳазор тонн маҳсулоти натфтӣ ворид шудааст. Душанбе ва Маскав тасмим доранд воридотро ба 570 ҳазор тонн расонанд.

Вобастагӣ аз маҳсӯлоти нафтӣ аз кишварҳои хориҷ мақомоти Тоҷикистонро нигарон карадааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар 75-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ таъкид дошт, ки ҷумҳурӣ тақрибан 100 дарсад аз маводи сӯхти воридотӣ вобастагӣ дорад. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки маводи сӯхти гарон ба рушди бахши тиҷорати хурду миёна таъсири манфӣ мерасонад. То чанде маводи сӯхт, гарон бошад ҳамон қадар арзиши хизматрасонӣ ва тавлиди маҳсулот боло меревад.  

Дар солҳои ахир монанди кишварҳои минтақа Тоҷикистон низ ба истифодаи маводи сӯхти арзонтар гузашт. Барои мисол аксарити ронандаҳои Тоҷикистон аз гази моеъ, ки арзишаш 4,4 сомониро ташкил медиҳад, истифода мекунанд. Дар ҳоли ҳозир, тақрибан 60 дарсади мошинҳои кишвар бо гази моеъ ҳаракат мекунанд. Аммо комилан аз истифодаи бензин даст кашидан ғайри имкон аст.

Ягона роҳи кам кардани вобастагӣ аз хориҷ ин истихроҷи нафти ватанӣ ва сохтмони корхонаҳои полоиши нафт аст.

Масъалаи сохтмони корхонаҳои полоиши нафтро ҷумҳурӣ ҳал кард. дар солҳои ахир дар ҷумҳури чандин корхонаи полоиши нафт соха шуд. Аммо масъалаи воридоти нафт ҳалли худро наёфт.

Тоҷикистон чиқадар нафт дорад?

Мутахассисони Иттиҳоди Шӯравӣ муайян карда буданд, захираи Тоҷикистон 113 миллион тонн нафт ва 863 миллиард метри мукааб газро ташкил медиҳад.

Дар солҳои 2000-ум ҳатто Тоҷикистон як каме истихроҷи нафту газро дар кишвар зиёд кард ва баъзе аз коршиносон бовари пайдо карданд, ки  ҷумҳурӣ ба монанди иолоти Техаси Амрико табдил хоҳад ёфт. Коршиносон мегуфтанд, Тоҷикистон бо захираҳои ҳангуфти нафту гази ватанӣ на танҳо мамлакат балки кишварҳои ҳамсояро низ таъмин кунад.

Бояд қайд кард, ки аз солҳои 1973 то 1979 дар Тоҷикистон 520 миллион метри мукааб газ ва 418 ҳазор тонн нафт истихроҷ мешуд. Аммо ҳоло ин нишондиҳандашо чандон назаррас нестанд: дар соли 2017 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 23,4 тонн нафт ва 1,4 миллиард метри мукааб газ истихроҷ шудааст.  Баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти тақрибан аксарити чоҳҳои нафту газ дар кишвар қатъ шуд. Дар солҳои 2000-ум ширкатҳои бузурги нафту газ ҳамагӣ 2 дарсад нафту гази ниёзи умумии Тоҷикистонро истихроҷ карданд. Боқимонда аз Русияву Ӯзбекистон ворид шуд.    

Дар ҳоли ҳозир, дар Тоҷикистон дар сол ҳудуди 10 ҳазор тонна нафт истихроҷ мешавад.

Ба гуфтаи Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, раиси Идораи геологияи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 24 кони нафту газ дар Тоҷикистон омӯзиш шудааст, ки захираҳои бузургро дар бар доранд.

Илҳом Оймуҳаммадзода гуфт, ки дар 20 кони кашфшуда дар умқи аз 3 то 5 ҳазор метр захираҳои бузурги нафту гоз пешбинӣ шудааст.

Вай афзуд ин маълумотҳо дар натиҷаи кашфиётҳои 20 ширкати дохилӣ ва хориҷӣ ба вуҷуд омадааст.

Бо вуҷуди ин оқои Оймуҳаммадзода гуфт, ки кашфу истихроҷи нафту гоз дар Тоҷикистон то ба ҳол идома дорад ва шояд захираҳои бузурге дар шимоли Тоҷикистон дар ҷанубу ғарб ва ҷануби ҷумҳури маҳфуз бошад.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон бо дарназардоҳти захираҳои мавҷуда Тоҷикистон дар ин авохир чанд корхонаи пололиши нафт, аз ҷумла бузургтарини он дар ноҳияи Данғараро ба истифода дод.  Ва мақсад аз ин раҳо ёфтани аз хариди нафт аз хориҷ аз кишвар буд.

Ба ин хотир, мақомоти Тоҷикистон ҳар сол мегуфтанд, ки истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон афзудааст ва гуё соли гузашта 2,5 баробар аз солҳои пеш бештар будааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкатҳои бузурги нафту гази Русия Газпром ва Тетис Петролиуми конодаӣ таъкид кардан, ки захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ками дар кам аст.

Ба гуфтаи коршиносон инқилоби интизордоштаи мақомоти Тоҷикистон дар робита ба нафту гоз ба вуҷуд намомад ва Тоҷикистон дар ин замина аз ширкатҳои хориҷӣ гиламанд аст.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд ширкати Гозпроми Русияро ва Тетис Петролиуми конодоӣ дар истиқлолияти энержии Тоҷикистон чандон алоқаманд нестанд.

Наби Маликов аз вазорати энержии Тоҷикистон ширкати Газпроми ва Тетис Петролиумро дар кашфу истихроҷи нафту гоз дар ҷумҳурӣ алоқаманд намедонад. Ба гуфтаи вай, ин ширкатҳо намехоҳанд, ки Тоҷикистон бо нафту гази аз худ истихроҷшуда таъмин шаванд.

Ба гуфтаи вай соли 2008 Алексей Миллер, раиси ширкати Гозпроми Русия ба Тоҷикистон дар бораи кафшу истихроҷи нафту гази дар ҳавзаи Сариқамиши Тоҷикистон қарордод имзо карданд. Алексей Миллер дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад эҳтиёҷи худро бо нафту гази ватанӣ таъммин кунад.

Чаро ширкатҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон рафтанд

Соли 2010 ширкати Газпром ба пармаи чоҳе дар минтақаи Сариқамиши Шаҳринав ба кор оғоз кард ширкати Gazprom International захираи газ дар минтақаи сариқамишро 60 миллиард метри мукааб таъхмин зада буд.

Дар чаҳор сол чоҳи 6 ҳазору 450 метри бо харҷи 100 миллион доллар парма шуд. Ширкати Газпром бо баҳонаи садамаи фани кори худро қатъ кард ва гуфт, ки нафту газ вуҷуд надорад.

Аммо ба гуфтаи коршиносон далели аслии қатъи кор на садамаи фанӣ балки мушкилоти молӣ аз тарафи Тоҷикистон аст, ки нафақат ин ширкат балки ширкатҳои дигари хориҷӣ низ корро қатъ карданд.

Барои мисол ширкати “Газпром”-и аз ин мушкилоти андоз таъкид карда буд.

“Мо аз фоида бештар зарар дидем. Яъне давлат як тин сармоягузорӣ накардааст аммо мехоҳад аз мо андози зиёд бигирад.  Маълум аст, ки мо дар ин шароит кор карда наметавонем”, - гуфт Игор Шаталов намояндаи  Gazprom International.

Ширкати Газпроми Русия борҳо барои сабук карадни молиёт дар бахши кофтукоби захираҳои нафтӣ ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда буд. Аммо Тоҷикистон ба дархостҳои ширкати Газпром аҳамияти ҷидди надод ва даъво дошт, ки қавонони андози ҷумҳурӣ дар ин бахш тағйирот ниёз надорад.   

Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон ширкати дигари хориҷӣ Тетис Петролиуми конодоиро низ дар коршикани дар кашфу истихроҷӣ нафт масъул медонад.

Наби Маликов гуфтааст, ин ширкат дар тули 11 соли фаъолият дар Тоҷикистон ба кашфу истихроҷи нафту газ мувафақ нашуд, вале аз ин фаъолияти худ аз оидоти молӣ бе насиб намонд. Ин ширкат дар тӯли фаъолият чанд бахши иҷозатномаи худ дар ҳавзаҳои нафтхези Тоҷикистонро ба ширкати Тотали Фаронса фурухт. Дар ҳоле, ки ширкати Тетис петролиум захираи нафту газ танҳо дар ҳавзаи Бохтари Тоҷикистонро 1,14 миллиард бушка нафт ва зираи газро 7 миллиард метри мукааб тахмин зада буд.

Ба гуфтаи мутахассисон ҳавзаи Амударё бузургтарин ҳавзаи нафту газ дар ҷаҳон аст, ки ширкати Тетис Петролиум аз коркарди он худдорӣ кардааст.

Ба ин далел мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ҳамкори бо ин ширкатҳо ва ширкатҳои дигари хориҷӣ дар кашфу истихроҷи нафт дар оянда таҷдиди назар хоҳанд кард. зеро ваъдаҳои дода онҳо дар бораи захираҳои ҳангуфти нафту газ сурат нагирифт.

Ба гуфтаи Миралӣ Ташрифов, корманди Тоҷикгеология дар ҳоли ҳозир, корҳои кашфиёти нафту газ дар Тоҷикистон масдуд шудааст. Ду ширкате, ки метавонанд дар оянда корро идома диҳанд ба делели бидеҳкорӣ аз молиёт ва дигаре ба далоли баста шудани марз бо далоили вируси корона низ аз кор афтоданд.

Ширкати Bokhtar Operation Company (BOC) ва Somon Oil ҳақ доранд дар оянда корҳои кашфиётиро идома диҳанд.

Ширкати ВОС 31 иҷозатнома барои пажуҳиш дар 56 минтақаи Тоҷикистонро дар даст дорад. Ширкати Bokhtar Operation Company зодаи се ширкати бузурги ҷаҳон, аз ҷумла Тотали Фаронса, SNPC -Чин ва Тетис петролиуми Бритониё ва Конодо аст, ки бо сармояи Чин дар Тоҷикистон кор мекунанд.

Ширкати Somon Оil ширкати ватинст, ки бо пули буҷаи Тоҷикистон фаъолият дорад ва далели надоштани пул ва бидеҳкорӣ аз молиёт аз кор мондааст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон ҳоло 15 минтақи нафту газдори Тоҷикистон мунтазири кашшофон ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки корхонаи полоиши нафт дар ноҳияи Данғара омода ба кор шудааст ва Тоҷикистон барои ба кор андохтани ин корхона бо мақомоти Русия Қазоқистон ва Эрон гуфтӯ дорад то нафти мавриди ниёзи худро ворид кунад. 

Ин дар ҳолест, Қазоқистон 15 соли пеш ба Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки дар ин кишвар кохонаҳои хурдиполоиши нафт созад ва нафти худро ба Тоҷикистон содир кунад.

Вале Тоҷикистон ин пешниҳоди Қазоқистонро напазируфт ва ба умеди кашфи захираҳои худӣ сохтмони чанд корхонаи полоиши нафтро анҷом дод, ки то ҳол мавриди истифода қарор нагирифтаанд.

Ба гуфтаи коршиносон далели аслии мувафақ нашудани Тоҷикистон на дар камбуди захираҳои нафту газ дар кишвар аст. Балки Тоҷикистон қавоиди фаъолият дар мавриди ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷиро риоя намекунад ва аз ин ширкатҳо, ки дар кофтукови нафту гоз дар Тоҷикистон кӯҳистон ба риски зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд молиёти зиёд талаб мекунад ва ширкатҳо қудрати пардохти ин молиётро надоранд. Аз сӯи дигар мусаллам аст, ки ширкатҳои нафту газ пажуҳиши нафту газ ҳамеша дар кори худ ба риски зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд ва то анҷоми кор ё пайдоиши захираи нафту газ наметавон аз онҳо молиёти зиёд талаб кард. Вале Тоҷикистон дар ин замина ба далоили табии ва фанӣ аҳамити чандоне қоил нест ва аз ин ширкатҳо дар кор молиёти ҳангуфт талаб мекунад.    

929
Барчаспҳо:
истифода, газ, нафт, энержӣ, истиқлолият, Тоҷикистон
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко

Аз як даст садо намебарояд: Матвиенко ба Рустами Эмомалӣ зарбулмасали тоҷикӣ гуфт

666
(Таҷдидшуда 18:19 25.11.2020)
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия дар ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкории палатаҳои болоии парлумонҳои Русия ва Тоҷикистон, зарбулмасали тоҷикиро гуфт, ки аз як даст садо намебарояд

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Матвиенко зимни ҷаласаи Комиссия дар ҳузури Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ таъкид кард, ки чунин мулоқотҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ бояд идома дода шаванд.

Ӯ афзуд, ки танҳо бо даъватҳо  - "биёед сармоягузорӣ бештар шавад, тиҷорат зиёд гардад" чизе ҳосил намешавад. Раиси Шӯрои Федератсия таъкид намуд, ки барои амалишавӣ мо бояд шароит фароҳам созем.

"Масоили умури сармоягузорию иқтисодиро мо бояд бо назардошти пайомадҳои пандемия баррасӣ намоем. Муҳим аст, ки ба таҳкими қонунгузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, корхонаҳои хурду миёна, корхонаҳои муштарак таваҷҷуҳ кунем, баъзе авлавиятҳоро дар марҳилаи берун шудан аз пандемия муайян созем", - гуфт Матвиенко.

“Шукри Худо, масъалаи ҳалнашаванда надорем”

Ба гуфтаи Матвиенко, дар маҷмуъ ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия мунтазам рушд ёфта истодааст ва зикр намуд, ки 23 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба Русия рост меояд.

"Ин ҳамкориҳоро бояд бо иродаи сиёсии худ таҳким бахшем. Барои соҳибкорӣ фазои сиёсӣ миёни ду кишвар бисёр муҳим аст. Соҳибкорон ба кишвар мераванд, агар шоҳиди муносибатҳои дӯстона миёни давлатҳо бошанд. Шукри Худо мо дар ин маврид масъалаи ҳалнашаванда надорем", - гуфт раиси Шӯрои Федератсия.

Ӯ илова намуд, ки аз ҷониби дигар вазифаи парлумон аст, ки меъёрҳои қонунгузорӣ ҳамоҳанг шаванд, то ҳадди имкон шароитҳо монанд бошанд то соҳибкорию оғози кори нав осон гардад.

Матвиенко таъкид намуд, ки барои сармоягузор бисёр муҳим аст, ки қоидаҳои кор дар майдони иқтисодии Тоҷикистон шаффоф ва фаҳмо бошанд.

"Бояд талош кунем, ки бештар бо соҳибкорон иртибот дошта бошем, фаҳмонем, шарҳ диҳем. Ҳайатҳои соҳибкорон тарафайн сафар кунанд, то бахши соҳибкорӣ пуштибонии сиёсиро эҳсос намояд ва он гоҳ фаъолтар хоҳад шуд", - гуфт раиси Шӯрои Федератсия.

Ӯ хотиррасон кард, замоне ки танҳо дар бораи густариши тиҷорат суҳбат мерафт, гузашт. Ба гуфтаи Матвиенко, ҳозир замона дигар асту бояд корхонаҳои муштарак ташкил шаванд, лоиҳаҳои ҷадид ва табодули сармоягузорӣ роҳандозӣ карданд.

“Барои он ки ин ҳама амалӣ гардад, заминаҳои ташкилӣ заруранд, шояд бо иштироки давлат ин кор роҳандозӣ гардад. Вазифаи вазорату идораҳо аст, ки чӣ гуна корро амалӣ мекунанд, то барои соҳибкорон муфиду бошад, додугирифтҳо миёни Тоҷикистону Русия бидуни миёнаравҳо сурат гиранд”, - таъкид кард Матвиенко.

Ӯ дар охир зарбулмасали тоҷикиро зикр намуд, ки аз як даст садо намебарояд ва илова намуд, ки имрӯз дар Маскав аз ҳарду тараф дастҳо фароҳаманд ва бояд талош кард, то ҳарчи бештар садо ҳосил шавад.

666
Барчаспҳо:
парлумон, мулоқот, Валентина Матвиенко, Тоҷикистон, Русия
Пул, акс аз бойгонӣ

Гузашти Чину гуфтушунид бо дигарон: муҳлати бештари Тоҷикистон барои баргардондани қарз

208
(Таҷдидшуда 15:09 25.11.2020)
Мақомоти Тоҷикистон бо бархе аз қарздеҳони кишвар гуфтушунид доранд, то муҳлати баргардондани қарзҳо тамдид карда шавад

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Бонки содиротию воридотии Чин ва Бунёди кувайтии рушд розӣ шудаанд, ки баргардондани қисме аз қарзҳояшон мавқуф гузошта шавад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, гуфт, дар доираи ташаббуси кишварҳои G-20 хизматрасонии 43,2 миллион доллари амрикоии қарзӣ, ки аз Бонки содиротию воридотии Чин ва Фонди кувайтии рушд ҷалб гардид, то охири соли 2021 мавқуф гузошта шуд.

"Чунин ҳамкорӣ бо Клуби Париж, Бонки KFW-и Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Бонки "Натикс"-и Ҷумҳурии Фаронса ва Департаменти кишоварзии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома дорад", - навиштааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Қаҳҳорзода.

Манбаъ афзуд, дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар 5 созишномаи нави қарзӣ ба маблағи умумии 459,5 миллион доллари амрикоӣ бо ташкилотҳои гуногуни молиявӣ ба имзо расонида шуд.

Вазир: қарзи давлатии Тоҷикистон ба беш аз 43 дарсади ММД расид

Вазири молия таъкид кард, ки дар боробари созишномаҳои имзошуда инчунин ҷалби 562 миллион доллари амрикоии қарзии имтиёзнок дар назар аст.

Тибқи иттилои расмӣ, то 1 октябри соли 2020 ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикис­тон 3,7 миллиард доллари амрикоӣ, ё худ 43,3 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад. Барои хизматрасонии қарзи беруна дар соли 2021  ҳудуди 213,5 миллион доллар, соли 2022 -  238,2 миллион ва соли 2023 - 243,3 миллион доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст.

208
Барчаспҳо:
муҳлат, қарз, Тоҷикистон
Медицинские работники в инфекционной больнице

Аз 12 ҳазор гузашт: омори тозаи сироят аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 18:51 25.11.2020)
Дар Тоҷикистон шумораи умумии гирифторони бемории коронавируси навъи COVID-19 марзи 12 ҳазорро убур кард

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 37 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар шумораи гирифторони ин беморӣ дар кишвар ба 12008 нафар баробар гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамзамон, дар давоми 24 соати охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон ба 11395 (94,9%) нафар баробар гардид.

Коронавирус нишасти G20 - ро сироят кард. Вале Ғарб ваксинаи Русияро тоқат надорад

 "Аз аввали ҳамагирӣ то кунун бар асари ин беморӣ  86 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ҳамчунин ин ниҳод аз мардум даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, сироят, беморӣ, вируси корона, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон