Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

464
(Таҷдидшуда 10:08 23.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 23 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1339 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1365 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3392 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.2251 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1390 то 0,1410 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.134 то 0.141 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1340 то 0,1430 сомонӣ нишон дода шудааст.

Раиси Бонки миллӣ аз мардуми Тоҷикистон хостааст долларҳоро дар хона нигаҳ надоранд

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

464
Барчаспҳо:
қурби асъор, Тоҷикистон, Бонки миллӣ
Винокуров Евгений

Винокуров се суди Тоҷикистон аз узвият дар Иттиҳоди АвруОсиёро гуфт

213
(Таҷдидшуда 18:59 04.12.2020)
Тоҷикистонро аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё роҳати муҳоҷирон, фаъолии сармоягузорон ва густариши савдо интизор аст, мегӯяд иқтисоддони асосии Бонки авруосиёии рушд.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Евгений Винокуров, иқтисоддони асосии Бонки авруосиёии рушд, мегӯяд, суди Тоҷикистон аз узвияти эҳтимолӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таҳлил кардаанд ва се фоидаи асосии кишварро ном бурд.

Винокуров гуфт, дар ҳошияи нахусти Конгресси авруосиёӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон манофеи асосии ҷумҳурӣ аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро номбар кард.

“Таҳлилҳои мо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳои узвият мусбат хоҳанд буд ва он ба се омил вобастагӣ дорад: узвият дар Иттиҳод сармоягузоронро фаъол месозад, савдоро таҳким мебахшад, чун на ҳамаи имконоти содиротӣ феълан истифода мешаванд ва сеюм низоми мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон фароҳам мешавад”, - изҳор дошт Винокуров.

Коршинос зикр кард, ки дар Иттиҳод бозори ягонаи меҳнат мавҷуд мебошад, ки самаранокии худро нишон дод.

Ӯ илова намуд, ки дар сурати узвият шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз дастгириҳои иҷтимоӣ бархӯрдор бошанду иловатан ба буҷаи ҷумҳурӣ низ ҳудуди 200-300 миллион доллар интиқол дода мешавад. Ба гуфтаи Винокуров дар доираи созмон, ҳатто масъалаи таъминоти нафақа низ ҳал шуд, ки тибқи он ҳар ҷое, ки шахс иқомат дорад, низоми пардохти нафақа низ он ҷо мекӯчад.

Феълан Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё набуда, мақомоти он мегӯянд, ҷанбаҳои мусбату манфии пайвастан ба ин созмонро омӯхта истодаанд.

213
Барчаспҳо:
узвият, фоиданок, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Тоҷикистон
Премьер-министр Казахстана Аскар Мамин

Қазоқистон аз рушди нишондодҳои иқтисодии Иттиҳоди УрОсиё гуфт

58
(Таҷдидшуда 15:47 04.12.2020)
Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин дар нишасти Шӯрои байниҳукуматии кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисоди УрОсиё ширкат кард

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ дар Иттиҳоди иқтисодии УрОсиё тадриҷан беҳтар мешаванд, гуфт сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии УрОсиё.

Дар баробари ин сарвазир қайд кард, ки хавфҳо барои барқарорсозии пурраи иқтисод то ҳол дар сатҳи баланд аст.

"Дар заминаи тадбирҳои андешидаи ҳукумати кишварҳои мо, чӣ дар сатҳи миллӣ ва чӣ дар сатҳи ИИУО, тадриҷан беҳтар шудани нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ба назар мерасад. Дар паи мутобиқ шудани иқтисодиёт ба оқибатҳои бӯҳрон, донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ тадриҷан пешгӯиҳои худро дар бораи беҳтар мекунанд", -  гуфт Мамин.

Вай диққати ҳозиринро ба динамикаи мусбати мубодилаи молу амвол миёни кишварҳои узви ИИУО ҷалб кард.

Путин ҷонибдорӣ кард: Русия ба муҳоҷирони кишварҳои узви ИИУО нафақа медиҳад

"Аз ҷумла, суръати гардиши савдои байни кишварҳоямон аз рӯи натиҷаҳои нӯҳ моҳ охир коҳиш ёфтааст", - гуфт сарвазири Қазоқистон.

Бурду бохти ҶТ аз узвият дар Иттиҳоди АвруОсиё

Ёдрас мешавем, ки 4 декабр ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии УрОсиё ифтитоҳ ёфт.

58
Барчаспҳо:
иқтисод, Нишондодҳо, пайвастан ба ИИУ
Маҳмурод Одинаева, муовири раиси ҲСДТ

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошт шуд

0
(Таҷдидшуда 13:28 05.12.2020)
Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки гуфта мешуд, чанд рӯз боз нопадид гаштааст, боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дастгир шуд, хабар дод раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров.

Ба иттилои манбаъ, Одинаевро имрӯз соати 11 мақомот боздошт кардаанд.

"Имруз соати тахминан 11.00 Маҳмурод Одинеав боздошт шуд. Сабаби боздошт шуданаш холо маълум нест", - менависад вай.

Маълумот ба зудӣ пурра мешавад.

 

0