Чаро нархҳо боло рафтанд? – шарҳи муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо

© © Sputnik / Амир ИсаевЖители Душанбе покупают продукты
Жители Душанбе покупают продукты - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон сабабҳои боло рафтани қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳои кишварро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 31 окт – Sputnik. Ашӯрбой Солеҳзода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар пайи як мониторинги нархи маҳсулоти асосӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар баррасӣ шудааст, дар 9 моҳи соли равон сатҳи таваррум 5,1%-ро ташкил додааст, ки асосан ба баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ - 6,3%, молҳои ғайриозуқаворӣ - 3,8% ва хизматрасониҳои пулакӣ - 3,7% вобаста аст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҳмон барои муътадил нигоҳ доштани нархҳо

“Дар ин давра аз молҳои озуқаворӣ нархи карам 42,2%, ярмаи марҷумак 41,7%, сабзӣ 40,8%, маҳсулоти макаронӣ – 22,9%, шакар - 19,6%, равғани маска – 13,9%, орди навъи якум – 13,2%, нахӯд – 12,7%, равғани пахта – 8%, биринҷ – 6,7%, гӯшти гӯсфанд – 6,5%, гӯшти гов – 5,8%, картошка – 5,7%, равғани растанӣ – 4,8% ва себ – 0,7% фоиз афзоиш ёфтааст”, - мегӯяд Ашӯрбой Солеҳзода.

Нархҳои ёзанда

Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба сабаби болоравии нархи маҳсулоти асосии истеъмолӣ – равғани растанӣ, орд ва шакар пардохта, мегӯяд, яке аз сабабҳои асосии афзоиши нархи равғани растанӣ ин нокифоя будани ҳаҷми истеҳсоли он дар ҷумҳурӣ аст. Бино ба иттилои ӯ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 15 ҳазор тон равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3% зиёд мебошад.

“Дар ин давра талаботи аҳолӣ ба равғани растанӣ 115,7 ҳазор тонро ташкил намудааст, ки истеҳсоли дохилӣ талаботи аҳолиро танҳо ба андозаи 13% қонеъ мегардонад. Бинобар нокифоя будани истеҳсоли равғани растании дохилӣ талабот аз ҳисоби воридот таъмин карда мешавад ва омилҳои беруна ба бозори растанӣ таъсири худро мерасонанд”, - мегӯяд Ашӯрбой Солеҳзода.

Тибқи маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), дар моҳи сентябри соли равон индекси миёнаи нархи равғани растанӣ 104,6 бандро ташкил намуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаи моҳи август 5,9 банд (6%) баланд буда, нишондиҳандаи баландтарин дар 8 моҳи охир ба ҳисоб меравад.

Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, сабаби боло рафтани индекс баланд шудани арзиши равғани нахл, равғани растанӣ ва равғани лубиёгӣ аст.

Председатель госкомитета по инвестициям Кодири Косим  - Sputnik Тоҷикистон
Аз заминҳои камҳосил то нархи баланди чорвою камширии говон: баҳси сиёсати аграрӣ

“Бамаротиб афзоиш ёфтани арзиши равғани нахл, ки моҳи чорум аст идома дорад, ба зиёд шудани талабот ба он ва захираҳои нисбати нақша камтари он рабт дорад. Инчунин дар моҳи сентябр афзоиши якбораи нархҳои ҷаҳонии равғани растанӣ ба назар расид, ки яке аз сабабҳои асосиаш ба даст наомадани ҳосили дилхоҳ дар минтақаи баҳри Сиёҳ мебошад”, - мегӯяд Ашӯрбой Солеҳзода.

Мавсуф дар бораи боло рафтани қимати орд низ омили хориҷиро муассир арзёбӣ карда, мегӯяд, Тоҷикистон гандумро барои коркард ва истеҳсоли орд асосан аз Қазоқистон ворид менамояд.

“Сабаби болоравии нархи орд дар ин кишвар маҳсуб меёбад. Масалан, тибқи маълумоти сомонаи kazakh-zerno.net дар пойгоҳи “Бекобод” – и Қазоқистон дар моҳи сентябри соли 2020 нархи миёнаи як тон гандуми дараҷаи 3 278,5 доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нархҳои миёна моҳи июл 2,2% ва нисбат ба моҳи январ 3,3% боло рафтааст”, - мегӯяд Ашӯрбой Солеҳзода.

Талхии шакар

Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, шакар дар Тоҷикистон маводи ғизоиест, ки талаботи дохилии аҳолӣ пурра аз ҳисоби воридот таъмин карда мешавад. Вай афзуд, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 119,3 ҳазор тон шакар ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,4 ҳазор тон зиёд мебошад.

Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
Болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон: чанд буду чанд шуд?

“Мутобиқи маълумоти Иттиҳоди истеҳсолкунандагони шакари Русия, ки содиркунандаи асосии ин намуди маҳсулот ба Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, эҳтимол аст, ки истеҳсоли шакар дар мавсими 2020 – 2021 (1 августи 2020 – 31 июли 2021) 19-23% коҳиш ёбад. Сабабҳои коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли шакар кам гаштани майдони кишти лаблабуи қанд, кам шудани ҳосили шакар аз як гектар, афзоиши хароҷоти истеҳсолӣ, захираҳои зиёд дар аввали мавсим ва аз кор мондани якчанд заводи шакар дар Русия ба ҳисоб мераванд”, - мегӯяд Ашӯрбой Солеҳзода.

Тибқи маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар моҳи августи соли 2020 индекси нархи шакар 81,1 бандро ташкил намуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаи моҳи апрели соли ҷорӣ 17,9 банд (28,3%) баланд аст. Ҳамзамон дар моҳи сентябри соли 2020 ин нишондиҳанда 79 бандро ташкил намуда, нисбат ба моҳи август 2,1 банд коҳиш ёфтааст.  Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) коҳишёбии минбаъдаи нархи ҷаҳонии шакарро пешбинӣ менамояд.

Моли тирамоҳу зимистон

Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ ба соҳаи парандапарварӣ имтиёзҳои зиёди андозию гумрукӣ додааст.

Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Рустам ба масъулини пойтахт аз танзими нарх то захираи ғизо ва омодагӣ ба зимистон
Тибқи иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар 9 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли тухм ба 716,4 миллион дона расида, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 46,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар 3 соли охир воридоти тухм ба ҷумҳурӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, асосан талабот аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин мегардад.

“Дар давраи тирамоҳу зимистон бо назардошти афзоиши талабот ба тухм ва нисбатан осон гардидани шароити нигаҳдории он истеҳсолкунандагони тухм нархи яклухти фурӯшро баланд мебардоранд”, - мегӯяд Ашӯрбой Солеҳзода.

Файзов дар бораи муҳоҷирон, гуфтугӯи Путину Раҳмон, нархҳо ва зарари зӯрӣ-видео

Мавсуф мегӯяд, бо назардошти омилҳои номбурда вазорат дар ҳамдастӣ бо Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва таъминоти аҳолӣ бо ин маҳсулоти ҳаётан муҳим тадобири заруриро рӯи даст гирифтааст, ки аз натиҷаҳои он дар оянда иттилоъ хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0