Сбор лимонов

Чӣ гуна кишоварзони тоҷик лимӯ мепарваранд? - видео

111
(Таҷдидшуда 19:24 02.11.2020)
Дар гармхонаҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳосили нави лимӯ тайёр гардид, ки қисме аз он аллакай дар бозорҳои Тоҷикистон ба савдо гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар ҷануби вилояти Хатлон, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ майдони беш аз 10 гектар лимӯҳои машҳури тоҷикӣ парвариш меёбанд, хабар дод шабакаи телвизионии “Тоҷикистон”.

Хоҷагидорони ҷамоати Калинин изҳор медоранд, ки дар гармхонаҳояшон дар шароити ноҳия лимӯҳо хеле хуб нашъунамо меёбанд.

Идомаи болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон

Тайи солҳои тӯлонӣ лимӯпарварони ноҳия навъи устувори лимӯҳо ба таъсироти беруниро парвариш карда, ба навоҳии дигар на танҳо таҷриба, балки ниҳолҳои лимӯҳои худро пешниҳод кардаанд.

Кишоварз Муродбек Ятимов 5 сол боз ба парвариши лимӯ машғул буда, изҳор медорад, ки парвариши он муфид мебошад.

Носирҷон Пиров, раиси ҷамоати Калинин мегӯяд, ҳосили имсола аллакай пухта расид ва лимӯпарварони ноҳия ҳамарӯза маҳсулоташонро ба бозор пешниҳод мекунанд.

111
Барчаспҳо:
лимончой, парвариш, Тоҷикистон
Trade at a city food pre-Easter fair held on Karl Marx Square in Novosibirsk. (File)

Баҳси тухм дар парлумон: раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии нархро шарҳ дод

47
(Таҷдидшуда 18:37 02.12.2020)
Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон зимни қабули лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" аз раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ хостанд, то болоравии нархи маҳсулотро шарҳ диҳад

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Абдумаҷид Муъминзод, имрӯз зимни ҷаласаи парлумонӣ дар ҳузури вакилон гуфт, болоравии нархи баъзе маҳсулот аз моҳи октябр оғоз шуд.

Ӯ аз ҷумла тухми мурғро мисол оварда гуфт, ки он ба омилҳои беруна рабт дорад.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби Хадамот дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе санҷишҳо гузаронида шуд ва аз тамоми фабрикаву корхонаҳое, ки ба истеҳсоли тухм машғуланд тамоми хароҷоти онҳоро қабул кардем, ки тибқи таҳлилҳо он ба омилҳои беруна бастагӣ дорад.

Муъминзод гуфт, таҳлилҳое низ доранд, ки ба ҳукумат ҳам пешниҳод кардаанд, ки на танҳо дар дохили кишвар нархи он гарон аст.

“Агар имрӯз дар бозори дохилии кишвар 1 дона тухм 1 ва ё 1 сомониву 10 дирам ба фурӯш бароварда шавад дар дигар кишварҳо аз ҷумла дар Ӯзбекистон як ячейка тухм 35-40 сомонӣ арзиш дорад”.

Ӯ гуфт, агар нархи маҳсулот беасос боло бурда шавад, тибқи қарори ҳукумат аз сӯйи давлат танзим карда мешавад.

Саидҷаъфар Усмонзода,  вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби демократӣ гуфт, агар гӯшт ё тухмро аз хориҷа ворид кунем, аз нархи тухм ва гӯшти мурғи Тоҷикистон арзонтар мефарояд.

Ба гуфтаи вакили парлумон, барои воридот имтиёзҳои зиёд аст ва соҳибкорон аз бисёр уҳдадориҳо озод шудаанд, аммо ворид карда наметавонанд.

Дастури Раҳмон барои муътадил нигоҳ доштани нархҳо

Гароншавии нарх аз ҷумла ба маводҳои ниёзи аввалия, аз қабили шакару равғану тухм ва орд дар бозорҳои Тоҷикистон ҳамарӯза дар расонаҳо ва ё миёни корбарон баҳс мешавад.

Мақомоти тоҷик бошад сабаби онро ё дар камбуди истеҳсоли он ва ё болоравии нарх дар кишварҳои воридкунанда арзёбӣ мекунанд. 

47
Барчаспҳо:
нарх, парлумон, тухми мурғ, Тоҷикистон
Сомони и доллары, архивное фото

Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 2 миллион доллар афзоиш меёбад

112
(Таҷдидшуда 16:03 02.12.2020)
Маблағгузории Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли оянда 2 миллион доллар афзоиш хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар соли 2021 маблағҳое, ки ба Фонди Президент ҷудо хоҳанд шуд, 1,5 дарсади хароҷоти давлатиро ташкил хоҳанд дод, иттилоъ додааст рӯзномаи “Фараж”.

Ҳаҷми Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли 2021-ум 404 миллион сомонӣ (зиёда аз 38 млн доллар) аст.

Маблағгузории захиравии Фонди Президент дар соли оянда 1,5 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷаи давлатиро ташкил медиҳад. Маблағҳои Фонд барои чорабиниҳои хайриявии гуногун ва дигар хароҷот равона карда мешаванд.

Дар баробари ин, дар соли оянда зиёда аз 100 миллион сомонӣ барои Фонди ҳолатҳои фавқулоддаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сарф хоҳад шуд.

Манбаъ ёдовар шудааст, ки инчунин Фонди Пешвои Миллат аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешавад.

Ба ин Фонд маблағ дар ҳаҷми 0,2 фоиз аз ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ интиқол дода мешавад. Тартиби истифодабарии маблағҳои Фондро худи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар муайян мекунад.

112
Барчаспҳо:
афзоиш, Фонди президенти Тоҷикистон, буҷа, Тоҷикистон