Рынок Панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Охирин хабару гузоришҳо аз нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистонро метавонед аз ин пайванд пайдо кард

Шакар – 7 сомонӣ: Комиссияи махсус ташкил шуд ва нархҳоро поин овард

© PixabayСахар песок
Сахар песок - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон як комиссияи махсусро таъсис дод. Ин комиссия имрӯз дар шаҳри Душанбе нархҳоро поён овард

ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин комиссия таҳти раҳбарии яке аз муовинони сарвазир ва узвияти намояндагони сохторҳои қудратӣ, прокуратура ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъсис ёфта, имрӯз аввалин иқдоми худро пиёда кард.

Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон
Баъди равғану шакар: ҷаҳиши нархи орд дар Панҷакент

“Ҳоло дар нуқтаҳои савдои Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии “Захираҳо” - и шаҳри Душанбе нархи як халта орди навъҳои гуногун аз 215 то 225, навъи олӣ – 250 сомонӣ, шакар – 7, равғани воридотии 5 – литра 60 – 65, равғани маҳаллии 5 - литра аз 45 то 60, як кило гӯшт аз 45 то 50 сомонӣ ва дар дастфурӯшиҳо 53 сомонӣ муқаррар шуд”, - гуфт ин манбаъ.

Ҳудуди 20 рӯзи ахир нарху наво дар бозору фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон муназзам боло мераванд. Аз ҷумла як халта орд аз 210 то 260, як литр равған аз 10,5 ба 16, 5 - литраҳои равғани воридотӣ то 85 ва маҳаллӣ то 70, як кило шакар аз 8 ба 10 сомонӣ ва ба ҳамин минвол дигар намуди маҳсулоти хӯрокаву ғайрихӯрока боло рафтанд.

Қаблан дар як тафсир вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки далели болоравии қиматҳо, бахусус нарху навои маводи ғизоӣ, аз қабили орд, шакар, равған, тухм ва ғайра бештар аз авомили хориҷӣ вобастагӣ доранд.

Вакцинация против COVID-19 в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Путин дар бораи 2 ваксинаи русии зидди COVID-19: сеюмаш дар ҳоли омодашавист

Бонки миллии Тоҷикистон низ зимни як изҳорот пешбинӣ кард, ки дар семоҳаи чорум ба далели кам шудани истеҳсоли молҳои ниёзи аввалия бахусус, равған, шакар ва болоравии нархи онҳо дар кишварҳои содиркунанда, инчунин афзоиши фишорҳои қурбӣ эҳтимол дорад сатҳи нархҳо дар бозорҳои кишвар боло равад.

Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон 4 ноябр қурби сомониро дар баробари доллару рубл ва евро коҳиш дод. Ин вазъ дигарбора ба боло рафтани нархҳо овард, чун бонкҳои кишвар тоҷиронро бо асъори хориҷӣ таъмин карда наметавонанд ва “бозори сиёҳ” – и онҳо гарм мешавад.

Ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон гуфт, намояндагони комиссияи махсуси ҳукуматӣ вазъи бозору фурӯшгоҳҳои кишварро омӯхта, ба ин натиҷа расиданд, ки нархгузориҳо воқеӣ нестанд.

Торговля на барахолке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Маълум нест, ки чӣ аст: кори "вирускуш" – и ҷопонӣ ба прокуратураву КДАМ рафт - акс

“Маълум шуд, ки тоҷирону фурӯшандагон аз рӯи қурби 1 доллар 11 сомонӣ моли худро ҳисобу китоб кардаанд ва боло бурдани нархҳо асоснок намебошад. Ҳоло захираҳои давлатӣ ба бозор бароварда шуданд, ҳудуди 250 ҳазор тон хӯрока бо талошҳои худи ҳукумат низ вориди ҷумҳурӣ мешавад. Масъалаи конвертатсияи пули миллӣ ба асъори хориҷӣ низ ҳалли худро ёфт. Дигар баҳонае барои боло бурдани нархҳо боқӣ намемонад”, - гуфт ин манбаъ.

Маводи ғизоӣ ҳудуди 30 дарсади воридоти Тоҷикистонро ташкил мекунад, ки қисмати умдаи онро орду гандум, шакар ва равғани растанӣ ташкил мекунанд.

Ин ва дигар мавод асосан аз Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Белорус, Украина ва Покистон ворид мешаванд. Бино ба иттилои расонаҳои хориҷӣ, тайи як моҳи ахир маводи ғизоӣ на фақат дар ин кишварҳо, балки тамоми ҷаҳон қимат шудааст. Масалан, дар Покистон, кишвари содиркунанда, нархи як кило шакар ба як доллар баробар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0