Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан

Раиси вилояти Хатлон аз ҷамъоварии барзиёди андоз хабар дод

610
(Таҷдидшуда 14:41 07.11.2020)
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода эълон кардааст, ки вилоят нисбат ба нақша 3 миллион сомонӣ зиёд ҷамъоварӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон дар вилоят иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,4 дарсад таъмин гардидааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ба буҷети кишвар 712 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр кардааст, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 бонкҳои вилоят барои тараққиёти соҳаҳои кишоварзӣ 241,8 миллион,  саноат, сохтмон ва нақлиёт 178 миллион, савдои яклухт ва чакана 141 миллион, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 4,3 миллион ва дигар соҳаҳо 113,3 миллион сомонӣ равона карданд, ки, дар маҷмӯъ, нисбат ба соли гузашта 33 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Хатлон вобаста ба таъсири пандемияи вируси корона ба иқтисоди вилоят таъкид доштааст, мақомот дар аввал ба ҳифзи саломатии мардум таваҷҷуҳ дорад

 “Албатта, авлавият ба ҳифзи саломатии мардум дода мешуд, зеро ҳар қадар аҳолӣ камтар сирояту бемор шаванд, ҳамон андоза қувваи корӣ фаъол мемонад. Ва гумон мекунам, маҳз чунин стратегия омили муҳими пешравӣ дар аксар соҳаҳо гашт”, - қайд кардааст раиси вилояти Хатлон.

610
Барчаспҳо:
иҷроия, нақша, андоз, қурбон, Тоҷикистон, Хатлон

Аҳмадзода бо сохтмони тарабхонаи “Форел” шинос шуд

279
(Таҷдидшуда 19:00 03.12.2020)
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар тарабхонаи “Форел” шинос шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, тарабхонаи “Форел” дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Таъкид шудааст, ки ҳадафи сохтмон ҷалби сайёҳон, бахусус ҷаҳонгардони хориҷӣ буда, дар атрофи тарабхона ташкили мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла як шиногоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Манбаъ илова намуд, ки тарабхона аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, масоҳати он  960 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ба раиси вилоят иттилоъ дода шудаст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхонаи муосир то 30 нафар сокинон соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, истифодаи масолеҳи баландсифат, ороиши бино бо истифода аз унсурҳои миллӣ супоришҳо дод.

Қаблан шаҳрдори Хуҷанд бо сохтмони ин тарабхона шинос шуд. Он вақт хабар доданд, ки тарабхона то ҷашни Наврӯз ба истифода дода хоҳад шуд.

279
Барчаспҳо:
Суғд, шумораи ками тарабхона, сохтмон, Тоҷикистон
Линии электропередачи

Тоҷикистон аз фурӯши барқ ба хориҷ 50,2 миллион доллар гирифт

180
(Таҷдидшуда 14:21 03.12.2020)
Маблағи гирифтаи Тоҷикистон аз содироти нерӯи барқ ба хориҷа тайи даҳ моҳ дар муқоиса бо соли гузашта 43,5 дарсад коҳиш ёфт

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Даромади Тоҷикистон аз содироти нерӯи барқ дар 10 моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфт, хабар додааст "Авеста".

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, ҷумҳурӣ дар 10 моҳ аз содироти барқ 50,2 миллион доллар даромад гирифтаст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 39 миллион долллар ё худ 43,5% коҳиш ёфтааст.

Таъкид шудааст, ки Тоҷикистон аз январ то октябр ба Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон нерӯи барқ содир намудааст.

Дар маҷмӯъ аз аввали соли 2020  дар Тоҷикистон беш аз 16,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истҳесол шудааст, ки дар муқоиса бо 10 моҳи соли гузашта 5,1 дарсад кам мебошад. Беш аз 15 миллиард киловатт-соат дар нерӯгоҳҳои барқӣ ва ҳудуди 1,1 миллиард киловат – соат дар марказҳои барқу гармидиҳӣ тавлид шудааст.

180
Барчаспҳо:
иқтисод, барқ, Тоҷикистон
Люди в защитных костюмах проводят церемонию погребения человека умершего от COVID-19

Шӯрои уламо фатвои мурдаҳои бе намози ҷаноза гӯронидаро дод

2872
Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳолати ба қабр гузоштани майит бидуни хондани намози ҷаноза мусалмонон чи кор карда метавонанд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Шӯрои уламои Маркази  исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли як корбараш гуфтааст, ки дар ҳолати гӯронидани мурдае бидуни хондани намози ҷаноза чи кор метавон кард.

Усмон ном корбаре аз уламои Маркази исломии Тоҷикистон пурсидааст: агар нафаре аз касалии гузаранду фавтад, бе хондани намози ҷаноза гӯрониданаш ҷоиз аст.

"Шахсе, ки аз ягон бемории гузаранда, яъне аз вабо вафот мекунад ва ӯро ҷаноза намекунанд, барои майит ягон зарар дорад?", - навиштааст вай.

Дар посух Шуро роҳи адои ин намозро дар ҳолати зикргардида нишон додаанд.

Ба гуфтаи улумои дин, он намозро метавон пас аз гӯронидан дар сари қабр адо кард.

"Намози ҷаноза яке аз он ҳуқуқе аст, ки майит бар зиммаи дигар мусулмонон дорад. Бинобар ин, касе, ки бидуни ҷаноза дафн шуда бошад, бар сари қабраш намози ҷанозаи ў хонда мешавад", - омадааст дар посухи онҳо.

Пештар сокинони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ доштанд, нафарони дар пайи сироят аз коронавирус фавтидаро бе хондани намози ҷаноза ба қабр мегузоранд.

Ёдрас мешавем, Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри як иттилоия тафсилоти маросими дафни фавтидагон аз коронавирус - аз шустан то кафан кардану ҷаноза ва дар қабргузориро баён доштааст.

Намозҳои ҷаноза хатар доранд?: мақомоти Суғд аз сокинон хост дар намозҳо эҳтиёт намоянд

"Дини ислом дафн кардани шахси фавтидаро фарзи кифоя ҳукм кардааст, ки агар дар он чанд нафар иштирок кунанд, кофӣ аст. Бинобар ин, бо дарназардошти шароити кунунӣ намози ҷаноза дар назди қабристон ё ҷойҳои махсус бо иштироки теъдоди ками хешовандон ва дӯстони наздик хонда шавад, беҳтар аст. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дуо аз ҳар ҷо қабул мегардад. Бинобар ин, дигарон дар ҳаққи майит дуо кунанд, кифоя аст", - омадааст дар дастурамали кумита.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи на камтар аз 2 метр аз тобут меистад.

Муфтиёт дастурамал барои ҷаноза ва маросими дафни фавтидагон аз коронавирусро таҳия кард

 

2872