Курицы

Гароншавии нархи тухм ва шарҳи сабаб: аз пиршавии мурғҳо то ҷаҳиши доллар ва хоҳиши ҳамсоя

1215
(Таҷдидшуда 22:54 10.11.2020)
Нархи тухми мурғ тайи як ҳафтаи охир дар бозорҳои Суғд то 25 дарсад баланд шуда, ба 1 сомонию 20 дирам баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. То як ҳафтаи пеш як дона тухм ҳамагӣ 0, 90 сомонӣ қимат дошт, вале ҳоло ба 1, 2 сомонӣ дакка хӯрдааст.

Марҳабо Шокирова, аз фурӯшандаҳои бозори “Панҷшанбе” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як ҳафта ба ин ҷониб мурғпарварон тухмро бо нархномаи нав ба онҳо дастрас мекунанд.

“Пештар тухмро 0,80 ва 0,88 сомонӣ дастрас мекарданд ва мо аз 6 то 10 дирам болои ҳар як донаи он зам карда мефурӯхтем. Ҳоло як қуттӣ ё худ “флейка”-ро, ки 30 дона тухм дорад, 32 - 34 сомонӣ медиҳанд”, - гуфт фурӯшанда.

Дар вилояти Суғд ҳудуди 130 фермаи мурғпарварӣ мавҷуд аст ва аз ҷониби онҳо давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 487 милион дона тухм истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ бештар аз 160 милион дона тухм зиёд шумурда мешавад. Дар ин давра парвариши мурғ ҳам ба 1, 4 милион сар афзуда, ҷамъи саршумори он ба 5 миллион сар баробар шудааст.

Як соҳибкор ва муассиси яке аз фермаҳои мурғпарварӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон баланд шудани нархи тухмро шарҳ дод, ки аз чанд омил вобаста аст.

“Бештар аз 90 %-и хӯроки мурғ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад ва дар шароити баланд шудани қурби доллар, он бо қиммати бештар мерасад. Чизи дигар ин аст, ки дар пайи хуруҷи бемории “вабои мурғ” қариб даҳ ҳазор сар мурғи тухмдеҳ дар вилоят кам шудааст, ки дар натиҷа ба истеҳсоли камшавии тухм дар вилоят боис гардидааст”, - гуфт соҳибкори мурғпарвар.

Масъулони Сарраёсати кишоварзии Суғд гуфтанд, ки аз вазъи бавуҷудомада огоҳ ҳастанд ва ҳоло бо масъулони фермаҳои мурғпарварӣ ҷиҳати нигоҳ доштани суръати истеҳсоли тухм дар гуфтушунид ҳастанд.

Мақомдор: “мурғҳо пир шудаанд”

Маъруф Шарифиён, мудири шуъбаи чорводории Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар баъзе аз корхонаҳои паррандапарварӣ, ҷараёни иваз намудани ҷойи мурғҳои пир бо чӯҷаҳои хушзот идома дорад.

“Тибқи меъёри истеҳсолӣ мурғ аз 18 то 20-моҳагӣ тухм мекунад, солаш аз ин ки боло рафт, алакай пир ҳисоб мешавад ва тухмкуниаш ҳам суст мешавад. Дар шароити корхонаҳо парвариш ёфтани ин гуна мурғҳо манфиатовар намебошад. Ҳоло дар баъзе аз корхонаҳои мурғпарварӣ бо сабаби кам шудани нақшаи истеҳсоли тухм, мурғҳои пирро забҳ намуда ба ҷойи онҳо чӯҷа ворид карда истодаанд, ки боз ҳам нақшаи истеҳсолотро бештар кунанд”, - тавзеҳ дод Шарифиён.

Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2018 содироти тухми мурғ ба хориҷ ва воридоти онро ба кишвар манъ карда дар ин баробар корхонаҳои парвариш ва истеҳсоли хӯроки паррандаро аз ҳама намуди пардохтҳои андозӣ озод намуд.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, тайи 9 моҳи соли равон дар кишвар 761 миллион дона тухми мурғ тавлид шудааст, ки дар қиёс бо кулли соли 2019,  257 миллион дона зиёд аст.

Чанде пеш мақомоти кишвар гуфтанд, тоҷирони Ӯзбекистону Қирғизистон хостори хариди тухм аз Тоҷикистон шудаанд, аммо ба далели бароварда нашудани талаботи бозори истеъмолии кишвар, чунин додугирифт дар ҳоли ҳозир рад шудааст.

1215
Барчаспҳо:
тухми мурғ, Тоҷикистон
Пресс-конференция председателя Комитета гражданских инициатив Алексея Кудрина

Кудрин коҳиши рушди иқтисоди Русия ва афзоиши камбизотиро пешгӯӣ кард

104
(Таҷдидшуда 14:58 28.11.2020)
Роҳбари Палатаи ҳисоби Русия коҳиши рушди иқтисодиёти кишварро пешгӯӣ кард, ки афзоиши камбизоатиро дар пай хоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Уфти иқтисоди Русия назар ба оне ки пешгӯӣ мешавад, бештар хоҳад буд, изҳор дошт Алексей Кудрин, роҳбари Палатаи ҳисоб зимни Анҷумани умумимиллии Русия.

Ӯ таъкид кард, ки уфти пешгӯишаванда назар ба кишварҳои Аврупо камтар мебошад, аммо нисбати рақамҳое, ки дар назар дошта шудаанд, зиёдтар хоҳад буд.

“Иқтисоди Аврупо ба андозаи 8 дарсад, ҳатто қариб 9 дарсад кам хоҳад шуд. Дар мо тавре омори расмӣ мегӯяд, ба андозаи 3,9 дарсади ММД коҳиш хоҳад ёфт. Аммо ман фикр мекунам, ки уфт бештар аз 4 дарсад, ҳатто 4,5 фоиз хоҳад шуд”, - гуфт Кудрин.

Ба гуфтаи роҳбари Палатаи ҳисоб, мушкили асосӣ дар он аст, ки дар пайи уфти иқтисод сифати зиндагии шаҳрвандон бадтар хоҳад шуд. Поинравии сифати зиндагии шаҳрвандон бо нишондоди чандсола дар маҷмуъ ҳамвазн хоҳад буд.  Ӯ афзудааст, ки теъдоди шаҳрвандони ниёзманд дар Русия афзоиш хоҳад ёфт.

“Тақрибан ба миллион нафар шумораи камбизоатҳо дар мо афзоиш хоҳад ёфт”, - илова намуд Кудрин.

Вай муътақид аст, ки пандемияи коронавирус ва дигар омилҳо имкони барқарорсозии фаврии иқтисодро нахоҳанд дод ва ин ба он маъност, ки давлат  бояд захираҳои бештарро барои дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа равона кунад.

104
Барчаспҳо:
афзоиш, сатҳи камбизоатӣ, Русия
Глава Нацбанка Таджикистана Хоким Холикзода

Раиси наву ваъдаи нав: Бонки миллӣ нархҳоро дар бозори дохилӣ устувор нигаҳдорӣ хоҳад кард

1209
(Таҷдидшуда 13:19 27.11.2020)
Ахиран дар парлумони Тоҷикистон санади Дурнамои сиёсати пуливу қарзии ҷумҳурӣ барои соли 2021 ва дар давраи миёнамуҳлат қабул гардид

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Зимни баррасии ин санад Ҳоким Холиқзода, раиси тозатаъйини Бонки миллии Тоҷикистон қайд кард, ки ҳадафи аслии Бонки миллӣ дар таҳияи ин санад дар нигаҳдории нархҳо дар бозори дохилии истеъмолӣ дар сатҳи устувор ифода меёбад, иттилоъ додааст дафтраи матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.

Ба гуфтаи Холиқзода, он тавассути истифодаи механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ барои пешгирии фишороварии омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо амалӣ мегардад.

Вай илова кардааст, ки идомаи ислоҳот дар самти тақвияти сиёсати пулию қарзӣ бо мақсади нигоҳдории сатҳи таваррум пешбинӣ шудааст, ки барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сандаи қабулшуда шарҳи мухтасари вазъи молиявӣ-иқтисодӣ ва сиёсати пуливу қарзиро дар соли 2021 дар бар мегирад. Ҳамчунин он аз нишондиҳандаи мақсаднок ва татбиқи механизму абзори сиёсати пуливу қарзии кишвар дар соли 2021 ва дар давраи миёнамуҳлат иборат аст.

Бояд гуфт, ки тибқи иттилои Ожонсии омори Тоҷикистон дар ин давра нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ 9,6%, маҳсулоти ғайриозуқа - 4,4% ва хизматрасониҳои пулакӣ - 3,6% боло рафтанд.

Ёдрас мешавем, ки Ҳоким Холиқзода як ҳафта пеш ба ҷойи раиси пешин Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси БМТ таъин шуд. То ин дам ӯ ба ҳайси муовини раиси Бонки миллӣ кор мекард.

1209
Барчаспҳо:
мубориза, нарх, ваъда, Дурнамои нав, санад, Бонки миллӣ, Тоҷикистон
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон

Фирӯза Шарифӣ номзади илм шуд

0
(Таҷдидшуда 13:04 30.11.2020)
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, бар асоси қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, унвони номзади илмро гирифт

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik.  Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи ҳукумати Хатлон, хабар додааст, ки Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гирифтааст ва дар идома ӯро шодбош гуфтааст.

Шарифӣ, ки аз соли 2016 то баҳори соли равон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, бо дар мувофиқа бо раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси Хатлон таъйин шуда буд.

Бар асоси ҳолнома, Шарифӣ 6 октябри соли 1973 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Оиладор, модари як фарзанд мебошад.

Дар тарҷумаи ҳол таъкид шудааст, ки солҳои 1995, 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои филологи тоҷик ва иқтисодчӣ хатм намудааст. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Бо мукофотҳои давлатию соҳавӣ, аз ҷумла Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) ва Ифтихорномаи раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2014) сарфароз гардонида шудааст.

Фирӯза Шарифӣ тӯли солҳои гуногун ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, ҳамзамон раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

0
Барчаспҳо:
номзадҳо, илм, Тоҷикистон