Сомони и рубли, архивное фото

Аз болоравии рублу доллар ва евро то коҳиши сомонӣ: арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон

748
(Таҷдидшуда 01:42 12.11.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 12 ноябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1446 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.2978 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1447 то 0.1500 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1475 то 0,1500 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1480 то 0.1520 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1480 то 0,1515 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дар Тоҷикистон қурби доллару рубл якбора баланд шуд: чаро?

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

748

Қурби астъор: Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

374
(Таҷдидшуда 12:07 01.12.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 1-уми декабр эълон кард

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1472 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.5566 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1477 то 0.1500 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1480 то 0,1505 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1480 то 0.1515 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1480 то 0,1515 сомонӣ нишон дода шудааст.

Раиси наву ваъдаи нав: Бонки миллӣ нархҳоро дар бозори дохилӣ устувор нигаҳдорӣ хоҳад кард

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

374
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки миллӣ, Тоҷикистон
Мясо на рынке, архивное фото

Ҷӯҷа ба ҷои гов: чӣ тавр манъсозии қирғизҳоро ба фоидаи тоҷикон бояд табдил дод?

1036
(Таҷдидшуда 19:56 30.11.2020)
Қарори Бишкек барои манъи содироти чорво метавонад бо афзоиши нарх дар бозори гӯшти Тоҷикистон анҷомад, аммо аз ҷониби дигар барои рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда мусоидат мекунад

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Қирғизистон содироти чорво ба кишварҳои ҳамсоя, ки узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нестанд – ба Тоҷикистону Ӯзбекистон, мамнӯъ кард.

Аз ҷумла содироти чорвои калони шохдор, бузу гӯсфанд, аспҳо, мурғҳои хонагӣ ва баъзе маҳсулоти дигар манъ гардид.

Ташаббускори ин иқдом, Вазорати кишоварзии Қирғизистон, тавзеҳ дод, ки модоме дар худи кишвар камбуди гӯшт ҷой дорад, содироти чорво мамнӯъ шуд.

“Имсол мо дар муқоиса бо соли гузашта 12 баробар бештар чорво содир кардем. Агар соли гузашта 718 сар чорвои калони шохдор ба хориҷ фурӯхтем, имсол он ба 8415 сар расидааст. Асосан ба хориҷ чорвои модина фурӯхта мешавад. Агар мо фурӯшро идома диҳем, аз оянда мемонем”, - изҳор дошт Тилек Токтогазиев.

Мақомоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, ки баъди ҷорӣ кардани чунин маҳдудият дар Қазоқистон, тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба хариди чорво аз Қирғизистон оғоз карданд, ки дар натиҷа қочоқ аз ҳарду ҷониб афзоиш ёфт.

“Бисёри миёнаравҳо аз вазъият истифода бурда, сунъӣ нархро боло бурданд”, - таъкид шудааст дар иттилоияи Хадамоти зиддиинҳисории Қирғизистон.

Ин тасмими мақомоти Қирғизистон зарба ба истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, чун афзоиши нархи гӯшту маҳсулоти ширӣ дар ин кишвар идома дорад ва оҳиста-оҳиста гӯшти гов қариб ба ғизои нодиру гарон – деликатес табдил ёфта истодааст.

Аммо дар худи Қирғизистон низ на ҳама аз ин маҳдудият хурсанданд. Чорводорон ва содироткунандагон бо як овоз изҳор медоранд, ки ин маҳдудият ҳеч мушкилеро ҳал намесозад ва танҳо бар зарари соҳибкорони маҳаллӣ мебошад.

Ленара Ниёзбекова, роҳбари Ассотсиатсияи содироту воридкунандагони "Кирғизленда", мегӯяд, маҳдудиятҳо камаш ним сол давом хоҳанд кард ва таъсири хубе ба гардиши мол бо ҳамсояҳо нахоҳанд дошт.

“Аз нуқтаи назари мантиқ, на сиёсат, ин албатта тасмими шитобзада буд. Мо кишвари кишоварзием ва фурӯши чорво аз омилҳои асосии иқтисод мебошад. Барои ин миёни чорводорон бархе эродҳо нисбати ин иқдом ҷой доранд, ки имкон намедиҳад Тоҷикистону Ӯзбекистон чорворо аз Қирғизистон харид намоянд ва дар натиҷа аз ҳарду ҷониб қочоқ афзоиш меёбад”, - изҳор дошт Ниёзбекова.

Ба гуфтаи ӯ, маҳдудиятҳо танҳо камбуди мол дар бозорҳои ҳамсояро ба вуҷуд меорад ва дар натиҷа миёнаравҳо бо ҳадафи гирифтани даромади бештар масирҳои қочоқиро аз худ хоҳанд кард. Нақзи қонунҳо онҳоро наметарсонад, чун нафси гирифтани фоида боло мегирад ва аз қудратиҳо дар сарҳад метавонанд осон бо пардохти пора халос шаванд.

Дар баробари истеъмолкунандагони тоҷикистонӣ, аз маҳдудияти содироти чорво инчунин чорводорони наздисарҳадӣ зарар мебинанд, ки тиҷораташон дар заминаи додугирифт бо ҳамсояҳо роҳандозӣ шудаст.

“Агар Қирғизистон ба далели камбуди мол дар бозори худ, содиротро манъ кардааст, бармеояд, далелҳои ҷиддие вуҷуд доранд. Аммо аз нуқтаи назари таҷрибаи ҷаҳонӣ, ин нишонаи хуб нест ва хилофи талошҳои ҷаҳонӣ барои тиҷорати озод мебошад”, - таъкид кард доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ ноиби вазири хоҷагии қишлоқи Русия, Леонид Холод.

Ба гуфтаи ӯ, барои бисёри чорводорон фурӯши молашон ба хориҷи кишвар муфидтар аст, на дар дохил. Агар дар Тоҷикистон мардум аз камбуди гӯшт гила доранд, дар Қирғизистон норозигӣ аз мақомот аст, ки бидуни фароҳам кардани бозори алтернативӣ содироти чорворо мамнӯъ кардаанд.

Дар худи Тоҷикистон баъди маҳдудият дар навоҳии наздимарзӣ маҳсулоти ширию гӯштӣ боз гаронтар хоҳад шуд ва мардум барои гӯшти гов ҷойгузин ҷустуҷӯ хоҳанд кард.

“Ҳозир нархи як кило метавонад то 65-75 сомонӣ расад, ки ҳудуди 7 доллар мебошад. Ин хеле қимат аст ва ба наздикӣ мардум хариди гӯшти говро бас хоҳанд кард. Ҳукумат аз ин огоҳ аст ва мақомот бархе иқдом барои таъмини амнияти озуқавориро пешниҳод карданд. Яке аз стратегияҳо парвариши паранда мебошад, ки навъҳои дигари гӯштро иваз мекунад. Аз бахши соҳибкорӣ бештар даъват карда мешавад, корхонаҳои парандапарварӣ кушоянд, имтиёзҳо ваъда мекунанд”,  - гуфт ба Sputnik Тоҷикистон коршинос, Тилав Расулзода.

Миёни чунин сабукиҳо аз ҷумла лағви боҷи гумрукӣ зимни воридоти хӯрока ва таҷҳизот мебошад.

Дар маҷмуъ азми иваз кардани як навъи гӯшт бо дигар, барои ҳалли масъалаи ғизо дар Тоҷикистон воқеӣ ва самаранок менамояд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Исполнительный орган государственной власти Согдийской области

“Парандапарварӣ воқеан тезтар аз истеҳсолоти дигари гӯштӣ рушд мекунад. Чунин тиҷорат сармоягузории нисбатан бузурги аввалияро талаб мекунад, аммо даври гардиши сармоягузорӣ дар қиёс бо парвариши чорвои калон ба маротиб кам мебошад. Чарогоҳ зарур нест, ин истеҳсолоти шакли саноатӣ мебошад, танҳо бино, ҷой барои ҷӯҷаҳо ва ғизо зарур аст”, - таъкид кард Леонид Холод.

Маврид ба қайд аст, ки солҳои охир дар пасманзари камбуду гаронии гӯшт мушкили сифати гӯшт низ пайдо шуд.

Аз ҷумла Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон, тобистони соли равон гуфт, ки тайи нимсолаи аввал аз гардиш ҳудуди 33,8 тонна гӯшти ғайристандартӣ гирифта ва нобуд карда шуд. Инчунин дар 500 гов бемории буғумдард ё худ брутселёз ошкор карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол дар Бишкек иқдоми Вазорати кишоварзӣ барои манъи содироти чорворо сахт интиқод карданд.

Вакили парлумон, Бейшенали Нурдинов мегӯяд, бо маҳдудиятҳо наметавон вазъи нархи гӯштро муътадил сохт. Ӯ бо он далел, ки чорво моли хоҷагидорон аст, на аз давлат, талаб кард, ки маҳдудиятҳо бекор карда шаванд.

“Оё аз чорвои модина метавонад ояндаи Қирғизистон вобаста бошад? Манъ кардан осон аст, аммо худатон як баста алаф намедиҳед. Ё шумо ба чорводорон сабукию имтиёзҳо медиҳед?”, - изҳор дошт ба ҷонибдорӣ аз вакил, ноиби парлумони Қирғизистон, Мирлан Боқиров.

1036
Барчаспҳо:
воридоти гӯшт, гӯшти мурғ, гӯшт, нарх, содирот, манъ, қарор, гов, фоида, Қирғизистон, Тоҷикистон
Хонандагони мактаб

Соҳибкоре дар дурдасттарин деҳаи Мастчоҳ бинои нави таълимӣ бунёд кард

0
(Таҷдидшуда 19:59 01.12.2020)
Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло зимни ифтитоҳи мактаб ба соҳибкор, роҳбари ҶДММ "Роҳи Сомон" Амонов Фаррух барои бунёди бинои нав изҳори сипос намуд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бинои нави мактаби №18-и деҳаи Деҳҳавзи Ҷамоати деҳоти Лангар ба баҳрабардорӣ расид.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, ин иншоот аз ҷониби соҳибкор Фаррух Амонов бунёд гардидааст. 

"Бинои нави таълимӣ дорои 6 синфхона бо 110 ҷойи нишаст ва 2 ҳуҷраи корӣ барои омўзгорон буда, бо тамоми таҷҳизот таъмин гардидааст", - омадааст дар хабарнома.

Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло зимни ифтитоҳи мактаб, аз сиёсати маорифпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба соҳибкор, роҳбари ҶДММ "Роҳи Сомон" Амонов Фаррух барои бунёди бинои нав изҳори сипос намудааст.

Хушхабар: Хайрхоҳе мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди Рӯшонро аз нав месозад-видео

Деҳҳавз яке аз дурдастарин деҳаҳои ноҳияи Куҳистони Масчтоҳ буда, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лангар қарор дорад.

Манбаъ афзуда, ки бинои нави мактаб дар доираи бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохта шудааст.

0
Барчаспҳо:
нав, бунёд, мактаб, Мастчоҳ