Национальный банк Таджикистана

Идомаи болоравӣ: Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

994
(Таҷдидшуда 11:21 16.11.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз душанбе аввали ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1449 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.3510 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1447 то 0.1500 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1460 то 0,1485 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 146 то 148 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1460 то 0,1495 сомонӣ нишон дода шудааст.

Қурби доллар боз боло рафт: сабаб дар чист?

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

 

994
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки миллӣ, Тоҷикистон
Сомони и доллары, архивное фото

Беқурбшавии сомонӣ дар Тоҷикистон идома меёбад: қурби доллар боз боло меравад

221
(Таҷдидшуда 18:45 26.11.2020)
Тибқи таҳлилу дурнамои Бонки рушди АвруОсиё пули миллии Тоҷикистон аз таъсири пандемияи вируси корона ба зуди ба худ намеояд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. То моҳи ноябри соли равон пули миллии Тоҷикистон дар нисбат  ба доллари амрикоӣ дар қиёс ба 31 декабри соли 2019 16 дарсад коҳиш ёфтааст, гуфта шудааст дар гузориши Бонки рушди АвруОсиё.

Ҳар ду даври беқурбшавии сомонӣ ба авҷи паҳншавии вируси корона дар моҳи март ва ноябр рабт дода мешавад.

Тибқи гузориши Бонки рушди АвруОсиё ислоҳи қурбӣ имкон дод қурби сомониро дар шароити камшавии интиқоли пул ва коҳиш ёфтани сармоягузориҳои мустақим ба кишвар ба нишондиҳандаҳои сатҳи асоснок фундаменталӣ наздик кард.

Дар ҳамин ҳол, Бонки рушди АвруОсиё пешгӯи кардааст, ки беқурбшавии пули милллии Тоҷикистон  дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Дар сурате, ки агар пандемия коронавирус ба иқтисоди ҷаҳон таъсирҳои дигар нарасонад тибқи гузориши Бонк ин раванди беқурбшавӣ дар соли 2021 ва 2022 идома хоҳад ёфт.

221
Барчаспҳо:
таъсир, қурб, сомонӣ, пули миллӣ, Тоҷикистон
График роста, архивное фото

Бонки рушди АвруОсиё: ММД-и Тоҷикистон баъд аз пандемия дар соли 2022 барқарор мешавад

28
(Таҷдидшуда 17:06 26.11.2020)
Тибқи дурнамои коршиносони Бонки рушди АвруОсиё нишондиҳандаҳои ММД-и Тоҷикистон пас аз натиҷаҳои пандемияи вируси корона ба зудӣ барқарор намешавад

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар шароити пандемияи вируси корона аз моҳи январ то сенябри соли равон коҳиш ёфта, ҳамагӣ ба 4,2 дарсад расидааст, омадааст дар гузориши Бонки рушди АвруОсиё.

Бештар аз пандемия ба бахши ғайриистеҳсолӣ ва камтар ба бахши саноат таъсир расонда шудааст.

Рушди иқтисоди Тоҷикистон аз таъсири манфии пандемияи вируси корона ва ҷараёни барқароршавии он дар солҳои 2021 ва 2022 муайян хоҳад шуд.   

Гуфта шудааст, ки дар сурати шароити мусбат Тоҷикистон метавонад комилан суръати рушди ММД-и худро, ки дар соли 2019 ба 7,5 дарсад расида буд, дар соли 2022 барқарор кунад.

Вазир: қарзи давлатии Тоҷикистон ба беш аз 43 дарсади ММД расид

Хавфи бадшавии рушди иқтисодии Тоҷикистон нисбат ба дурнамои заминавӣ ҳануз баланд арзёбӣ мешавад. Агар пандемия идома ёбад, нишондиҳандаҳои ММД-и Тоҷикистон дар сенария заминавӣ зикршуда метавонад аз нишондиҳандаҳои пешбинишуда боз ҳам камтар бошад.

 

28
Барчаспҳо:
рушд, иқтисод, Бонк, Тоҷикистон
тренер Хаким Фузайлов, архивное фото

"Хуҷанд" созишнома бо Фузайловро тамдид намекунад: Лазаревичро баргардонданист

0
(Таҷдидшуда 20:41 26.11.2020)
Роҳбарияти бошгоҳи "Хуҷанд" созишнома бо сармураббии даста, Ҳаким Фузайловро тамдид нахоҳад кард ва ният дорад мураббии пешинро ҷалб намояд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Муҳлати созишномаи бошгоҳи “Хуҷанд” бо Ҳаким Фузайлов охири соли равон анҷом меёбад. Раёсати бошгоҳ нияти тамдиди созишномаро надошта, мехоҳад сармураббии қаблиро ба даста биёрад.

Фузайлов моҳи июли соли равон дар мақоми сармураббии “Хуҷанд” Никол Лазаревич аз Сербияро иваз кард, ки баъди сафар ба Ватан ба далели пандемия натавонист ба Тоҷикистон баргардад.  Бошгоҳи “Хуҷанд” акнун мехоҳад, ки кор бо Лазаревичро идома диҳад.

Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқанд оғоз кардааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар “Ростов” ва “Локомотив”-и Маскав мураббии селексионер буд.

Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти “Локомотив”  Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин карда шуд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.

Ӯ ҳамчунин тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои “Истиқлол” ва “Куктош” –ро тамрин дода, аввали моҳи июл вазифаи сармураббии бошгоҳи “Каганат”-и Қирғизистонро тарк карду бо дастаи “Хуҷанд” пайваст.  

Ҳаким Фузайлов дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи PRO мебошад.

0