Завқизода: сатҳи камбизоатӣ дар 20-сол аз 83 дарсад то ба 26 дарсад коҳиш ёфт

© Пресс-служба Минэкономразвития и торговли ртМинистр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар як ҷамъомади тантанавӣ аз пешравиҳо ва поин овардани сатҳи камбизоати дар ҷумҳурӣ гуфтааст

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik.  Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар як ҷамъомади тантанавӣ бо ҳайати кормандони вазорат бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таъкид доштааст, ки пешрафти босуботи иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум дар заминаи фароҳам овардани низоми иқтисоди бозаргонӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, хусусан, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногун таъмин гардидааст.

Кандидат политических наук из Таджикистана Бахри Бахриев - Sputnik Тоҷикистон
Баҳрӣ Баҳриев: дар пайи пандемия дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ боло меравад

Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ барои солҳои 2016-2020 ва дар маҷмӯъ 187 стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди иҷро қарор доранд.

Вай ҳамзамон қайд кардааст, ки ҳаҷми ММД аз 1,7 миллиард сомонии соли 2000 то 77,4 млрд. сомонӣ дар соли 2019, яъне 45,5 маротиба зиёд шуд. ММД ба ҳар сари аҳолӣ 29 маротиба (аз 288,7 сомонӣ то 8388 сомонӣ) афзоиш ёфт.

“Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 2000 то ба 26,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш ёфт”, - таъкид дошт Завқизода.

Ҳамзамон вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон зикр кард, ки даромади пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонии соли 2000 то 48 миллиард дар соли 2019 (яъне 48 баробар) ва музди меҳнати миёнаи як корманд аз 15,6 сомонӣ то 1335 сомонӣ (яъне 85,6 баробар) афзоиш ёфтааст.  

Даромади Буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонии соли 2000 то 23,5 миллиард сомонӣ дар соли 2019 ё 78,3 маротиба афзоиш ёфт.

Лентаи хабарҳо
0