Денежные купюры.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

590
(Таҷдидшуда 09:39 18.11.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 18 ноябр эълон кард

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1473 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.4255 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1447 то 0.1500 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1480 то 0,1505 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 148 то 149 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1480 то 0,1510 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

590
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки миллӣ, Тоҷикистон
Сомони и доллары, архивное фото

Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 2 миллион доллар афзоиш меёбад

84
(Таҷдидшуда 16:03 02.12.2020)
Маблағгузории Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли оянда 2 миллион доллар афзоиш хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар соли 2021 маблағҳое, ки ба Фонди Президент ҷудо хоҳанд шуд, 1,5 дарсади хароҷоти давлатиро ташкил хоҳанд дод, иттилоъ додааст рӯзномаи “Фараж”.

Ҳаҷми Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли 2021-ум 404 миллион сомонӣ (зиёда аз 38 млн доллар) аст.

Маблағгузории захиравии Фонди Президент дар соли оянда 1,5 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷаи давлатиро ташкил медиҳад. Маблағҳои Фонд барои чорабиниҳои хайриявии гуногун ва дигар хароҷот равона карда мешаванд.

Дар баробари ин, дар соли оянда зиёда аз 100 миллион сомонӣ барои Фонди ҳолатҳои фавқулоддаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сарф хоҳад шуд.

Манбаъ ёдовар шудааст, ки инчунин Фонди Пешвои Миллат аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешавад.

Ба ин Фонд маблағ дар ҳаҷми 0,2 фоиз аз ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ интиқол дода мешавад. Тартиби истифодабарии маблағҳои Фондро худи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар муайян мекунад.

84
Барчаспҳо:
афзоиш, Фонди президенти Тоҷикистон, буҷа, Тоҷикистон
Руководитель Школы востоковедения факультета мировой экономики и мировой политики Национального исследовательского университета Высшая школа экономики (НИУ ВШЭ) Алексей Маслов

Коршинос гуфт, Фонди захиравии президент барои чӣ лозим аст

427
(Таҷдидшуда 13:09 02.12.2020)
Алексей Маслов, профессори факултаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонии Мактаби олии иқтисодӣ мегӯяд, ташкили Фонди захиравӣ нишон медиҳад, ки кишвар маблағ дорад

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Маблағгузории Фонди захиравии президентро дар соли 2021, ду миллион доллар бештар мекунанд, ки ин дар қиёс бо соли 2020 - 5,2% бештар аст.

Алексей Маслов, профессори факултаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонии Мактаби олии иқтисодӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ташкили Фонди захиравӣ барои кишварҳои пасошӯравӣ як падидаи муқаррарӣ аст. Ба гуфтаи коршинос, сарчашмаҳои даромад барои ин хазинаҳо бояд шаффофу дақиқ гуфта шаванд ва таъкид намуд, ки ташаккули чунин фондҳо аз ҳисоби андози шахсони воқеӣ чандон дуруст нест.

Иқтисоди пинҳонию боҷу аксизҳо: вазир гуфт, аз куҷо дар соли 2021 даромадро зиёд мекунанд?

"Бояд гуфта шавад, ки аз кадом даромад ба хазина пул ҷудо мешавад. Чун маблағгузории фонди президент аз ҳисоби андози шахсони воқеӣ нодуруст хоҳад буд", - қайд кард Маслов.

Ба гуфтаи ӯ, чунин фонд дар мисоли Русия аз ҳисоби маблағҳое, ​​ки аз фурӯши нафту газ ба даст омадаанд, ташкил карда мешавад ва дар мавриди харҷу дахли Ҳукумат тасмим мегирад. Дар Тоҷикистон шахсан президент ин корро анҷом медиҳад.

Амри Раҳмон: аз фонди Президент барои китобхонҳо бештар аз 1 миллион сомонӣ ҷудо шавад

Дар маҷмуъ Маслов таъкид намуд, ки барои Тоҷикистон таҳкими фонди захиравӣ дар пасманзари тағйирёбии тиҷорати хориҷӣ, нархи ноустувори газ ва нафт, афзоиши қарзи Тоҷикистон ва қарзҳояш аз Чин муҳим мебошад.

"Фонди захиравии Президент метавонад ба ҳайси фонди эътидол хизмат мекунад. Ин нишон медиҳад, ки хазинаи кишвар маблағ дорад", - афзуд коршинос.

Ба гуфти Маслов, мавҷудияти чунин манбаъҳо барои кишварҳои пасошӯравӣ хос аст.

427
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Фонди президенти Тоҷикистон, фонди захиравӣ, коршиносон

Новобаста аз пандемия: беҳтарин маконҳои сайёҳӣ дар гузориши аксӣ

0
(Таҷдидшуда 17:41 02.12.2020)
Дар замони пандемияи коронавирус сайёҳат кардан ғайри имкон аст, аммо метавон зеботарин ҷойҳои дунёро ба таври фосилавӣ тамошо кард

Ҳафтаи гузашта коршиносон соҳаи сайёҳӣ маконҳои беҳтарини гардишгариро миёни шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон муайян карданд.  

Дар ҷоизаи World Travel Awards 2020 ҷойҳои сайёҳии дар сатҳӣ ҷаҳонӣ ва дар сатҳи кишварро муаяйн карданд.

Тоҷикистон мутаасифона натавонист дар ин феҳрист роҳ ёбад аммо се ширкати се ширкати сайёҳии дохилии кишвар аз тарафи World Travel Awards 2020 ҷоиза ба даст оварданд.

Дар гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон беҳтарин маконҳои сайёҳӣ ҷамъоварӣ шудааст.

0
  • © Sputnik / Vladimir Astapkovich

    Мардуми шаҳри Маскав ва меҳмонони ин шаҳр ҳангоми ҷашни Соли нав дар майдони Манежи шаҳри Маскав

  • © Depositphotos / pomphotothailand.gmail.com

    Макони сайёҳӣ Sun World Fansipan Legend дар Ветнам

  • © Sputnik / Fayed El-Geziry

    Дар мамнӯъгоҳ "Масаи-Мара"- Кения сайёҳон жирафҳоро тамошо доранд

  • © Foto Pixabay / Viola '

    Киштии бузурги сайёҳӣ дар Ямайка

  • © Sputnik / Alexander Vilf

    Ҷавондухтар дар шаҳри Фуншал дар ҷазираи Мадейра

  • © Foto Pixabay / Scheidt

    Алпак дар кӯҳҳои Патагони Чили

  • © Sputnik / Natalia Seliverstova

    Навхонадорон дар соҳили баҳри ҷазираҳои Молдив аксбардорӣ доранд

  • © Foto Pixabay / Christophjkugler

    Тарабхонаи кӯчагӣ дар шаҳри Веронаи Итолиё

  • Минтақаи сайёҳии Pasarelas del Paiva дар Португал

  • © Sputnik / Alexei Danichev

    Гардишгарии лухтаки бузурги Петри I ҳангоми шабҳои сафед дар Санкт-Петербурги Русия дар арафаи Рӯзи шаҳр

  • © Sputnik / Alexey Kudenko

    Калисои Успенский Дар шаҳри Владимир

  • Пули тиллоӣ дар Ветнам

  • © CC BY 3.0 / Andrei Bobrovskiy / Unnamed Road, Saint Lucia

    Намои соҳили баҳр дар Сент-Люсии, Амрико

  • © Sputnik / Alexander Vilf

    Дар яке аз кӯчаҳои Лиссабон

  • © Foto Pixabay / Hans Schwarzkopf

    Макони сайёҳӣ дар шаҳри Маскати Уммон

  • © Sputnik / Natalia Seliverstova

    Сайёҳ дар соҳили баҳр дар ҷазираи Ла Диг (Ҷумҳурии ҷазираҳои Сейшел)

Барчаспҳо:
ҷаҳон, макон, сайёҳӣ, Кумитаи сайёҳӣ, Тоҷикистон