Сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

858
(Таҷдидшуда 09:37 19.11.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 19 ноябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1480  сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Пешгӯии коршиносон: қурби доллар ва рубл дар ноябр чанд хоҳад буд?

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.4018 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1480 то 0.1510 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.4018сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1480 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

858
Барчаспҳо:
сомонӣ, доллар, рубл, арзиш, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Сомони и доллары, архивное фото

Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 2 миллион доллар афзоиш меёбад

64
(Таҷдидшуда 16:03 02.12.2020)
Маблағгузории Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли оянда 2 миллион доллар афзоиш хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар соли 2021 маблағҳое, ки ба Фонди Президент ҷудо хоҳанд шуд, 1,5 дарсади хароҷоти давлатиро ташкил хоҳанд дод, иттилоъ додааст рӯзномаи “Фараж”.

Ҳаҷми Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли 2021-ум 404 миллион сомонӣ (зиёда аз 38 млн доллар) аст.

Маблағгузории захиравии Фонди Президент дар соли оянда 1,5 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷаи давлатиро ташкил медиҳад. Маблағҳои Фонд барои чорабиниҳои хайриявии гуногун ва дигар хароҷот равона карда мешаванд.

Дар баробари ин, дар соли оянда зиёда аз 100 миллион сомонӣ барои Фонди ҳолатҳои фавқулоддаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сарф хоҳад шуд.

Манбаъ ёдовар шудааст, ки инчунин Фонди Пешвои Миллат аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешавад.

Ба ин Фонд маблағ дар ҳаҷми 0,2 фоиз аз ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ интиқол дода мешавад. Тартиби истифодабарии маблағҳои Фондро худи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар муайян мекунад.

64
Барчаспҳо:
афзоиш, Фонди президенти Тоҷикистон, буҷа, Тоҷикистон
Руководитель Школы востоковедения факультета мировой экономики и мировой политики Национального исследовательского университета Высшая школа экономики (НИУ ВШЭ) Алексей Маслов

Коршинос гуфт, Фонди захиравии президент барои чӣ лозим аст

420
(Таҷдидшуда 13:09 02.12.2020)
Алексей Маслов, профессори факултаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонии Мактаби олии иқтисодӣ мегӯяд, ташкили Фонди захиравӣ нишон медиҳад, ки кишвар маблағ дорад

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Маблағгузории Фонди захиравии президентро дар соли 2021, ду миллион доллар бештар мекунанд, ки ин дар қиёс бо соли 2020 - 5,2% бештар аст.

Алексей Маслов, профессори факултаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонии Мактаби олии иқтисодӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ташкили Фонди захиравӣ барои кишварҳои пасошӯравӣ як падидаи муқаррарӣ аст. Ба гуфтаи коршинос, сарчашмаҳои даромад барои ин хазинаҳо бояд шаффофу дақиқ гуфта шаванд ва таъкид намуд, ки ташаккули чунин фондҳо аз ҳисоби андози шахсони воқеӣ чандон дуруст нест.

Иқтисоди пинҳонию боҷу аксизҳо: вазир гуфт, аз куҷо дар соли 2021 даромадро зиёд мекунанд?

"Бояд гуфта шавад, ки аз кадом даромад ба хазина пул ҷудо мешавад. Чун маблағгузории фонди президент аз ҳисоби андози шахсони воқеӣ нодуруст хоҳад буд", - қайд кард Маслов.

Ба гуфтаи ӯ, чунин фонд дар мисоли Русия аз ҳисоби маблағҳое, ​​ки аз фурӯши нафту газ ба даст омадаанд, ташкил карда мешавад ва дар мавриди харҷу дахли Ҳукумат тасмим мегирад. Дар Тоҷикистон шахсан президент ин корро анҷом медиҳад.

Амри Раҳмон: аз фонди Президент барои китобхонҳо бештар аз 1 миллион сомонӣ ҷудо шавад

Дар маҷмуъ Маслов таъкид намуд, ки барои Тоҷикистон таҳкими фонди захиравӣ дар пасманзари тағйирёбии тиҷорати хориҷӣ, нархи ноустувори газ ва нафт, афзоиши қарзи Тоҷикистон ва қарзҳояш аз Чин муҳим мебошад.

"Фонди захиравии Президент метавонад ба ҳайси фонди эътидол хизмат мекунад. Ин нишон медиҳад, ки хазинаи кишвар маблағ дорад", - афзуд коршинос.

Ба гуфти Маслов, мавҷудияти чунин манбаъҳо барои кишварҳои пасошӯравӣ хос аст.

420
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Фонди президенти Тоҷикистон, фонди захиравӣ, коршиносон
Дорога с машинами в Душанбе

Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад

0
(Таҷдидшуда 16:51 02.12.2020)
Ҳамчунин имрӯз дар Душанбе тарҳи қонунҳо оид ба ислоҳи қонунҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баррасӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад.

"Аз 31 декабри соли равон мутобиқи сархати сеюми моддаи 252-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар" ин матлаб зимни баргузории  ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир шуд, баён гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи мазкур дар баробари дигар лоиҳаҳои қонунҳо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди баррасии вакилон қарор гирифтааст.

Дар ҷаласа муовини вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмуродзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Ашуров  зикр намудаанд, ки лоиҳаи Қонун "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Иқтисоди пинҳонию боҷу аксизҳо: вазир гуфт, аз куҷо дар соли 2021 даромадро зиёд мекунанд?

Манбаъ афзуда, ки ин тарҳ бо мақсади тамдид намудани муҳлати амали андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард таҳия гардидааст.

Дар ҷаласа вакилон ҳамчунин тарҳи қонунҳо "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ",  "Оид ба ислоҳи Қонун "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ" ва "Оид ба ислоҳи Қонун "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" - ро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

0
Барчаспҳо:
роҳи мошингард, бекор кардан, андоз, Тоҷикистон