Чӯб, акс аз бойгонӣ

Ҳукми шаҳрванди Тоҷикистон барои қочоқи чӯб ба маблағи 100 миллион рубл

295
(Таҷдидшуда 20:31 20.11.2020)
Додгоҳи шаҳри Братск шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон ва Русияро барои қочоқи чӯб ба маблағи беш аз 100 миллион рубл ба 5 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 20 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳи шаҳри Братск, муттаҳам дар қочоқи чӯб дар ҳаҷми махсусан калон бо мақсади фурӯш гунаҳкор дониста шуд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки марди 34-сола ба ҳайати гуруҳи муташаккили ҷиноӣ шомил будааст, ки ба гирифтани даромади ғайриқонунӣ машғул будааст.

Манбаъ афзуд, ҳар бори қочоқи чӯб, бастаи ҳуҷҷатҳое ба мақомоти гумрук пешниҳод мешудаанд, ки дорои маълумоти бардурӯғ, аз ҷумла дар бораи манбаи пайдоиши чӯб будаанд.

Дар маҷмуъ ҳаҷми чӯби қочоқӣ беш аз 100 миллион рубл арзёбӣ мешавад.

Додгоҳ муттаҳамро ба муҳлати 5 сол аз озодӣ ва 1,5 сол аз ҳаққи машғул шудан ба додугирифти чӯб маҳрум карда, ба андозаи 400 ҳазор рубл ҷарима бастааст.

Эълони ҳукми зиндони Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб

Дар иттилоияи нашркардаи додгоҳ таъкид шудааст, ки ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда иқрори гуноҳ, пушаймонӣ, мусоидат барои кушодани ҷиноят ва муайян кардани иштирокдорони дигар, фарзандони хурдсол ва вазъи саломатӣ ба назар гирифта шудааст.

Назари маҳкумшуда ва ҷониби ҳимояаш феълан дар бораи ин қазия ва ҳукм маълум нест.

295
Барчаспҳо:
мухаддир, қочоқ, Русия
Денежные купюры.

Ҷаҳиши қурби рублу евро дар Тоҷикистон: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро ълон кард

39
(Таҷдидшуда 01:24 04.12.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 4-уми декабр эълон кард

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1483 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.7397 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1503 то 0.1494 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1500 то 0,1520 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1500 то 0.1530 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1530 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дурнамои норушан: долларро дар охири соли 2020 чӣ интизор аст

 

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

39

Аҳмадзода бо сохтмони тарабхонаи “Форел” шинос шуд

300
(Таҷдидшуда 19:00 03.12.2020)
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар тарабхонаи “Форел” шинос шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, тарабхонаи “Форел” дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Таъкид шудааст, ки ҳадафи сохтмон ҷалби сайёҳон, бахусус ҷаҳонгардони хориҷӣ буда, дар атрофи тарабхона ташкили мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла як шиногоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Манбаъ илова намуд, ки тарабхона аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, масоҳати он  960 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ба раиси вилоят иттилоъ дода шудаст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхонаи муосир то 30 нафар сокинон соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, истифодаи масолеҳи баландсифат, ороиши бино бо истифода аз унсурҳои миллӣ супоришҳо дод.

Қаблан шаҳрдори Хуҷанд бо сохтмони ин тарабхона шинос шуд. Он вақт хабар доданд, ки тарабхона то ҷашни Наврӯз ба истифода дода хоҳад шуд.

300
Барчаспҳо:
Суғд, шумораи ками тарабхона, сохтмон, Тоҷикистон