Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

Бонки миллӣ иҷозат дод: “Спитамен Суғурта” аз рӯи намудҳои муайян хизмат мерасонад

200
(Таҷдидшуда 13:34 21.11.2020)
Тибқи қарори раиси Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома ба “Спитамен Суғурта” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои муайян ба муҳлати 5 сол дода шуд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Раёсати Бонки милии Тоҷикистон ба ширкати “Спитамен Суғурта” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои муайян ба муҳлати 5 сол иҷозатнома додааст.

Дафтари матбуоти Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарори навбатиро санаи 19 ноябри соли равон, ба тасвиб расонд.

“Иҷозатнома мутобиқи моддаҳои 4 ва 34 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”, моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 54 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, ба имзо расидааст”, таъкид доштааст Бонки миллӣ.  

Гуфта шудааст, ки дар асоси ин қарор ба Ҷамъияти суғуртавии дорои масъулияти маҳдуди “Спитамен Суғурта” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои муайян ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Ҳамзамон Раёсати Бонки миллӣ, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор намудааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намоянд.

200
Барчаспҳо:
фаъолият, Спитамен, иҷозатнома, Тоҷикистон
День города в Душанбе

БАОР гуфт, Тоҷикистон аз ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чи фоида мебинад

289
(Таҷдидшуда 13:22 24.11.2020)
Коршиносони БАОР мегӯянд, афзоиши рушди иқтисодӣ, афзоиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ - чунин тағйирот Тоҷикистонро пас аз пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё интизор аст

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.  Вуруди эҳтимолии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсири назарраси мусбӣ мерасонад, иқтидори тиҷоратӣ ва сармоягузории онро нишон медиҳад, гуфта мешавад дар гузориши таҳлилии Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР).

"Афзалиятҳои асосии Тоҷикистон аз вуруди эҳтимолӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар се самт ошкор карда мешаванд: татбиқи афзалиятҳои бозори умумии меҳнати ИИАО, ифшои потенсиали тиҷоратӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тибқи ҳисобу китоби муаллифон, афзоиши суръати солонаи рушди иқтисоди Тоҷикистон метавонад то 3 банди фоизиро ташкил диҳад",- омадааст дар гузориш.

Ба гуфтаи таҳлилгарони БАОР, сатҳи баланди ҳамгироии кунунии тиҷорӣ бо давлатҳои ИИАО яке аз шартҳои асосии вуруди Тоҷикистон ба ассотсиатсияи интегратсионии АвруОсиё мебошад.

"Индекси аҳамияти тиҷорати мутақобила бо ӯ дар соли 2019 39% -ро ташкил дод - ин аз нишондиҳандаҳои бисёр аъзои ҷории иттиҳод баландтар аст", - гуфта мешавад, дар хабар.

Ҳамзамон, коршиносон таъкид мекунанд, ки омили асосии рушди Тоҷикистон дар сурати ҳамгироӣ бо ИИАО бартариҳои марбут ба иштироки он дар бозори ягонаи меҳнат хоҳад буд.

"Агар ҷумҳурӣ ба ИИАО ҳамроҳ шавад, тибқи маълумоти БАОР, метавон на танҳо интиқоли маблағҳои пулӣ, балки музди меҳнати муҳоҷиронро ба ҳисоби миёна то 10-30% афзоиш дод. Ҳамаи ин тағйиротҳо дар тӯли 5 соли пас аз пайвастан ба иттиҳод вуруди иловагии ҷамъшудаи воридоти пули нақд ба кишварро дар ҳаҷми 1,3-1,5 миллиард доллар фароҳам меорад ",-гуфта мешавад дар гузориш.

Вазири иқтисод: паҳлӯҳои мусбату манфии узвият ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё меомӯзем

Инчунин вуруди эҳтимолии Тоҷикистон ба ИИАО дар давраи миёнамӯҳлат ба соддагардонии қоидаҳои пешбурди тиҷорат ва фароҳам овардани шароити мусоид дар ҷумҳурӣ барои ҷалби сармояи мустақим мусоидат мекунад.

"Таъсири пайвастани эҳтимолии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои бартараф ё кам кардани маҳдудиятҳои сохторӣ ба қадри имкон пурратар амалӣ хоҳад шуд. Инҳо масъалаҳои низоми мусоиди институтсионалӣ, роҳҳои нақлиёт, таъмини дастрасӣ ба бозорҳо ва рушди маҷмӯи обу энергетикаро дар бар мегиранд ",- гуфт Евгений Винокуров, сариқтисодчии БАОР.

Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО инчунин ба ҳадафҳои суботи макроиқтисодӣ мусоидат мекунад: таваррум дар сатҳи 5% ба эътидол оварда мешавад ва сатҳи қарз нисбати ММД 5-8 банди фоизӣ коҳиш меёбад.

Зубетс гуфт, Тоҷикистон аз ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чи фоида мебинад

БАОР созмони байналмилалии молиявист, ки Русия ва Қазоқистон моҳи январи соли 2006 бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисоди бозории давлатҳои узв, рушди устувори иқтисодии онҳо ва тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии мутақобила таъсис додаанд. БАОР инчунин Арманистон, Белорус, Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар бар мегирад.

289
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, даромад, рушд, иқтисод, фоида, пайвастан ба ИИАО, Тоҷикистон
Сомони и рубли, архивное фото

Аз болоравии рублу доллар ва евро то уфти сомонӣ: эълони қурби асъор

481
(Таҷдидшуда 11:03 24.11.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 24 ноябр эълон кард

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1472 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.4567 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1480 то 0.1500 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1485 то 0,1505 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1485 то 0.1510 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1485 то 0,1515 сомонӣ нишон дода шудааст.

Пешгӯии коршиносон: қурби доллар ва рубл дар ноябр чанд хоҳад буд?

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

481
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Асозода Дилшод Алимурод глава города Нурек  посетил ветерана ВОВ  Гулов Малах

Мақомоти шаҳри Норак ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ хона сохт

0
(Таҷдидшуда 19:28 24.11.2020)
Мақомоти шаҳри Норак эълон кардааст, ки ахиран ба Гулов Малах, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра сохта тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари маӣбуоти раиси шаҳри Норак ахиран раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулов Малах рафт.

Раиси шаҳри Норак бо вазъи зисту зиндагонии пири хирад Гулов Малах ошно гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо ташаббуси мақомоти шаҳр манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра, ошхона барои аҳли оилаи Гулов Малах сохта, ба истифодаи онҳо супорида шуд.

Ҳамзамон раиси шаҳри Норак барои мавсими зимистонгузаронӣ ба иштирокчии ҶБВ маблағи пулӣ тақдим кардааст.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

0
Барчаспҳо:
ҶБВ, куҳансарбоз, собиқадорон, Норак, Тоҷикистон