Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 2-юми декабр эълон кард

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1480 сомонӣ нишон дода шудааст.

Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Бонки миллӣ сабаби боло рафтани қурби долларро гуфт: кори ҳаннотон маҳдуд мешавад

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.5419 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1480 то 0.1494 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1475 то 0,1500 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1480 то 0.1510 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1480 то 0,1505 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дурнамои норушан: долларро дар охири соли 2020 чӣ интизор аст

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

 

Лентаи хабарҳо
0