Сомони и доллары, архивное фото

Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 2 миллион доллар афзоиш меёбад

220
(Таҷдидшуда 16:03 02.12.2020)
Маблағгузории Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли оянда 2 миллион доллар афзоиш хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар соли 2021 маблағҳое, ки ба Фонди Президент ҷудо хоҳанд шуд, 1,5 дарсади хароҷоти давлатиро ташкил хоҳанд дод, иттилоъ додааст рӯзномаи “Фараж”.

Ҳаҷми Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли 2021-ум 404 миллион сомонӣ (зиёда аз 38 млн доллар) аст.

Маблағгузории захиравии Фонди Президент дар соли оянда 1,5 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷаи давлатиро ташкил медиҳад. Маблағҳои Фонд барои чорабиниҳои хайриявии гуногун ва дигар хароҷот равона карда мешаванд.

Дар баробари ин, дар соли оянда зиёда аз 100 миллион сомонӣ барои Фонди ҳолатҳои фавқулоддаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сарф хоҳад шуд.

Манбаъ ёдовар шудааст, ки инчунин Фонди Пешвои Миллат аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешавад.

Ба ин Фонд маблағ дар ҳаҷми 0,2 фоиз аз ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ интиқол дода мешавад. Тартиби истифодабарии маблағҳои Фондро худи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар муайян мекунад.

220
Барчаспҳо:
афзоиш, Фонди президенти Тоҷикистон, буҷа, Тоҷикистон
Подписание соглашения о тоннеле Истиклол

Имзои қарордод байни Эрону Тоҷикистон барои такмили нақби “Истиқлол”

394
(Таҷдидшуда 13:12 21.01.2021)
Қарордоди иҷрои марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби “Истиқлол” байни ширкати “Фароб”-и Эрон ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар маросими имзои ин қарордод, ки шоми дирӯз дар толори меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, вазири нақлиёти Тоҷикистон, сафири Эрон, раиси ширкати “Фароб” ва дигар меҳмонони эронӣ ва дохилӣ ширкат карданд, иттилоъ додааст сафорати Эрон дар Тоҷикистон.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар суханронии худ имзои ин қарордодро рӯйдоди муҳим хонд ва ба он ишора кард, ки бунёди нақби “Истиқлол” ҳанӯз дар замони Шӯравӣ оғоз шуда буд, аммо бо сабабҳои гуногун ба анҷом нарасид.

“Пас аз он ки мо бо дӯстони худ аз Эрон шартнома бастем ва марҳилаи аввали сохтмони ин нақб амалӣ шуд, мардум тавонистанд аз он истифода кунанд. Баъдан баъзе мушкилиҳо, аз ҷумла ҷорӣ шудани об аз сақфи нақб пайдо шуд, ки ба тадриҷ бартараф гардиданд”, - таъкид дошт Азим Иброҳим.

Ба гуфтаи вазири нақлиёти Тоҷикистон, марҳилаи дуввуми ин лоиҳа бо сабабҳои гуногун ба таъхир афтод, аммо бо имзои қарордод корҳои марбут ба он, аз ҷумла, равшанидиҳӣ, ҳавокашӣ, оташнишонӣ, насби дурбинҳои назоратӣ, ки барои таъмини бехатарии ҳаракат дар дохили нақб муҳиманд, иҷро хоҳад шуд.

Вай Тоҷикистону Эронро ду кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва дорои таърихи муштарак хонд ва аз он ёдовар шуд, ки Эрон дар татбиқи бисёр лоиҳаҳои зерсохтӣ дар Тоҷикистон, аз қабили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда 2” ва нақби “Истиқлол” ширкат намудааст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби “Истиқлол” то ҷашни 30 солагии истиқлолияти кишвар ба поён хоҳад расид.

Сафири Эрон Муҳаммадтақии Собирӣ низ зимни суханоне нақби “Истиқлол”-ро тарҳи муҳим хонд, ки иртиботи байни шимол ва ҷануби Тоҷикистонро фароҳам кардааст.

Вай изҳори умедворӣ кард, ки марҳилаи дуввуми ин лоиҳа бомваффақият ба анҷом хоҳад расид ва гоми дигаре ба сӯи рушд ва боландагии Тоҷикистон бардошта хоҳад шуд.

Муовини мудири ширкати обу барқи Эрон Беҳрӯзи Мӯродӣ ин рӯзро муҳим ва таърихӣ номид ва гуфт, ки бо иҷрои бокайфияти ин лоиҳа қадами дигаре дар самти таҳкими равобити миёни ду кишвари дӯст ва ҳамзабон бардошта хоҳад шуд.

  • Подписание соглашения о тоннеле Истиклол
    Подписание соглашения о тоннеле Истиклол
    Пресс-служба посольства Ирана в Таджикистане
  • Подписание соглашения о тоннеле Истиклол
    Подписание соглашения о тоннеле Истиклол
    Пресс-служба посольства Ирана в Таджикистане
1 / 2
Пресс-служба посольства Ирана в Таджикистане
Подписание соглашения о тоннеле Истиклол

Раиси ширкати “Фароб” Алии Вакилӣ тайи суханоне гуфт, ки  "Фароб” яке аз бузургтарин ва ботаҷрибатарин ширкатҳои Эрон аст, ки тарҳҳои зиёдеро дар дохилу хориҷи Эрон дар заминаҳои сохти неругоҳҳои барқи обӣ, ҳароратӣ, роҳу тунел, нафту газ ва ғайра иҷро кардааст.

“Гурӯҳи фаннӣ-муҳандисии “Фароб” тарроҳӣ ва сохти нургоҳи “Сангтӯда 2”-ро, ки намоди дӯстӣ ва пайванди амиқи ду миллати Эрону Тоҷикистон мебошад, дар корномаи худ ба сабт расондааст. Дар тӯли 45 соли фаъолияти худ нерӯгоҳҳои зиёдеро дар дохилу хориҷи Эрон дидаам ва ба таври ҷиддӣ гуфта метавонам, ки нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” корест, ки аз умқи ҷон баромада ва яке аз бокайфияттарин пружаҳо дар сатҳи дунёст. Умедворем, ки битавонем чунин фаъолиятҳоеро дар робита бо дигар лоиҳаҳо низ дар Тоҷикистон анҷом диҳем”, гуфт ӯ.

Вакилӣ гуфт, ки таҷҳизоти лозимро барои иҷрои марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби “Истиқлол” омода кардаанд ва бо оғози корҳо ба Тоҷикистон интиқол дода хоҳад шуд.

Вай гуфт, умедворам ҳамон гуна, ки ҳамкоронам бо ишқ неругоҳи “Сангтӯда 2”-ро сохтанд, ин пружаро низ бо ишқ анҷом диҳанд.

Раиси ширкати “Фароб” дар поёни суханони худ ба он ишора кард, ки саҳми Тоҷикистону Эрон дар ин лоиҳа 50 дарсадӣ буда ва агар ҳарду тараф  тааҳҳудоти худро бамавқеъ иҷро кунанд, то ҷашни 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон он ба истифода дода хоҳад шуд.

394
Барчаспҳо:
имзо, қарордод, "Истиқлол", ифтитоҳи нақби Истиқлол, Эрон, Тоҷикистон
Кохир Расулзода, награждает бизнесменов Хатлона за вклад в развитие

Расулзода ба 14 ободгари сахии Хатлон ҷоиза дод: ному хайри ҷоизадорон-акс

253
(Таҷдидшуда 19:30 20.01.2021)
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Қурбон Ҳакимзода, раиси Хатлон ба 14 соҳибкор ҷоизаи “Ободгари Ватан” тақдим намуданд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, Кумитаи тадорукоти озмуни вилоятии "Ободгари Ватан" дар семоҳаи чоруми соли гузашта 14 соҳибкорро ғолиб донист.

Соҳибкорони пирӯз дар чароғонкунӣ, сохтмони беморхона, роҳҳо, мактаб, майдончаҳои варзишӣ, бунёди биноҳои истиқоматӣ ва ғайра саҳм гузоштаанд.

  • Шарипов Некрӯз - барои гузоштани атраксионҳо дар боғи Раҳмон Мӯрчаев воқеъ дар шаҳри Бохтар.
  • Раҳматов Илҳом - барои саҳм гузоштани дар таъмири биноҳо ва чароғонкунии намои биноҳо дар ҳудуди шаҳри Бохтар.
  • Раҷабов Шодиҷон - барои бунёди маркази саломатӣ дар деҳаи Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод.
  • Нозимов Хуршед- барои бунёди МТМУ №2 дар кӯчаи Рӯдакии Ҷамоати шаҳраки “Фархор”-и ноҳияи Фархор бо 2000 ҷойи хониш.
  • Сайфов Сайнуриддин - барои мумфаршкунии 1,5 километр роҳи маҳаллӣ дар Ҷамоати деҳоти “Навобод”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.
  • Гулонов Абдулҳафиз - барои бунёди майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати шаҳраки “Балхӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.
  • Сафаров Сафаралӣ - барои бунёди бинои истиқоматии 5-ошёна, бо маркази савдо дар ошёнаи якум, дар маркази шаҳри Норак.
  • Асатзода Муҳаммадалӣ - барои бунёди қаҳвахонаи “Наврӯз” дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Шаҳритуз.
  • Маҳмадалиев Хуршед - барои бунёди майдончаи варзишӣ дар маркази ноҳияи Шаҳритуз.
  • Холов Иноят - барои бунёди бинои маркази саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти “Ҳилолӣ”-и ноҳияи Хуросон.
  • Ҷобиров Абдуҳалим - барои мумфарш намудани 13,1 км роҳи автомобилгарди РҶ-029 даромад ба маркази ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ.
  • Қурбонов Абдураҳим - барои бунёди бинои баландошёна бо ҷойгир намудани маркази савдо дар ошёнаи якум, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ.
  • Раҷабов Ориф - барои сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Каромати Ҷамоати деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара.
  • Нозилов Раҷабалӣ - барои сохта ба истифода додани мактаб барои 144 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулафшони Ҷамоати деҳоти “Оқсу”-и ноҳияи Данғара.

Ҳукумати Хатлон таъкид намудааст, ки озмуни мазкур бо мақсади иҷрои амри раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир мегардад.

Манбаъ таъкид кардааст, ҳар семоҳа ба соҳибкорон ва шахсони саховатпешае, ки дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас мегузоранд, тақдим мегардад.

253
Барчаспҳо:
сармоягузор, саховатмандӣ, Тоҷикистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

"Сомон Эйр" парвозҳоро бо Тошканд барқарор мекунад

0
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иҷрои парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе аз нав оғоз менамояд. Парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа иҷро мешаванд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Парвози нахустин санаи 29-уми январ ба нақша гирифта шудааст. Вақти парвоз аз Душанбе 10:30, аз Тошканд 13:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад, хабар дод ширкати ҳавоӣ ба Sputnik Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши парвоз ба Тошкандро доранд, бояд бо худ маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, дошта бошанд.

"Маълумотнома бояд аслӣ бошад, ҳатман ҳама навиштаҷоти он дар компютер ҳуруфчинӣ шуда бошанд (дастхат набошад) ва аз ҷониби лабораторияе, ки дар давлати хуруҷ акредитатсия дорад, бо забони русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шавад", - таъкид мекунад манбаъ.

Кӯдакони то 12-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Шахсоне, ки нишонаҳои COVID-19-ро доранд ва ашхосе, ки натиҷаи санҷиши ПСР-тесташон мусбат мебошад ба парвоз роҳ дода намешаванд, меаязояд "Сомон Эйр".

Тибқи Қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии Ӯзбекистон то 1-уми феврали соли 2021 парвозҳои байналмилалӣ бо Бритониёи Кабир, Италия, Олмон, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ қатъ карда шуданд.

Шаҳрвандони муқими ин кишварҳо, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ ва шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки дар тӯли 14 рӯзи охир дар ин кишварҳо буданд, иҷозаи вуруд ба Ҷумҳурии Ӯзбекистонро надоранд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки тавассути кишварҳои сеюм ба Ӯзбекистон ворид мешаванду дар давоми 14 рӯзи охир дар Бритониёи Кабир, Италия, Олмон, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ буданд, пас аз вуруд ба Ӯзбекистон дар маҷмааи муваққатии карантинӣ ё меҳмонхонаи марбута давоми 14 рӯз ба карантин гирифта мешаванд.

Ҳамаи мусофироне, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мешаванд, бояд барои муайян кардани сирояти коронавирус тавассути экспресс-тест аз ташхис гузаранд.

Экспресс-тест дар фурудгоҳи Тошканд аз ҳисоби мусофирон гузаронида мешавад. Мусофироне, ки натиҷаи тесташон мусбат аст, барои табобат ба беморхона равона карда мешаванд.

Ӯзбекистон ҷадвали парвозҳо миёни Тошканд – Душанберо дақиқ кард

Кулли мусофироне, ки вориди Душанбе мешаванд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19) - натиҷаи манфии ПСР-тестро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон гирифта шудааст, дошта бошанд.

Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии ПСР-тест), ки давоми 72 соат қабл аз вуруд ба Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, зарур мебошад.

Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ лозим нест.

Коҳиши парвозҳо: ширкатҳои ҳавоию фурудгоҳҳо чанд миллиард зарар диданд?

Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои гирифторӣ ба коронавирусро доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Давоми парвоз мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва хариди чипта лутфан ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ, намояндагии ширкат дар Тошканд – ширкати «APG UZBEKISTAN» ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоед.

0