ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Абдумаҷид Муъминзод, имрӯз зимни ҷаласаи парлумонӣ дар ҳузури вакилон гуфт, болоравии нархи баъзе маҳсулот аз моҳи октябр оғоз шуд.
Ӯ аз ҷумла тухми мурғро мисол оварда гуфт, ки он ба омилҳои беруна рабт дорад.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби Хадамот дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе санҷишҳо гузаронида шуд ва аз тамоми фабрикаву корхонаҳое, ки ба истеҳсоли тухм машғуланд тамоми хароҷоти онҳоро қабул кардем, ки тибқи таҳлилҳо он ба омилҳои беруна бастагӣ дорад.
Муъминзод гуфт, таҳлилҳое низ доранд, ки ба ҳукумат ҳам пешниҳод кардаанд, ки на танҳо дар дохили кишвар нархи он гарон аст.
“Агар имрӯз дар бозори дохилии кишвар 1 дона тухм 1 ва ё 1 сомониву 10 дирам ба фурӯш бароварда шавад дар дигар кишварҳо аз ҷумла дар Ӯзбекистон як ячейка тухм 35-40 сомонӣ арзиш дорад”.
Ӯ гуфт, агар нархи маҳсулот беасос боло бурда шавад, тибқи қарори ҳукумат аз сӯйи давлат танзим карда мешавад.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби демократӣ гуфт, агар гӯшт ё тухмро аз хориҷа ворид кунем, аз нархи тухм ва гӯшти мурғи Тоҷикистон арзонтар мефарояд.
Ба гуфтаи вакили парлумон, барои воридот имтиёзҳои зиёд аст ва соҳибкорон аз бисёр уҳдадориҳо озод шудаанд, аммо ворид карда наметавонанд.
Дастури Раҳмон барои муътадил нигоҳ доштани нархҳо
Гароншавии нарх аз ҷумла ба маводҳои ниёзи аввалия, аз қабили шакару равғану тухм ва орд дар бозорҳои Тоҷикистон ҳамарӯза дар расонаҳо ва ё миёни корбарон баҳс мешавад.
Мақомоти тоҷик бошад сабаби онро ё дар камбуди истеҳсоли он ва ё болоравии нарх дар кишварҳои воридкунанда арзёбӣ мекунанд.
ДУШАНБЕ, 27 январ - Sputnik. Соли 2020 коҳиши иқтисодӣ бузургтарин пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон буд, гуфт президенти Русия Владимир Путин дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос.
Путин таваҷҷӯҳро ба аз даст додани даромади меҳнатии 3,5 триллион доллар дар 9 моҳи соли гузашта ҷалб кард.
"Нишондиҳанда афзоиш меёбад ва дар баробари он ташаннуҷи ҷомеа. Ҳамзамон, барқарорсозии пас аз бӯҳрон осон нест",- гуфт сарвари давлат.
Роҳбари Русия қайд кард, ки 20-30 сол пеш онҳо сиёсати болоравии макроиқтисодиро истифода мебурданд, аммо ҳоло ин захираҳо кор намекунанд, зеро захираҳо тамом шудаанд.
Форуми ҷаҳонии иқтисодии Давос 2021 аз 24 то 29 январ баргузор мешавад.
Чорабинӣ ба мавзӯи "Тағйироти бузург" бахшида шудааст. Дар форум президенти Русия Владимир Путин низ ширкат варзид.
ДУШАНБЕ, 27 январ - Sputnik. Коршиносон дар муколама бо РИА Новости гуфтанд, ки барои ба даст овардани фоида аз сармоягузорӣ бояд дар соли 2021 ба кадом асъорҳо сару кор гирифт.
"Интизор меравад, ки Бонки марказии ИМА сиёсати "доллари заиф"-ро татбиқ мекунад. Мо тахмин мезанем, ки сармоягузорӣ бо евро метавонад нисбат ба доллар даромади бештар ба даст орад. Инчунин бояд ба юани чинӣ назар кард, ки метавонад дар муқобили доллар ва евро боло раванд ", - гуфт директори НРАМ Сергей Гришунин.
Иқтисодшинос инчунин франки Швейтсарияро қайд карда, илова намуд, ки фарқияти калони қурби асъор ба татбиқи он халал мерасонад, ки ин ҷолибияти сармоягузории онро коҳиш медиҳад.
Гришунин ҳушдор дод, ки сармоягузорӣ ба асъорҳои сусти рушдёбанда ба мисли лираи туркӣ метавонад аз ҷиҳати молиявӣ хатарнок бошад.
Стратегисти сармоягузории "Открытие брокер" Константин Бушуев гуфт, ки имсол метавон ба асъори "молӣ" - долларҳои Австралия ва Канада, инчунин асъори кишварҳои рӯ ба тараққӣ - реали Бразилия ва песои Мексика диққат дод.
Дурнамои хушоянд: нархи нафт дар соли 2021 чанд хоҳад буд
Коршинос равшанӣ андохт, ки худи ин асъорҳо воситаҳои фоидаовар нестанд, аммо воситаҳои фоиданоки молиявӣ (саҳмияҳо ва вомбаргҳо), ки бо асъори дигар кишварҳо харида шудаанд, метавонанд даромаднокии зиёд ба даст оранд.
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Рӯзи гузашта дар Маскав мулоқоти Сафири Фавқуллода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва сардори Сарраёсати масоили муҳоҷиратии Вазорати умури дохилаи Русия Валентина Казакова баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти сафорат.
View this post on Instagram
Мавзӯи асосии гуфтушунидҳо - танзими муҳоҷирати муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия будааст.
Аз ҷумла Сатторов ва Казакова раванди бардоштани манъи вуруд ба Русия ба категоряҳои муайянро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин тарафҳо дар бораи ташкили ҷалби мутахассисон аз Тоҷикистонро ба фаъолияти меҳнатӣ дар Русия баррасӣ карданд.
Теъдоди муҳоҷирони депортшуда дар давраи пандемия аз вилояти Маскав маълум гардид
Намояндагони Тоҷикистон ва Русия ба мувофиқа расиданд, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар соҳаҳои танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия идома медиҳанд.
Казакова ва Сатторов ба мувофиқа расиданд, ки корҳо оид ба мувофиқа кардани лоиҳаҳои созишномаҳо дар соҳаи муҳоҷират байни Русия ва Тоҷикистонро идома медиҳанд.