Линии электропередачи

Тоҷикистон аз фурӯши барқ ба хориҷ 50,2 миллион доллар гирифт

226
(Таҷдидшуда 14:21 03.12.2020)
Маблағи гирифтаи Тоҷикистон аз содироти нерӯи барқ ба хориҷа тайи даҳ моҳ дар муқоиса бо соли гузашта 43,5 дарсад коҳиш ёфт

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Даромади Тоҷикистон аз содироти нерӯи барқ дар 10 моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфт, хабар додааст "Авеста".

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, ҷумҳурӣ дар 10 моҳ аз содироти барқ 50,2 миллион доллар даромад гирифтаст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 39 миллион долллар ё худ 43,5% коҳиш ёфтааст.

Таъкид шудааст, ки Тоҷикистон аз январ то октябр ба Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон нерӯи барқ содир намудааст.

Дар маҷмӯъ аз аввали соли 2020  дар Тоҷикистон беш аз 16,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истҳесол шудааст, ки дар муқоиса бо 10 моҳи соли гузашта 5,1 дарсад кам мебошад. Беш аз 15 миллиард киловатт-соат дар нерӯгоҳҳои барқӣ ва ҳудуди 1,1 миллиард киловат – соат дар марказҳои барқу гармидиҳӣ тавлид шудааст.

226
Барчаспҳо:
иқтисод, барқ, Тоҷикистон
Монеты, архивное фото

Коршинос роҳҳои муассири ҷамъоварии пулро номбар кард: на дар зери болишт

4
(Таҷдидшуда 14:01 22.01.2021)
Самаранокии ҷамъоварии маблағ аз мақсади он вобаста аст - пасандоз кардан ё зам намудан. Дар навбати дуввум бояд муҳлати ҷамъоварӣ низ дақиқ шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дмитрий Ферапонтов, муаллими калони кафедраи бонкии Донишгоҳи Синергия, ба хабаргузории "Прайм" роҳҳои самарабахши ҷамъоварии маблағро номбар кард.

Ба гуфти коршинос самаранокии пасандозҳо пеш аз ҳама аз ҳадаф - сарфа ё зиёд кардан, сониян - бо он даврае муайян карда мешавад, ки дар давоми он ташаккули портфели маболиғ пешбинӣ шудааст. Дар ниҳоят, пардохтпазирии сармоягузорӣ низ муҳим аст, яъне қобилияти зуд ба даст овардани пул, агар маблағ лозим шавад.

"Бо вуҷуди ин, бояд дарк кард, ки дар мавриди ҳама гуна сармоягузорӣ, қоидаи тиллоӣ амал мекунад - ҳар қадаре ки хавф баланд бошад, ҳосилнокӣ ҳамон қадар зиёдтар мешавад. Чунин қоида дар мавриди пардохтпазирӣ низ татбиқ мешавад - чӣ қадаре пардохтпазирӣ баланд бошад, ҳосил ҳамон қадар камтар мешавад", - гуфт Феропонтов.

Ҳамин тавр, масалан, маболиғ дар суратҳисоби ҷорӣ сатҳи ҳадди ақали даромаднокӣ доранд (вақте ки аз ҳисоби бақияи суратҳисоб фоизҳо ситонида мешавад) ва дар баъзе ҳолатҳо даромад комилан нест, масалан, "агар бо пули миллӣ дар зери болишт нигоҳ дошта шаванд.

"Роҳи дигар, ҷамъ кардан дар пасандозҳои бонкӣ мебошад, ки бехатар, вале хеле камдаромад аст. Агар бонк ба низоми суғуртаи пасандозҳои бонкӣ дохил шуда бошад, пас дар сурати бозхонди иҷозатнома, давлат баргардонидани онро кафолат медиҳад.

Ба гуфти Ферапонтов, пасандозҳои бонкӣ, роҳи ҷамъоварии пул дар муҳлати дарозмуддат буда, хароҷоти таваррумиро ҷуброн мекунанд.

"Алтернатива дар ҳолати хусусияти дарозмуддат метавонад пасандозҳои бонкии асъори хориҷӣ бошад, ки аз тағйирёбии асъори харидшуда фоида мегиранд - дар ин ҳолат шумо бояд қурб ва омилҳои ба он таъсиррасонро назорат кунед. Чӣ тавре таҷриба нишон медиҳад , чунин пасандозҳо ҳамчун сармоягузории дарозмуддат муфиданд, агар асъор дуруст интихоб карда шавад", - қайд кард коршинос.

Алтернативаи дигар ин сармоягузорӣ ба тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо аст, аммо тавассути суратҳисобҳои металлӣ. Бояд дар назар дошт, ки металлҳои қиматбаҳо дороии молиявии хеле дарозмуддат мебошанд, ки дар давоми се сол нархашон афзоиш меёбад.

Ферапонтов мегӯяд, бояд амонатро ва сармоягузорӣ фарқ кард.

Амонатгузорӣ, пеш аз ҳама, пуле мебошад, ки шаҳрванд дар муҳлати дарозмуддат ташаккул медиҳад, ҳадафи асосии онҳо болишти боэътимоди амнияти молиявӣ мебошад, ки дар шароити кунунии иқтисодӣ ва бо суръати пасти асосӣ ҳосили паст дорад.

Раиси “Амонатбонк”: “Долларҳои “таги болишт” фоида надоранд”

Аммо сармоягузорӣ ин маболиғе ҳаст, ки бо роҳи гузоштани сармоя ба дороиҳои дилхоҳи молиявӣ ва ғайримолиявӣ - коғазҳои қиматнок, амволи ғайриманқул, хариду фурӯши асъор ба фоидаи худ кор мекунанд.

4
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, пасандоз, пул, сарфакорӣ, сарфаҷӯӣ, коршиносон

Бонки миллӣ арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард

267
(Таҷдидшуда 11:57 22.01.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 22 - юми январ эълон кард

ДУШАНБЕ, 22 январ - Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1527 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.7419 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1527 то 0.1550 сомонӣ муқаррар кардааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.7419 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1527 сомонӣ.

Зарар аз муҳоҷират то туризм: Тоҷикистон соли 2021 - ро чӣ гуна пешвоз мегирад

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

267
Барчаспҳо:
евро, рубл, сомонӣ, қурби асъор, Тоҷикистон