Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Ҷаҳиши қурби рублу уфти сомонӣ: эълони арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон

607
(Таҷдидшуда 23:55 08.12.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 9-уми декабр эълон кард

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1535 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6933 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1535 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1530 то 0,1555 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1535 то 0.1545 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1540 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дурнамои норушан: долларро дар охири соли 2020 чӣ интизор аст

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

607
Барчаспҳо:
сомонӣ, рубл, арзиши асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
мулоқоти раиси Кумитаи сармоягузорӣ, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ва сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаев

Азми Душанбею Остона барои густариши ҳамкориҳо

38
(Таҷдидшуда 13:45 17.01.2021)
Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҳамкориҳои ду кишварро густариш диҳанд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар назар аст ҷаласаи навбатии 16-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардад.

Манбаъ афзуд, омодагӣ ба ҷаласаи мазкур дар мулоқоти раиси Кумитаи сармоягузорӣ, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ва сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаев баррасӣ шуд.

“Зимни вохурӣ масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт”, - омадааст дар иттилоия.

Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки имкону захираҳои мавҷуда ҳар ду ҷониб барои таҳкими ҳамкориҳо зиёд мебошанд.

Феълан, Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон буда, таъминкунандаи кишвар бо орду маводи сӯхт мебошад.

38
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Қазоқистон, Тоҷикистон
Банк Эсхата, архивное фото

Мақомоти Норак гуфтанд, дар соли гузашта муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ қадар маблағ равон карданд

157
(Таҷдидшуда 17:01 16.01.2021)
Мақомоти шаҳри Норак дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр хабар доданд, ки муҳоҷирони меҳнатии ин минтақа беш аз 631 миллион рубли русӣ, 4 миллион доллар ва зиёда аз 130 ҳазор Евро равон кардаанд

ДУШАНБЕ, 16 январ – Sputnik. Ахиран дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ шаҳр дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2021 натиҷагирӣ карда шуд.

Қайд карда шуд, ки дар ҷамъоварии маблағи андозҳо 101 фоиз иҷро гардида, ба буҷа 54,9 млн сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 801,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Норак.

Гуфта шудааст, ки ҳиссаҷудокунӣ ба буҷаи вилоят, яъне андоз аз фоида 59,3 фоиз ё 2,6 миллион сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 5,8 миллион сомонӣ ё 67,3 фоиз таъмин гардид.

Бақияпулиҳои андоз нисбати аввали сол 41,9 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Ҳамзамон тибқи иттилоъ, дар 12 моҳи соли 2020 корхонаҳои саноатии шаҳр 2,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давра 102,9 фоиз ё ин ки 67 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи соҳибкорон 90 адад иншоот ба маблағи 44,9 млн сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар ҳудуди шаҳр дар асоси асоси лоиҳаҳои меъморию шаҳрсозӣ 132 хонаи истиқоматӣ ба миқдори 32,5 ҳазор метри мураббаъ ё ба маблағи 22,2 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Мақомот таъкид доштааст, ки барои бунёди иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳр 193 адад иншооти гуногун ба нақша гирифта шуд, аз ин шумора 152 адад иншоот мавриди истифода қарор гирифта шудааст, ки 78,7 фоизро дар бар мегирад.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки аз хориҷи кишвар 631,2 миллион рубли русӣ, 4,1 млн доллар, 130,9 ҳазор Евро ворид гардидааст.

Инчунин мақомот иттилоъ додааст, ки дар ин давра ба 261 нафар шаҳрвандон ба маблағи 235,2 ҳазор сомонӣ кӯмакпулиҳо расонда шудааст. 752 нафар ҷавонону шаҳрвандони бекор ба омӯзиши касбҳо ҷалб карда шуданд.

Дар 12 моҳи соли 2020 Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард 1007 километр роҳро таъмири ҷорӣ ва нигоҳдорӣ намуда, аз ҳисоби маблағҳои муассиса ба масоҳат 1024 метр роҳҳо аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар шаҳр 214 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, дар 12 моҳи соли 2020 ба маблағи 77,9 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 11,2 млн сомонӣ афзун гардидааст.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 116,8 фоиз таъмин карда шуда, ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сектори ҷамъиятӣ 17,3 фоиз ва ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 82,7 фоизро ташкил медиҳад.

Қайд карда шудааст, ки раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ҷаласаро натиҷагирӣ намуда , роҳбарони корхонаю муассисаҳоро вазифадор намуд, ки барои сазовор пешвоз гирифтани чашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи қувваи барқ, оқилона истифодабарии замин, зимистонгузаронӣ, сари вақт ва хушсифат ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ, иҷрои андозҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд.

 

157
Барчаспҳо:
евро, рубл, доллар, муҳоҷирон, маблағ, иқтисод, Норак, Тоҷикистон
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19

Ҳафта бе COVID-19: Вазорат мегӯяд, дар ҷумҳурӣ ягон кас гирифтор нест

0
(Таҷдидшуда 19:18 17.01.2021)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ як ҳафтаи охир ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст. Расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд, ки се ададро ташкил дод.

Дар маҷмуъ Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз охири апрели соли гузашта то ҳол дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудааст.

Манбаъ таъкид кард, ки то ҳол 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, аз беморхонаҳо мураххас шудаанд.  Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон додаанд.

Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ ягон кас гирифтори COVID-19 нест.

Бо вуҷуд мақомоти тандурустии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват доранд, ки дар ғафлат намонанд, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.

0
Барчаспҳо:
вируси нав, беморӣ, Тоҷикистон