Денежные купюры.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

510
(Таҷдидшуда 12:43 10.12.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 10-уми декабр эълон кард

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1526 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6764 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1526 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1540 то 0,1555 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1540 то 0.1550 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1550 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

510
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Табло АЗС города Худжанд

Ҷаҳиши якбораи нархи бензин дар Тоҷикистон

1307
(Таҷдидшуда 17:57 04.03.2021)
Арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон тайи як рӯзи ахир якбора боз боло рафт

ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Бино ба нархномае, ки ахиран ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ пешниҳод кардаанд, қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар кишвар наздики 1 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Бар асоси нишондоди нуқтаҳои фуруши бензин барои 1 литр сӯзишвории навъи 92 дар Хуҷанду Душанбе 7 сомонию 80 дирам ва барои тамғаи 95 бошад 8 сомони 10 дирам медиҳанд.

Ях ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон дар Хуҷанд гуфт, бо ин нарх ҳам дар баъзе нуқтаҳо бензин камёфт шудааст.

Аммо дар Хоруғ бошад болотар барои як литр сӯзишвории навъи 92 беш аз 8 сонию 40 дирам медиҳанд.

Ин нишондод дар ҳолест, ки аз авали соли ҷорӣ, як литр бензин дар ҷумҳурӣ вобаста ба тамға ва минтақаи 5,80-6,90 сомонӣ арзиш дошт.

Як манбаи дигари Sputnik Тоҷикистон гуфт, болоравии нархи маводи сухт ин ба маҳдудияти воридот аз Қирғизистон аст.

"Ҳукумати Қирғизистон қарор қабул кард, ки маводи сухт ба хориҷа содир нашавад. Мақомти қудратии он кишвар дидбонгоҳҳоро сахт назорат мекунанд ва ҳамзамон ба шикори қочоқчиён пардохтаанд, ки на ҳар кас дар чунин вазъ тавакал мекунад".

Ба гуфтаи ӯ, тариқи қонунӣ ба кишвар аз Қирғизистон кам ворид мешуд, аммо аксар маводи сухт аз ин кишвар тариқи пинҳон ворид мегашт.

Болоравии нарх дар бозори нафт: то кай ин ҷараён идома меёбад

Раҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон қаблан дар бораи болоравии қиммати сузишворӣ гуфта буд, ки болоравии он ба Русия, ки воридкунандаи асосӣ аст, рабт дорад. Ба гуфти ӯ дар соли 2020 дар Русия 26 фисад боло рафта буд.

Ӯ гуфта буд, ки ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ барои беасос баланд кардани нарх ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ҷарима шуда буданд.

Бино ба қарори сарвазири Қирғизистон, мақомоти зидахли ин кишвар – шуруъ аз Хадамоти гумруку марзбонӣ то вазорати нақлиёту Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ин кишвар дастури қатъӣ гирифтаанд, ки аз ҳар гуна талош барои содироти ғайриқонунии нафту фаровардаҳои нафтӣ ҷилавгирӣ намоянд. 

Ин қарор аз рӯзи имзо шуданаш, яъне 3 марти соли равон, ба иҷро даромадааст.

Тибқи иттилои расмӣ, Қирғизистон бо саҳми 2,02% сеюмин кишвари воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ пас аз Русия (78,43%) ва Қазиқистон (15,24%) ба бозори Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин кишвар дар соли 2020 дар ҳаҷми 11 ҳазору 780, 93 тон маҳсулоти нафтӣ, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, ба маблағи 5 миллиону 333 ҳазору 248 доллар ворид кардааст.

Мавҷи нав: болоравии нархи нафт пешгӯӣ шуд

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа асосан аз Русия ворид карда мешавад. Бино ба иттилоъи расмӣ, соли гузашта ба кишвар 234 ҳазор тон бензин ва 298 ҳазор тон сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст.

1307
Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири корҳои хориҷаи Эрон

Коронавирус гунаҳгор: соли гузашта тиҷорати Тоҷикистону Эрон 10,3 дарсад коҳиш ёфт

54
(Таҷдидшуда 17:23 04.03.2021)
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо муовини вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ ва Саид Расули Муҳоҷир дар ин дидор оид ба сатҳи кунунӣ ва дурнамоии густариши муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон баҳс ва табодули назар карданд.

Ду тараф бо арзёбии вазъи феълии равобити Тоҷикистон ва Эрон мавзӯи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, энержӣ ва низ равобити илмӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Зоҳидӣ ва Муҳоҷир ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва роҳҳои густариши равобити дуҷониба гуфтугӯ карданд. 

Аз гузашта то имрӯз: муваффақиятҳову дастовардҳои Эрон – видео

Гуфта мешавад, ки дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Эрон 57 миллиону 700 ҳазор доллар будааст, ки дар муқоиса бо соли 2019 коҳиши 10,3 дарсадиро нишон медиҳад.

54
Барчаспҳо:
сафир, гуфтугӯ, равобит, ҳамкорӣ, Тоҷикистон, Эрон
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров

Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад

308
Роҳбари Қирғизистон Содир Ҷаббаров бо сафари расмӣ ба Душанбе сафар карданист ва дар ояндаи наздик ӯ инчунин аз Ӯзбекистон, Чин ва Туркманистон дидан хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.

Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.

"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", -  гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.

Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод

Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.

Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.

308
Барчаспҳо:
сафар, Тоҷикистон, раисҷумҳур, Қирғизистон