В Таджикистане при поддержке РФ запущен проект ООН по преодолению последствий пандемии

Русия барои рафъи паёмадҳои COVID дар Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо мекунад

148
(Таҷдидшуда 13:08 17.12.2020)
Русия барои рафъи оқибатҳои манфии пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон барои як барномаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид 2 миллион доллар ҷудо мекунад

ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Дар маросими бахшида ба оғози лоиҳа муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Абдураҳмон Абдураҳмонзода, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон Пратиба Меҳта ширкат варзиданд.

 

В Таджикистане при поддержке РФ запущен проект ООН по преодолению последствий пандемии
© Sputnik / Амир Исаев
В Таджикистане при поддержке РФ запущен проект ООН по преодолению последствий пандемии

Русия тасмим гирифтааст, ки созмонҳои ҷамъиятии Русияро дар соҳаи рушди соҳибкорӣ ва ташаббусҳои ҷавонон ба лоиҳа ҷалб намуда, инчунин дастгирии коршиносонро таъмин намояд, гуфт Лякин-Фролов зимни суханронӣ дар чорабинии бахшида ба оғози лоиҳа.

"Ҳадафи он мусоидат ба ҳифз ва рушди фаъолияти иқтисодӣ дар вилояти Суғд дар шароити душвори пандемия ва чораҳои маҳдудкунандаи марбут ба он мебошад", - гуфт дипломат.

Сафир илова намуд, ки нақши муҳим дар ин лоиҳа ба роҳ мондани муколама байни сокинони минтақаҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон барои рушди ҳамкориҳои наздимарзӣ гузошта шудааст.

Аз Русия ба Тоҷикистон ҳашт қатора гандуми тухмии гурӯҳи элита ворид карда шуд

Лоиҳаи нави БРСММ "Мусоидат дар ҳалли таъсири иқтисодии COVID-19 тавассути баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ, имкониятҳои шуғл ва ҳамкории минтақавӣ дар водии Фарғона" барои солҳои 2021-2023 пешбинӣ шудааст.

Саҳми Русия дар чунин ташаббусҳо дар Тоҷикистон сар аз соли 2014 ҳудуди 15 миллион долларро ташкил медиҳад.

Русия ба мактаббачагони Тоҷикистон 2 ҳазор тонна орди витаминдор дод: боз медиҳад

Гуфта мешавад, дар пайи татбиқи лоиҳаҳо садҳо ҷойҳои корӣ фароҳам оварда, зиёда аз 15 ҳазор нафар малакаҳои соҳибкорӣ ва касбии худро такмил доданд.

148
Барчаспҳо:
вируси корона, пешгирӣ, кумаки молӣ, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, Тоҷикистон, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (938)
 Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода

Расулзода шарҳ дод, ки чаро пули миллӣ беқурб шуд

137
(Таҷдидшуда 16:23 28.01.2021)
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода тавзеҳ дод, ки чаро дар соли 2020 таваррум - беқуршавии пули миллӣ зиёд шуд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Тавре Қоҳир Расулзода дар Маҷлиси васеи Ҳукумат тавзеҳ дод, таваррум дар соли 2020 назар ба соли 2010 ба 1,4 фоиз зиёд гардид.

Сарвазири кишвар афзоиши беқурбшавии пули миллиро ба баландшавии нархи маҳсулот дар бозорҳо рабт додааст.

"Дар ин давра сатҳи таваррум 9,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (8 фоиз) 1,4 банди фоизӣ зиёд буда, асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ 13 фоиз, молҳои ғайриозуқа 5,8 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ 4 фоиз ташаккул ёфтааст", - менависад аз қавли сарвазир дафтари матбуоти президент.

Расулзода афзуд, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа ва дигар монеаҳои мавҷудаи марбут ба пандемияи КОВИД-19,ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он дар сатҳи 4,5 фоиз таъмин гардид.

Ба таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот 19,8 фоиз мусоидат намуд.

Дар Тоҷикистон таварруми солона ба сатҳи рекордӣ расид

Бо вуҷуди ин, дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба соли 2019 - 9,9 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 6,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз ва мусофиркашонӣ 2,5 фоиз  коҳиш ёфт.

137

Путин: уфти иқтисод аз замони Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бузургтар буд

106
(Таҷдидшуда 17:13 27.01.2021)
Президенти Русия Владимир Путин ҷаҳонро аз афзоиши ташаннуҷ дар ҷомеа бинобар таназзули иқтисод ҳушдор дор

ДУШАНБЕ, 27 январ - Sputnik. Соли 2020 коҳиши иқтисодӣ бузургтарин пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон буд, гуфт президенти Русия Владимир Путин дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос.

Путин таваҷҷӯҳро ба аз даст додани даромади меҳнатии 3,5 триллион доллар дар 9 моҳи соли гузашта ҷалб кард.

"Нишондиҳанда афзоиш меёбад ва дар баробари он ташаннуҷи ҷомеа. Ҳамзамон, барқарорсозии пас аз бӯҳрон осон нест",- гуфт сарвари давлат.

Роҳбари Русия қайд кард, ки 20-30 сол пеш онҳо сиёсати болоравии макроиқтисодиро истифода мебурданд, аммо ҳоло ин захираҳо кор намекунанд, зеро захираҳо тамом шудаанд.

Форуми ҷаҳонии иқтисодии Давос 2021 аз 24 то 29 январ баргузор мешавад.

Чорабинӣ ба мавзӯи "Тағйироти бузург" бахшида шудааст. Дар форум президенти Русия Владимир Путин низ ширкат варзид.

106
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро

Сипоси Кабиров ба Раҳимзода: агар шумо намебудед, бозор пурра месӯхт

0
(Таҷдидшуда 16:34 28.01.2021)
Раҳимзода Рамазон бевосита худ дар ҷараёни хомӯш кардани алангаи оташ дар бозори "Султони Кабир" иштирок кардааст. Муассиси ин бозор ба вазири тоҷик изҳори миннатдорӣ намуд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Авазхон Кабиров муассиси бозори "Султони Кабир" ба вазири корҳои дохилӣ, генерал - полковники милиса Раҳимзода Рамазон Ҳармо изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст, хабар медиҳад нашрияи СССР.

Манбаъ аз қавли Кабиров менависад, ки баробари аланга гирифтани оташ, раёсати ВКД ва ҳатто худи вазир ба макони ҳодиса ташриф оварда, кори оташнишононро назорат ва сафарбар мекард.

Муассиси бозори мазкур саҳми оташнишонону кормандони раёсати ВУД - ро махсусан қайд карда, изҳор доштааст, ки "агар ҷонфидоии кормандон, ба вежа раҳбарияти ВУД намебуд, хатари пурра ба коми сӯхтор фурӯ рафтани бахши аъзами бозори "Султони Кабир" вуҷуд дошт".

Ёдовар мешавем, рӯзи 25 январ дар бозори "Султони Кабир" сӯхтор сар зад. Омили асосии сӯхтор ба расиши кӯтоҳи ноқилҳо рабт дода шуд.

Боздошти як гурӯҳ дуздони кисабур дар бозори “Султони Кабир”

Зарари расонидашуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.

"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад, ки соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор фаъолият мекунанд мекунанд.

0
Барчаспҳо:
сипосгузорӣ, сӯхтор, Султони Кабир, бозор, Рамазон Раҳимзода