Цистерна прицепленная к грузовику, архивное фото

Ӯзбекистон фурӯши газро ба хориҷ коҳиш медиҳад: бо Тоҷикистон чӣ мешавад

488
(Таҷдидшуда 16:59 17.12.2020)
Ӯзбекистон содироти гази моеъро коҳиш медиҳад, то таъминот барои истифодабарандагони сатҳи дохилии ҷумҳуриро афзоиш диҳад

ДУШАНБЕ, 17 Декабр - Sputnik. Зимни як видеоконфронс президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев амр дод, ки газ дар ҷумҳурӣ аз нав тақсим карда шавад.

Таъмини газ дар Ӯзбекистон, бино ба оморҳо, дар як рӯз ба 20 миллион метри мукааб мерасад.

Дар робита ба ин Шавкат Мирзиёев амр додааст, ки интиқоли газ ба хориҷ бо ҳадафи таъминоти пурраи дохилӣ коҳиш дода шавад.

Аз ин сабаб, рӯзона ба минтақаҳо ба таври илова 7-8 миллион метри мукааб гази табиӣ фиристода мешавад.

Як ширкати қазоқӣ ва як ӯзбекӣ содироти газ ба Тоҷикистонро қатъ карданд

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон яке аз воридкунандагони асосии гази Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Оё интиқоли сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ коҳиш дода мешавад ё на, маълум нест.

Баъди даҳ сол дар Суғд “бӯи” газ меояд

Аммо, бояд илова кард, ки як қисми корхонаҳои Тоҷикистон бо гази Ӯзбекистонкор мекунанд, ки маҳсулоти онҳоро дар навбати худ Ӯзбекистон харидорӣ мекунад.

488
Барчаспҳо:
Шавкат Мирзоев, содирот, фурӯш, гази моеъ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Банк Эсхата, архивное фото

Мақомоти Норак гуфтанд, дар соли гузашта муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ қадар маблағ равон карданд

103
(Таҷдидшуда 17:01 16.01.2021)
Мақомоти шаҳри Норак дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр хабар доданд, ки муҳоҷирони меҳнатии ин минтақа беш аз 631 миллион рубли русӣ, 4 миллион доллар ва зиёда аз 130 ҳазор Евро равон кардаанд

ДУШАНБЕ, 16 январ – Sputnik. Ахиран дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ шаҳр дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2021 натиҷагирӣ карда шуд.

Қайд карда шуд, ки дар ҷамъоварии маблағи андозҳо 101 фоиз иҷро гардида, ба буҷа 54,9 млн сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 801,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Норак.

Гуфта шудааст, ки ҳиссаҷудокунӣ ба буҷаи вилоят, яъне андоз аз фоида 59,3 фоиз ё 2,6 миллион сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 5,8 миллион сомонӣ ё 67,3 фоиз таъмин гардид.

Бақияпулиҳои андоз нисбати аввали сол 41,9 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Ҳамзамон тибқи иттилоъ, дар 12 моҳи соли 2020 корхонаҳои саноатии шаҳр 2,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давра 102,9 фоиз ё ин ки 67 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи соҳибкорон 90 адад иншоот ба маблағи 44,9 млн сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар ҳудуди шаҳр дар асоси асоси лоиҳаҳои меъморию шаҳрсозӣ 132 хонаи истиқоматӣ ба миқдори 32,5 ҳазор метри мураббаъ ё ба маблағи 22,2 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Мақомот таъкид доштааст, ки барои бунёди иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳр 193 адад иншооти гуногун ба нақша гирифта шуд, аз ин шумора 152 адад иншоот мавриди истифода қарор гирифта шудааст, ки 78,7 фоизро дар бар мегирад.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки аз хориҷи кишвар 631,2 миллион рубли русӣ, 4,1 млн доллар, 130,9 ҳазор Евро ворид гардидааст.

Инчунин мақомот иттилоъ додааст, ки дар ин давра ба 261 нафар шаҳрвандон ба маблағи 235,2 ҳазор сомонӣ кӯмакпулиҳо расонда шудааст. 752 нафар ҷавонону шаҳрвандони бекор ба омӯзиши касбҳо ҷалб карда шуданд.

Дар 12 моҳи соли 2020 Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард 1007 километр роҳро таъмири ҷорӣ ва нигоҳдорӣ намуда, аз ҳисоби маблағҳои муассиса ба масоҳат 1024 метр роҳҳо аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар шаҳр 214 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, дар 12 моҳи соли 2020 ба маблағи 77,9 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 11,2 млн сомонӣ афзун гардидааст.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 116,8 фоиз таъмин карда шуда, ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сектори ҷамъиятӣ 17,3 фоиз ва ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 82,7 фоизро ташкил медиҳад.

Қайд карда шудааст, ки раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ҷаласаро натиҷагирӣ намуда , роҳбарони корхонаю муассисаҳоро вазифадор намуд, ки барои сазовор пешвоз гирифтани чашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи қувваи барқ, оқилона истифодабарии замин, зимистонгузаронӣ, сари вақт ва хушсифат ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ, иҷрои андозҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд.

 

103
Барчаспҳо:
евро, рубл, доллар, муҳоҷирон, маблағ, иқтисод, Норак, Тоҷикистон
Рустам Эмомали подписывает документ

“Корвон” бо қарори раиси Душанбе бозсозӣ мегардад: чӣ гуна хоҳад шуд? аксҳо

1598
(Таҷдидшуда 15:28 15.01.2021)
Мақомоти меъмории шаҳри Душанбе тарҳи навсозии маҷмааи савдои “Корвон”-ро нашр кардаанд, ки бо унсурҳои миллии меъморӣ таҳия шудааст

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Маҷмааи савдои “Корвон”-и шаҳри Душанбе, ки калонтарин дар Тоҷикистон мебошад, навсозӣ мегардад.

Ба иттилои мақомоти меъмории шаҳри Душанбе дар пайи навсозӣ Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии “Корвон” мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

“Бо қарори раиси шаҳри Душанбе, азнавсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии “Корвон” бо таҳхона ва таваққуфгоҳи нақлиётии бисёрсатҳа оғоз шудааст”, - омадааст дар иттилоияи мақомоти меъморӣ.

Лоиҳакаши тарҳи навсозии “Корвон” корхонаи давлатии “Душанбешаҳрсоз” буда, фармоишгари он ҶДММ “Корвон” мебошад.

“Корвон” калонтарин минтақаи тиҷоратии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар он одатан ба далели зиёд будани одамон ва мошинҳо танбашавии нақлиёт сурат мегирад. Дар тарҳи ҷадид таваққуфгоҳи бисёрқабата пешбинӣ шудааст, ки интизор меравад, мушкили танбашавии нақлиётро бартараф кунад.

1598
Барчаспҳо:
навсозӣ, бозор, Тоҷикистон
В московском Музее Востока открылась выставка В тени вершин

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 20:10 16.01.2021)
Намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ  “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.

0
Барчаспҳо:
баргузор, саноат, Душанбе, намоишгоҳ, Афғонистон