Национальный банк Таджикистана

Бозори арз: Бонки миллӣ қурби рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

451
(Таҷдидшуда 16:31 21.12.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, душанбе, аввали ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1527 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.8380 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1527 то 0.1550 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1525 то 0,1540 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1525 то 0.1540 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1540 сомонӣ нишон дода шудааст.

Иқтисоддонҳо гуфтан, кадом асъор нисбат ба доллар фоидаовартар аст

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

451
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон в кукурузном поле

Президент деҳқонони тоҷикро як сол аз андоз озод кард

631
(Таҷдидшуда 14:46 26.01.2021)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи паёми солона дар назди парлумони кишвар пешниҳод кард, ки кишоварзони тоҷик як сол аз андоз озод шаванд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон тамоми кишоварзони Тоҷикистонро аз пардохти андози ягонаи замин барои як сол озод кард.

Президент аз мушкил омадани соли 2021 таъкид кард ва гуфт, дар саросари ҷаҳон дар ин сол нарасоии маводи озуқаворӣ ҳис хоҳад шуд.

COVID-19 ё пинҳонкорӣ: нақшаи андоз дар Суғд иҷро нашуд

Ӯ ёдрас шуд, ки қаблан низ борҳо таъкид мекард, ки бояд соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тақвият дода шавад.

Президент тавсиф кард, ки соли 2020 Тоҷикистон тавонист дар ин соҳа ба дастовардҳо ноил шавад. 

"Имсол ҳам бояд дар бахши кишоварзӣ заҳмати зиёде кашид", - таъкид кард вай.

Ӯ ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки барои пӯшонидани ин қисми буҷаи давлат чора андешад, зеро ин маблағи каме нест.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳаҷми яксолаи ин навъи андоз 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ҳангоми ироаи паёми солана дастур дод, ки Кодекси андози Тоҷикистон такмил дода шавад.

Президент мӯҳлат дод, ки то моҳи март Кодекси нави андоз омода гардад. Вай афзуд, ки дар кодекси нав ба дастгирии соҳибкорон диққати бештар дода шавад.

631
Барчаспҳо:
деҳқон, андоз, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон гуфт, баъзе сарони кишварҳои ИДМ аз пушташ механдиданд: шарҳ дод, ки чаро

884
(Таҷдидшуда 13:41 26.01.2021)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар гуфт, сатҳи боғу токпарвариро барои рушди иқтисоду зиндагӣ бештар кард, ва аз деҳқонон даъват кард, ки ба ҳеҷ кас гӯш надиҳанд ва талош барои беҳбуд кунанд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури кишвар ин нуктаро зимни паёми солонааш ба парлумон изҳор дошта гуфт, вақте барномаи рушди боғу токпарвариро қабул кард, ҳатто баъзе сарони кишварҳои ИДМ аз пушташ хандиданд.

Ӯ гуфт, вақте дастур дод, ки талу теппаҳоро боғзор кунанд, баъзе сарони кишварҳои ИДМ ба ӯ хандида гуфтаанд: "Раҳмон дигар кор надорад талу теппаҳоро боғу токпарварӣ мекунад".

Бонки миллӣ гуфт, чаро нархи равғану шакар қиммат шуд: боз гарон мешавад

Ба гуфти президент, ин талошҳояш буд, ки самар доданд ва танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки ҳоло дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши назаррас бозида истодааст.

Ӯ гуфт, дастураш ва талошҳои деҳқонону боғдорон буд, ки ба ин сатҳ расид.

Раисиҷумҳур мисол оварда гуфт, дар замони Шӯравӣ дар самти Душанбе-Хатлон талу теппаҳо чизе надошт.

"Чизе набуд ҳатто ошхонае набуд. Имрӯз бубинед чигуна обод шудааст. Маҳсули ин боғот ба хориҷа содирот мешавад".

Ба таъкиди ӯ, натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзон ва чораҳои амалинамудаи Ҳукуматро мо имрӯз дар фаровонии маҳсулоти истеҳсоли худӣ дида истодаем.

Раҳмон аз пандемияву буҳрон гуфт: ҷаҳон чунинро тайи сад сол ёд надош

Вобаста ба ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро, махсусан, дар соли 2021 таъмин намоянд, гуфт президенти кишвар.

884

Русия масоили Қарабоғи Кӯҳиро бо Эрон ҳал мекунад - видео

0
(Таҷдидшуда 19:43 26.01.2021)
Вазирони хориҷаи Русия ва Эрон, Сергей Лавров ва Ҷавод Зариф дар масъъалаи Қарабоғи кӯҳӣ ба мувофиқа расиданд

Вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров бо ҳамтои эронии худ Муҳаммад Ҷавод Зариф дидору мулоқот кард.

Дар ниҳояти ин гуфтугӯ вазири ФР эълон дошт, ки Русия барои ҳалли мушкили Қарабоғи Кӯҳӣ бо Эрон манифатдор аст.

"Бо дарназардошти нақши кишварҳоямон дар минтақа, мо ба амиқтар кардани муколама оид ба масъалаҳое, ба монанди амният дар Халиҷи Форс, мушкилоти ҳалли Афғонистон манфиат ҳастем ва албатта, вазъе, ки дар атрофи Қарабоғи Кӯҳӣ ба вуҷуд омадааст, баррасӣ хоҳем кард", - изҳор дошт Лавров.

Раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия афзуд, шакке нест, ки Эрон ба пайвастан ба ин лоиҳаҳо манфиатдор хоҳад буд.

"Дар ин бора аллакай нақшаҳои мушаххас мавҷуданд, механизми сеҷониба дар сатҳи муовинони сарвазир сохта шудааст, ки бояд нишасти аввалро дар ояндаи наздик баргузор кунад. Ғайр аз Русия, Эрон, Туркия, хоҳишмандони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд ба барқарорсозии иқтисод ҳамроҳ шаванд", -  илова кард вазир.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамтои руси худро барои расидан ба сулҳ дар минтақа табрик гуфт.

"Ман фикр мекунам, имкон дорад, ки ин муноқишаро барои ҳамаамон ба як нуқтаи назари умумӣ табдил диҳем. Яке аз ҳадафҳои сафари минтақавии ман омӯхтани ин имкониятҳо мебошад", - гуфт Муҳаммад Ҷавод Зариф.

Лавров гуфт, Русия Қарабоғи Кӯҳиро ҳамроҳ мекунад ё не

Мулоқоти навбатии сарони вазоратҳои корҳои хориҷии Русия ва Эрон моҳи феврал дар назар аст.

0
Барчаспҳо:
гуфтушунид, Қарабоғи Кӯҳӣ, Афғонистон, Эрон, Русия