Банкомат, архивное фото

Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 37 фоиз кам шуд

165
(Таҷдидшуда 19:06 21.12.2020)
Ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 дар маҷмуъ ҳудуди 37 дарсад коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Ҳаҷми интиқоли пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон тавассути низомҳои пардохт дар моҳҳои январ-сентябри соли 2020 аз 1,2 миллиард доллар гузашт, ки нисбати соли гузашта қариб се баробар зиёд мебошад. Аммо дар маҷмуъ ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад Бонки марказии Русия.

Ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ дар нуҳ моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 се маротиба зиёд аст. Он замон ҳаҷми интиқолҳо ба 434 миллион доллар расида буд.

Сухан дар бораи амалиёт танҳо тавассути системаҳои пардохтӣ ва Маркази миллии протсессингии Тоҷикистон меравад, ки дар охири соли гузашта ба кор шурӯъ кард.

Ба иттилои манбаъ, дар умум ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон қариб 37% коҳиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, дар 9 моҳи соли 2020 шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар маҷмуъ аз Русия ба Тоҷикистон 717 миллион доллар камтар интиқол доданд, бинобар ин маблағ аз 1,9 то 1,2 миллиард доллар коҳиш ёфт.

Бонки марказии Русия аз интиқоли рекордии пул ба кишварҳои ИДМ хабар дод

Ҳамзамон, дар соли 2020 шахсони воқеӣ тавонистанд тақрибан 100% интиқоли ғайринақдиро аз Русия ба Тоҷикистон тавассути низомҳои пардохт амалӣ кунанд.

165
Барчаспҳо:
интиқоли пул, Бонки марказии Русия, Тоҷикистон
Подписание соглашения о тоннеле Истиклол

Имзои қарордод байни Эрону Тоҷикистон барои такмили нақби “Истиқлол”

488
(Таҷдидшуда 13:12 21.01.2021)
Қарордоди иҷрои марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби “Истиқлол” байни ширкати “Фароб”-и Эрон ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар маросими имзои ин қарордод, ки шоми дирӯз дар толори меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, вазири нақлиёти Тоҷикистон, сафири Эрон, раиси ширкати “Фароб” ва дигар меҳмонони эронӣ ва дохилӣ ширкат карданд, иттилоъ додааст сафорати Эрон дар Тоҷикистон.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар суханронии худ имзои ин қарордодро рӯйдоди муҳим хонд ва ба он ишора кард, ки бунёди нақби “Истиқлол” ҳанӯз дар замони Шӯравӣ оғоз шуда буд, аммо бо сабабҳои гуногун ба анҷом нарасид.

“Пас аз он ки мо бо дӯстони худ аз Эрон шартнома бастем ва марҳилаи аввали сохтмони ин нақб амалӣ шуд, мардум тавонистанд аз он истифода кунанд. Баъдан баъзе мушкилиҳо, аз ҷумла ҷорӣ шудани об аз сақфи нақб пайдо шуд, ки ба тадриҷ бартараф гардиданд”, - таъкид дошт Азим Иброҳим.

Ба гуфтаи вазири нақлиёти Тоҷикистон, марҳилаи дуввуми ин лоиҳа бо сабабҳои гуногун ба таъхир афтод, аммо бо имзои қарордод корҳои марбут ба он, аз ҷумла, равшанидиҳӣ, ҳавокашӣ, оташнишонӣ, насби дурбинҳои назоратӣ, ки барои таъмини бехатарии ҳаракат дар дохили нақб муҳиманд, иҷро хоҳад шуд.

Вай Тоҷикистону Эронро ду кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва дорои таърихи муштарак хонд ва аз он ёдовар шуд, ки Эрон дар татбиқи бисёр лоиҳаҳои зерсохтӣ дар Тоҷикистон, аз қабили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда 2” ва нақби “Истиқлол” ширкат намудааст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби “Истиқлол” то ҷашни 30 солагии истиқлолияти кишвар ба поён хоҳад расид.

Сафири Эрон Муҳаммадтақии Собирӣ низ зимни суханоне нақби “Истиқлол”-ро тарҳи муҳим хонд, ки иртиботи байни шимол ва ҷануби Тоҷикистонро фароҳам кардааст.

Вай изҳори умедворӣ кард, ки марҳилаи дуввуми ин лоиҳа бомваффақият ба анҷом хоҳад расид ва гоми дигаре ба сӯи рушд ва боландагии Тоҷикистон бардошта хоҳад шуд.

Муовини мудири ширкати обу барқи Эрон Беҳрӯзи Мӯродӣ ин рӯзро муҳим ва таърихӣ номид ва гуфт, ки бо иҷрои бокайфияти ин лоиҳа қадами дигаре дар самти таҳкими равобити миёни ду кишвари дӯст ва ҳамзабон бардошта хоҳад шуд.

  • Подписание соглашения о тоннеле Истиклол
    Подписание соглашения о тоннеле Истиклол
    Пресс-служба посольства Ирана в Таджикистане
  • Подписание соглашения о тоннеле Истиклол
    Подписание соглашения о тоннеле Истиклол
    Пресс-служба посольства Ирана в Таджикистане
1 / 2
Пресс-служба посольства Ирана в Таджикистане
Подписание соглашения о тоннеле Истиклол

Раиси ширкати “Фароб” Алии Вакилӣ тайи суханоне гуфт, ки  "Фароб” яке аз бузургтарин ва ботаҷрибатарин ширкатҳои Эрон аст, ки тарҳҳои зиёдеро дар дохилу хориҷи Эрон дар заминаҳои сохти неругоҳҳои барқи обӣ, ҳароратӣ, роҳу тунел, нафту газ ва ғайра иҷро кардааст.

“Гурӯҳи фаннӣ-муҳандисии “Фароб” тарроҳӣ ва сохти нургоҳи “Сангтӯда 2”-ро, ки намоди дӯстӣ ва пайванди амиқи ду миллати Эрону Тоҷикистон мебошад, дар корномаи худ ба сабт расондааст. Дар тӯли 45 соли фаъолияти худ нерӯгоҳҳои зиёдеро дар дохилу хориҷи Эрон дидаам ва ба таври ҷиддӣ гуфта метавонам, ки нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” корест, ки аз умқи ҷон баромада ва яке аз бокайфияттарин пружаҳо дар сатҳи дунёст. Умедворем, ки битавонем чунин фаъолиятҳоеро дар робита бо дигар лоиҳаҳо низ дар Тоҷикистон анҷом диҳем”, гуфт ӯ.

Вакилӣ гуфт, ки таҷҳизоти лозимро барои иҷрои марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби “Истиқлол” омода кардаанд ва бо оғози корҳо ба Тоҷикистон интиқол дода хоҳад шуд.

Вай гуфт, умедворам ҳамон гуна, ки ҳамкоронам бо ишқ неругоҳи “Сангтӯда 2”-ро сохтанд, ин пружаро низ бо ишқ анҷом диҳанд.

Раиси ширкати “Фароб” дар поёни суханони худ ба он ишора кард, ки саҳми Тоҷикистону Эрон дар ин лоиҳа 50 дарсадӣ буда ва агар ҳарду тараф  тааҳҳудоти худро бамавқеъ иҷро кунанд, то ҷашни 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон он ба истифода дода хоҳад шуд.

488
Барчаспҳо:
имзо, қарордод, "Истиқлол", ифтитоҳи нақби Истиқлол, Эрон, Тоҷикистон
Кохир Расулзода, награждает бизнесменов Хатлона за вклад в развитие

Расулзода ба 14 ободгари сахии Хатлон ҷоиза дод: ному хайри ҷоизадорон-акс

255
(Таҷдидшуда 19:30 20.01.2021)
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Қурбон Ҳакимзода, раиси Хатлон ба 14 соҳибкор ҷоизаи “Ободгари Ватан” тақдим намуданд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, Кумитаи тадорукоти озмуни вилоятии "Ободгари Ватан" дар семоҳаи чоруми соли гузашта 14 соҳибкорро ғолиб донист.

Соҳибкорони пирӯз дар чароғонкунӣ, сохтмони беморхона, роҳҳо, мактаб, майдончаҳои варзишӣ, бунёди биноҳои истиқоматӣ ва ғайра саҳм гузоштаанд.

  • Шарипов Некрӯз - барои гузоштани атраксионҳо дар боғи Раҳмон Мӯрчаев воқеъ дар шаҳри Бохтар.
  • Раҳматов Илҳом - барои саҳм гузоштани дар таъмири биноҳо ва чароғонкунии намои биноҳо дар ҳудуди шаҳри Бохтар.
  • Раҷабов Шодиҷон - барои бунёди маркази саломатӣ дар деҳаи Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод.
  • Нозимов Хуршед- барои бунёди МТМУ №2 дар кӯчаи Рӯдакии Ҷамоати шаҳраки “Фархор”-и ноҳияи Фархор бо 2000 ҷойи хониш.
  • Сайфов Сайнуриддин - барои мумфаршкунии 1,5 километр роҳи маҳаллӣ дар Ҷамоати деҳоти “Навобод”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.
  • Гулонов Абдулҳафиз - барои бунёди майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати шаҳраки “Балхӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.
  • Сафаров Сафаралӣ - барои бунёди бинои истиқоматии 5-ошёна, бо маркази савдо дар ошёнаи якум, дар маркази шаҳри Норак.
  • Асатзода Муҳаммадалӣ - барои бунёди қаҳвахонаи “Наврӯз” дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Шаҳритуз.
  • Маҳмадалиев Хуршед - барои бунёди майдончаи варзишӣ дар маркази ноҳияи Шаҳритуз.
  • Холов Иноят - барои бунёди бинои маркази саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти “Ҳилолӣ”-и ноҳияи Хуросон.
  • Ҷобиров Абдуҳалим - барои мумфарш намудани 13,1 км роҳи автомобилгарди РҶ-029 даромад ба маркази ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ.
  • Қурбонов Абдураҳим - барои бунёди бинои баландошёна бо ҷойгир намудани маркази савдо дар ошёнаи якум, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ.
  • Раҷабов Ориф - барои сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Каромати Ҷамоати деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара.
  • Нозилов Раҷабалӣ - барои сохта ба истифода додани мактаб барои 144 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулафшони Ҷамоати деҳоти “Оқсу”-и ноҳияи Данғара.

Ҳукумати Хатлон таъкид намудааст, ки озмуни мазкур бо мақсади иҷрои амри раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир мегардад.

Манбаъ таъкид кардааст, ҳар семоҳа ба соҳибкорон ва шахсони саховатпешае, ки дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас мегузоранд, тақдим мегардад.

255
Барчаспҳо:
сармоягузор, саховатмандӣ, Тоҷикистон
Мубинджон Ахмедов на соревнованиях

Баъди муолиҷаи захмҳои корд, Мубинҷон Аҳмадов ба тамрин шурӯъ намуд

0
(Таҷдидшуда 16:54 21.01.2021)
Мубинҷон Аҳмадов, ҷавонпаҳлавони шинохтаи тоҷик, ки дар оғози моҳи декабри соли 2020 дар пайи ҳамлаи як гурӯҳ ҷавонон дар Хуҷанд аз зарби корд захмин гашта буд, аз бемористон рухсат шудааст

ДУШАНБЕ, 21 янв – Sputnik. Аҳмадов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, табибони Бемористони шаҳрии № 1 - и Хуҷанд беш аз ду ҳафта захмҳои бардоштаашро тадобӣ намуда, дар поёни моҳи декабр барои рухсат шудан ба хонааш иҷоза додаанд.

Бино ба гуфтаи табибон, захми корд ба ноҳияи шуш ва гурдаи варзишгар осеб расонидааст.

"Худоро шукр, ки ҷарроҳии захмҳо ба хубӣ сипарӣ шуд. Ташаккур ба табибон, ки дар барқароршавии саломатии ман кӯшиш намуданд. Ҳоло кам-кам ба машқу тамрин сар кардаам", - гуфт варзишгар.

Мубинҷон Аҳмадов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҳодисаи захминшавиаш аз зарби кордро нақл кард. Ӯ гуфт, "шоми санаи 6  декабри соли 2020, ҳамроҳ бо як гурӯҳ ҷавонон дар варзишгоҳи воқеъ дар боғи "Ғалаба" - и Хуҷанд футбол бозӣ кардем ва дар ҷараёни бозӣ бо як ҷавон "нофаҳмие" ба вуҷуд омада, аз ҳамдигар узр пурсида ба бозӣ идома додем.

" Баъди берун шудан аз варзишгоҳ ҳудуди 20 нафар бо он ҷавон якҷо шуда, бо корд ба ман ҳамла карданд. Дар шоми хира кӣ маро бо корд зад, дуруст дида натавонистам", - шарҳ дод Аҳмадов.

Аз Комроншоҳу Хушқадам то Баҳодур: 10 варзишгари беҳтарин Тоҷикистон аз нигоҳи АЖРВТ

Акбар Шарифӣ котиби матбуоти РВКД дар вилояти Суғд ҳодисаи рухдода ба Аҳмадовро шарҳ дода гуфт, ки ду нафар аз омилони ҳамла ба варзишгар дастгир шуда, нисбати онҳо, ки яке хонандаи мактаб (15 - сола)  ва дигаре ҷавони 21 - сола аст, парвандаи ҷиноӣ ба ҷурми "авбошӣ" ва "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" оғоз карда шудааст.

"Кормандони милиса муайян кардаанд, ки ҷавони 21 ва ноболиғи 15-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи боғи фароғатии "Ғалаба", воқеъ дар маҳаллаи 18-уми шаҳри мазкур бо ду ҷавони 24-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

"Сипас ноболиғи 15-сола бо корд 1 маротиба ба шиками ҷавони 24-сола задааст. Баъдан, шахси ба тафтишот номаълум ба ҷанҷоли онҳо ҳамроҳ шуда, бо корд ба бадани ҷавони дигари 24-сола зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - гуфт манбаъ.

Мубинҷон Аҳмадов сокини 24 - солаи шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ барандаи медали бринҷии қаҳрамоии Осиё аз рӯи гуштини тарзи юнонӣ - румӣ дар вазни 63 кг аст, ки феврали соли 2020 дар шаҳри Деҳлии кишвари Ҳиндустон ба даст овардааст.

Ба ҷуз ин, ӯ соли 2019 дар чандин мусобиқаҳои минтақавию байналмиллалӣ дар кишвари Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Фаронса иштирок карда, мақоми ифтихориро ишғол намудааст. Ғолиби 5 каратаи Тоҷикистон аз рӯи гуштини тарзи юнониву румӣ дар вазни 63 кг аст.

Ӯ аз соли 2007 то соли 2018 дар мактаб ва Омӯзишгоҳи захиравии олимпии Русия дар шаҳри Маскав таҳсил кардааст. Шурӯъ аз соли 2018 ӯ ба кишвар баргашта, узви тими мунтахаби Олимпии Тоҷикистон мебошад.

Аҳмадов гуфт, мутаасифона бо сабаби рухдоди ҳодисаи рӯзи 6 декабр ба мусобиқаи ҷаҳонии шаҳри Белгарди кишвари Сербистон иштирок карда натавонист.

“Кӣ медонад, ки пагоҳ чӣ иттифоқе рух медиҳад, ба ҷуз Офаридгор ҳеҷ кас. Барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиядаи шаҳри Токиои Ҷопон омодагӣ мебинам ва умедворам, ки ба ин ниятам муваффақ гардам", - зикр кард варзишгар.

0
Барчаспҳо:
тамрин, корд, Хуҷанд, варзишгар