ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1495 сомонӣ нишон дода шудааст.
Доллари амрикоӣ низ пас аз якбора боло рафтан чанд муддат аст, дар ҳоли суқут қарор дорад. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.7555 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1495 то 0.1510 сомонӣ муқаррар кардааст.
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Тавре Қоҳир Расулзода дар Маҷлиси васеи Ҳукумат тавзеҳ дод, таваррум дар соли 2020 назар ба соли 2010 ба 1,4 фоиз зиёд гардид.
Сарвазири кишвар афзоиши беқурбшавии пули миллиро ба баландшавии нархи маҳсулот дар бозорҳо рабт додааст.
"Дар ин давра сатҳи таваррум 9,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (8 фоиз) 1,4 банди фоизӣ зиёд буда, асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ 13 фоиз, молҳои ғайриозуқа 5,8 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ 4 фоиз ташаккул ёфтааст", - менависад аз қавли сарвазир дафтари матбуоти президент.
Расулзода афзуд, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа ва дигар монеаҳои мавҷудаи марбут ба пандемияи КОВИД-19,ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он дар сатҳи 4,5 фоиз таъмин гардид.
Ба таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот 19,8 фоиз мусоидат намуд.
Дар Тоҷикистон таварруми солона ба сатҳи рекордӣ расид
Бо вуҷуди ин, дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба соли 2019 - 9,9 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 6,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз ва мусофиркашонӣ 2,5 фоиз коҳиш ёфт.
ДУШАНБЕ, 27 январ - Sputnik. Соли 2020 коҳиши иқтисодӣ бузургтарин пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон буд, гуфт президенти Русия Владимир Путин дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос.
Путин таваҷҷӯҳро ба аз даст додани даромади меҳнатии 3,5 триллион доллар дар 9 моҳи соли гузашта ҷалб кард.
"Нишондиҳанда афзоиш меёбад ва дар баробари он ташаннуҷи ҷомеа. Ҳамзамон, барқарорсозии пас аз бӯҳрон осон нест",- гуфт сарвари давлат.
Роҳбари Русия қайд кард, ки 20-30 сол пеш онҳо сиёсати болоравии макроиқтисодиро истифода мебурданд, аммо ҳоло ин захираҳо кор намекунанд, зеро захираҳо тамом шудаанд.
Форуми ҷаҳонии иқтисодии Давос 2021 аз 24 то 29 январ баргузор мешавад.
Чорабинӣ ба мавзӯи "Тағйироти бузург" бахшида шудааст. Дар форум президенти Русия Владимир Путин низ ширкат варзид.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Авазхон Кабиров муассиси бозори "Султони Кабир" ба вазири корҳои дохилӣ, генерал - полковники милиса Раҳимзода Рамазон Ҳармо изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст, хабар медиҳад нашрияи СССР.
Манбаъ аз қавли Кабиров менависад, ки баробари аланга гирифтани оташ, раёсати ВКД ва ҳатто худи вазир ба макони ҳодиса ташриф оварда, кори оташнишононро назорат ва сафарбар мекард.
Муассиси бозори мазкур саҳми оташнишонону кормандони раёсати ВУД - ро махсусан қайд карда, изҳор доштааст, ки "агар ҷонфидоии кормандон, ба вежа раҳбарияти ВУД намебуд, хатари пурра ба коми сӯхтор фурӯ рафтани бахши аъзами бозори "Султони Кабир" вуҷуд дошт".
Ёдовар мешавем, рӯзи 25 январ дар бозори "Султони Кабир" сӯхтор сар зад. Омили асосии сӯхтор ба расиши кӯтоҳи ноқилҳо рабт дода шуд.
Боздошти як гурӯҳ дуздони кисабур дар бозори “Султони Кабир”
Зарари расонидашуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.
"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад, ки соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор фаъолият мекунанд мекунанд.