Экономический рост, архивное фото

Афзоиши қарзи берунаи Тоҷикистон дар даврони вируси корона

241
(Таҷдидшуда 18:01 24.12.2020)
Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ гуфта шудааст, ки қарзи давлатии Тоҷикистон дар соли 2020 бо суръат афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Қарзи давлатии Тоҷикистон дар соли 2020 наздик ба 40 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) расидааст, гуфта шудааст дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ, зери унвони "Кунд шудани рушди иқтисодии Тоҷикистон дар шароити пандемия".

"Қарзи берунаи Тоҷикистон то моҳи сентябри соли равон наздик ба 40 дарсади ММД расидааст. Дар соли 2019 ин рақам муодили 36,6 дарсади ММД буд", - таъкид шудааст дар гузориш.

Афзоиши қарзи давлатӣ ба сабаби гирифтани маблағҳои қарзӣ аз ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ ва кам гаштани интиқолҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ сурат гирифтааст. Ба афзоиши қарз ҳамчунин ҷамъоварии ками андоз таъсири манфӣ расонидааст, илова шудааст дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ.

Тибқи хулосаи мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҳисоби қарз Ҳукумати Тоҷикистон норасоии зиёди буҷаи давлатиро, ки ба сабаби пандемияи вируси корона сурат гирифт, ҷуброн намудааст. Ҷумҳурӣ аз Сандуқи байналмилалии пул (189,5 миллион доллар), Бонки Осиёии Рушд (беш аз 102,5 миллион доллар) ва аз Бунёди субот ва рушди АвруОсиё (50 миллион доллар) қарз гирифтааст.

Дар гузориш ҳамчунин қайд шудааст, ки дар давраи пандемияи вируси корона Бонки Ҷаҳонӣ ба бахши тандурустии кишвар 11,3 миллион доллар кумак расонида, боз тасмим дорад 16,2 миллион доллари дигар кумак намояд.

Ҳамин тавр мақомот тасмим доранд ин мушкилотеро, ки бар асари вируси корона сар задаанду мӯҷиби норасоии буҷа шудаанд, ҷуброн намояд.

Инчунин мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ қайд кардаанд, ки қарзҳои додашуда ба Тоҷикистон дар соли 2020 сарбории қарзро боз афзоиш медиҳад.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки дар Тоҷикистон хавфи эътибор (дефолт) вуҷуд дорад ба ҳамин хотир қарзҳои нав метавонад вазъи қарзи даватиро боз ҳам мураккабтар кунанд.

241
Барчаспҳо:
Бонки ҷаҳонӣ, вируси корона, афзоиш, қарз, Тоҷикистон
Дымовые трубы ТЭЦ, архивное фото

Расонаҳо: чоряки корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар соли 2020 фаъолият накарданд

49
(Таҷдидшуда 19:15 23.01.2021)
Набуди маводи хом, кори мавсимӣ, мушкилоту қарзҳои молӣ, фарсудагии таҷҳизот ва нотавонии маҳсулоти тавлидӣ дар рақобат сабаби аз кор мондан будааст

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дувоздаҳ ҳазор воҳиди тавлидӣ ва саноатии сабтшуда дар Тоҷикистон дар соли 2020 ҳеч фаъолияте надоштаанд, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба "Садои Хуросон".

Бино бар иттилои манбаъ, 48 ҳазор корхонаву коргоҳи саноатӣ дар Тоҷикистон ба сабт расида, ки беш аз 25 дарсади онҳо баробар бо 12 ҳазор воҳид дар соли гузашта фаъол набудаанд.

Гости и участники форума предпринимателей
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Набуди маводи хом, кори мавсимӣ, мушкилоту қарзҳои молӣ, фарсудагии таҷҳизот ва нотавонии маҳсулоти тавлидӣ дар рақобат бо тавлидоти минтақаӣ аз далоили таваққуфи фаъолияти ин корхонаҳову воҳидҳои саноатӣ аст.

Дар соли 2020 ҳамчунин 1193 корхона дар Тоҷикистон ба сабт расида ва муҷаввизи фаъолияти 850 корхона низ лағв шудааст.

Гуфта мешавад, ки 36 дарсад аз воҳидҳои саноатии фаъол дар вилояти Cуғд, 31,5 дарсад дар вилояти Хатлон, 18,4 дарсад дар шаҳри Душанбе, 12,7 дарсад дар ноҳияҳои марказӣ ва 1,7 дарсад дар вилояти Бадахшон воқеъ шудаанд.

Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар ин кишвар 265 корхона дар бахши истихроҷи маъдан, 1800 воҳид дар заминаи коркард ва 70 воҳид низ дар бахши таъмини барқ, об ва газ фаъолият ме‌кунад.

Нархи газ ва бензину дизел дар Тоҷикистон якбора то 10% гарон шуд

Дар Тоҷикистон наздик ба 800 корхона ва ширкат бо сармоягузории давлатӣ мудирият мешавад.

Аммо нуктаи ҷолиб ин аст, ки бештари ин корхонаҳо ва ширкатҳои давлатӣ аз ҷумлаи бузургтарин қарздорон ба шумор мераванд ва мизони қарзи ин марокиз дар моҳи октябри соли 2020 ба 87 миллиард сомонӣ (муодили 8 миллиарду 200 миллион доллар) расид.

49

Чаро мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бренди миллӣ дошта бошанд?

190
(Таҷдидшуда 13:16 23.01.2021)
Мақомоти Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Бренди миллии Тоҷикистон” эълон намудаанд, ки ҷоизаи аслии он 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди миллии Тоҷикистон” эълон намудааст.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳадафи асосии озмуни мазкур муайян намудани нишонаи Бренди миллии Тоҷикистон буда, он бояд муқаддасоти миллӣ, фарҳангу тамаддун, табиати зебоманзар ва имконияти истеҳсолии кишварро инъикос намуда, муаррифи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошад.

Гуфта шудааст, ки дар озмуни мазкур шахсоне, ки қобилияти тарроҳӣ, рассомӣ ва эҷодкорӣ доранд, иштирок карда метавонанд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ғолиби озмун бо ҷоиза, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешавад.

Зикр гардидааст, ки хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмун бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14 “а” пешниҳод намоянд.

190
Барчаспҳо:
ҷоиза, Вазорати рушди иқтисод, озмун, бренд, Тоҷикистон
Молоток судьи, архивное фото

Додгоҳ нафаре, ки ҳамсари бародарашро ғорат кард, ҷазо дод

0
Додгоҳи шаҳри Панҷакен ҳукми сокини маҳаллӣ С. М-ро содир кард, ки дар ҷинояти дуздӣ муттҳама мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии додгоҳи шаҳри Панҷакент, шаҳрванд С.М. бо иттиҳоми ғорати хонаи бародараш муҷозот шуд.

Ба иттилои манбаъ, судшуда санаи 26 июни соли гузашта, оиди ҷои нигоҳдошти маблағҳои пулии ҳамсари бародараш, ки аслан дар суроғаи шаҳри Гулистон кӯчаи Ҷавонӣ ҳамчун иҷоранишин истиқомат карда, муваққатан  дар шаҳри қарор дошт, маълумот пайдо мекунад.

Ӯ худи ҳамон рӯз тахминан соати 14.00 дақиқа бо мақсади дуздии маблағҳои зикршуда, аз сумкаи дастии ҳамсари бародараш пинҳонӣ калиди дари даромади хонаи иҷоравиашро гирифта, пинҳонӣ ба шаҳри Гулистон омада,  аз фурсати муносиб, яъне набудани аъзои оила вориди хонаи мазкур гардидааст.

“Сипас зулфини қулфи  сандуқи дохили хонаро шикаста, аз дохили он бо тариқи  ниҳонӣ 5000 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллӣ маблағи 51537 сомону 50 дирамро тасарруф намуда, ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”,- афзудааст, манбаъ..

Гуфта мешавад, ӯ худи ҳамон рўз ба ҷои истиқоматии доимиаш баргашта, дар оянда маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро давра ба давра барои манфиатҳои худ сарф кардааст.

Манбаъ мегӯяд, ҷазо ба муттаҳам бо дастрасии моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор содир кард.

Ғорати ташкилоти бонкӣ дар Панҷакент: пул наёфт ноутбукҳоро рабуд

Мавриди зикр аст, ки моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуздӣ дар ҳаҷми калон буда, он маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол аз озодиро пешбинӣ мекунад.

0