Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

231
(Таҷдидшуда 13:06 25.12.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз. Бар пояи нишондоди он арзиши рубл, ки чанд рӯз пеш каме коҳиш ёфта буд дубора боло рафту евро каме поин омад

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1313 сомонӣ нишон дода шудааст.

Доллари амрикоӣ низ пас аз якбора боло рафтан чанд муддат аст, дар ҳоли суқут қарор дорад. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.7804 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1513 то 0.1520 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1520 то 0,1535 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1520 то 0.1540 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1530 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

231
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки миллӣ, Тоҷикистон
Дымовые трубы ТЭЦ, архивное фото

Расонаҳо: чоряки корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар соли 2020 фаъолият накарданд

47
(Таҷдидшуда 19:15 23.01.2021)
Набуди маводи хом, кори мавсимӣ, мушкилоту қарзҳои молӣ, фарсудагии таҷҳизот ва нотавонии маҳсулоти тавлидӣ дар рақобат сабаби аз кор мондан будааст

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дувоздаҳ ҳазор воҳиди тавлидӣ ва саноатии сабтшуда дар Тоҷикистон дар соли 2020 ҳеч фаъолияте надоштаанд, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба "Садои Хуросон".

Бино бар иттилои манбаъ, 48 ҳазор корхонаву коргоҳи саноатӣ дар Тоҷикистон ба сабт расида, ки беш аз 25 дарсади онҳо баробар бо 12 ҳазор воҳид дар соли гузашта фаъол набудаанд.

Гости и участники форума предпринимателей
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Набуди маводи хом, кори мавсимӣ, мушкилоту қарзҳои молӣ, фарсудагии таҷҳизот ва нотавонии маҳсулоти тавлидӣ дар рақобат бо тавлидоти минтақаӣ аз далоили таваққуфи фаъолияти ин корхонаҳову воҳидҳои саноатӣ аст.

Дар соли 2020 ҳамчунин 1193 корхона дар Тоҷикистон ба сабт расида ва муҷаввизи фаъолияти 850 корхона низ лағв шудааст.

Гуфта мешавад, ки 36 дарсад аз воҳидҳои саноатии фаъол дар вилояти Cуғд, 31,5 дарсад дар вилояти Хатлон, 18,4 дарсад дар шаҳри Душанбе, 12,7 дарсад дар ноҳияҳои марказӣ ва 1,7 дарсад дар вилояти Бадахшон воқеъ шудаанд.

Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар ин кишвар 265 корхона дар бахши истихроҷи маъдан, 1800 воҳид дар заминаи коркард ва 70 воҳид низ дар бахши таъмини барқ, об ва газ фаъолият ме‌кунад.

Нархи газ ва бензину дизел дар Тоҷикистон якбора то 10% гарон шуд

Дар Тоҷикистон наздик ба 800 корхона ва ширкат бо сармоягузории давлатӣ мудирият мешавад.

Аммо нуктаи ҷолиб ин аст, ки бештари ин корхонаҳо ва ширкатҳои давлатӣ аз ҷумлаи бузургтарин қарздорон ба шумор мераванд ва мизони қарзи ин марокиз дар моҳи октябри соли 2020 ба 87 миллиард сомонӣ (муодили 8 миллиарду 200 миллион доллар) расид.

47

Чаро мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бренди миллӣ дошта бошанд?

189
(Таҷдидшуда 13:16 23.01.2021)
Мақомоти Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Бренди миллии Тоҷикистон” эълон намудаанд, ки ҷоизаи аслии он 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди миллии Тоҷикистон” эълон намудааст.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳадафи асосии озмуни мазкур муайян намудани нишонаи Бренди миллии Тоҷикистон буда, он бояд муқаддасоти миллӣ, фарҳангу тамаддун, табиати зебоманзар ва имконияти истеҳсолии кишварро инъикос намуда, муаррифи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошад.

Гуфта шудааст, ки дар озмуни мазкур шахсоне, ки қобилияти тарроҳӣ, рассомӣ ва эҷодкорӣ доранд, иштирок карда метавонанд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ғолиби озмун бо ҷоиза, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешавад.

Зикр гардидааст, ки хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмун бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14 “а” пешниҳод намоянд.

189
Барчаспҳо:
ҷоиза, Вазорати рушди иқтисод, озмун, бренд, Тоҷикистон
Ново-Ангренской ТЭС,  Узбекистан

Худкушии сардори коргоҳ баъди садамаи нерӯгоҳи ҳароратие дар Ӯзбекистон

0
Сардори коргоҳе, ки дар садамаи ТЭС-и Ново-Ангрени Узбакистон ширкат дошт, пас аз бозпурсии мақомот худкушӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Раҳбари коргоҳи нерӯгоҳи ҳароратии Ново-Ангрен худкушӣ кард, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Узбекистон бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати энергетика.

Бв иттилои манбаъ, мард дар хонаи худ худкушӣ кардааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки сардори коргоҳ ба тафтишот ҷалб шуда, барои бозпурсӣ даъват шудааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 20 январ се корманд дар бинои панҷуми нерӯгоҳи ҳароратии Ново-Ангрен бар асари хуруҷи омехтаи ғубори ангишт ҷони худро аз даст доданд. Се коргари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Вазорати энергетика мегӯяд, ки қабл аз иҷрои кор ба гурӯҳи пудратчиён дастур дода шуд ва ба ин объект иҷозати зарурӣ гирифтанд.

Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулода, дар натиҷаи ҳолати фавқулода инфрасохтор ва таҷҳизоти технологии нерӯгоҳ осеб надидаанд.

Фоҷиа: худкушии модари ҷавоне, ки ба кори саҳро машғул буду тифлаш аз тасф ҷон дод

Тафтиши ҳодиса идома дорад. Ба оилаҳои халокшудагон аз давлат ба маблаги 105 миллион сум товон дода мешавад.

0
Барчаспҳо:
худкушӣ, садама, Ӯзбекистон