Профессор Алексей Маслов, профессори Мактаби олии иқтисод, акс аз бойгонӣ

Коҳиши гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон: шарҳи профессор Маслов

124
Дар ҷамъбасти 11 моҳи соли равон гардиши коло миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 300 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 дарсад кам мебошад

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Алексей Маслов, мудири Пажуҳишгоҳи Шарқи Дури Академияи улуми Русия ва прфоессори Мактаби олии иқтисодӣ далели коҳиши гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро шарҳ дод.

Ӯ мегӯяд, муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон то ҳадде зери сояи муносиботи Русия ва Чин қарор доранд.

Ба гуфтаи профессор, Тоҷикистону Ӯзбекистон тақрибан як намуди молу маҳсулот истеҳсол мекунанд, чун дар як қаламрави иқлимӣ қарор доранд.

"Маҳсулоти нодире дар ин маврид пешниҳод кардан мушкил аст. Аммо Ӯзбекистону Тоҷикистон долони муҳими нақлиётӣ ҳангоми интиқоли бор аз Чин ба Осиёи марказӣ ва майдони муҳим барои сармоягузориҳои эҳтимолии Русия будан метавонанд”,  - изҳор дошт Маслов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ илова намуд, ки ҷумҳуриҳо то охир имконоти рушдашонро истифода набурда истодаанд, ки ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ яке аз онҳост.

“Чунин минтақаҳо метавонанд сармоягузориҳои тарафайнро тақвият диҳанд. Кишварҳо то ҳол натавонистаанд, бозори хориҷиро дар мавриди  фазои мусоиди иқтисодии худ муътақоид кунанд”, - тавзеҳ дод коршинос.

Маслов мегӯяд, дар пайи пандемия уфт дар бахшҳое аз иқтисоди Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 15 то 50 дарсадро ташкил дод. Ӯ ташкили технопаркҳою долонҳои нақлиётиро аз ҷумлаи имконоти рушди иқтисодиёти ин кишварҳо арзёбӣ кард.

124
Барчаспҳо:
гардиши мол, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Сомони и доллары, архивное фото

Касри савдои хориҷии Тоҷикистон 1 миллиарду 774 миллион долларро ташкил кардааст

48
(Таҷдидшуда 13:39 18.01.2021)
Гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ соли гузашта тақрибан 4,6 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2019 0,8% зиёд аст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Касри тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон барои соли 2020 1 миллиарду 744 миллион долларро ташкил додааст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ соли гузашта тақрибан 4,6 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 34,1 миллион ё 0,8% зиёдтар аст.

Содироти молҳо дар соли 2020 бо афзоиши 19,8% 1406,9 миллиард доллар, воридот - 3150,9 миллиард долларро ташкил дода, 5,9% коҳиш ёфтааст.

Маводи асосии содирот металлҳои қиматбаҳо, семент, нахи пахта ва меваҳои хушк мебошанд. Воридотро маҳсулоти нафтӣ ва ғалладона, маҳсулоти хӯрокворӣ бартарӣ медиҳанд.

Соли қиматӣ: нархи чиҳо чӣ қадар болову пойин рафтааст? – омори расмӣ

Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар соли 2020 гардид, гардиши савдо 21,4% аз ҳаҷми умумиро ташкил дод. Қазоқистон дар савдо дар ҷои дуввум аст - 20%. Зиёда аз 15% - Швейтсария, Чин - 10,4%.

Соли гузашта, дар соли 2019, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз 4,5 миллиард доллар буд.

48
мулоқоти раиси Кумитаи сармоягузорӣ, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ва сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаев

Азми Душанбею Остона барои густариши ҳамкориҳо

52
(Таҷдидшуда 13:45 17.01.2021)
Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҳамкориҳои ду кишварро густариш диҳанд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар назар аст ҷаласаи навбатии 16-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардад.

Манбаъ афзуд, омодагӣ ба ҷаласаи мазкур дар мулоқоти раиси Кумитаи сармоягузорӣ, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ва сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаев баррасӣ шуд.

“Зимни вохурӣ масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт”, - омадааст дар иттилоия.

Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки имкону захираҳои мавҷуда ҳар ду ҷониб барои таҳкими ҳамкориҳо зиёд мебошанд.

Феълан, Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон буда, таъминкунандаи кишвар бо орду маводи сӯхт мебошад.

52
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Қазоқистон, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Таъиноти кадрӣ аз Бонки миллӣ то Прокуратураи генералӣ: президент кадрҳоро ҷобаҷо кард

191
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як қатор ниҳодҳои кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дода, кадрҳоро ҷобаҷо кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон  дар соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Бонки миллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Презиндент кадрҳои таъингардидаро имрӯз ба ҳузур пазируфтааст.

"Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс ва Ёқубзода Мирҳаёт ба вазифаҳои муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардиданд. Восидиён Фарҳод бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шуд", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, сардорони Раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва дигар Раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентии мазкур аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба таъин гардиданд.

Бо фармони Раҳмон ваколати судяи суди вилояти Хатлон қатъ шуд

"Ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокуророни ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Ховалинг, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кормандони собиқадору соҳибтаҷриба таъин шуданд", - меафзояд манбаъ.

 Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо кадрҳо аз мушкилоту камбудӣ ва қонуншиканиҳо дар сохторҳои зикргардида ёдовар шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар системаи идораи бонкӣ, бурдани назорати ҷиддии прокурорӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо дар самти замин, роҳ надодан ба қочоқи молу маҳсулот, мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб мисолҳои мушаххас оварда, иҷрои ҳатмии камбудиҳоро дар муҳлатҳои майян талаб намуданд.

191