Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

388
(Таҷдидшуда 13:45 29.12.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 29 -уми декабр эълон кард

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1523 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.8041 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1523 то 0.1535 сомонӣ муқаррар кардааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.8041 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1523 сомонӣ.

Иқтисоддонҳо гуфтанд, кадом асъор нисбат ба доллар фоидаовартар аст

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

388
Барчаспҳо:
сомонӣ, рубл, қурби асъор, Тоҷикистон
Дымовые трубы ТЭЦ, архивное фото

Расонаҳо: чоряки корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар соли 2020 фаъолият накарданд

49
(Таҷдидшуда 19:15 23.01.2021)
Набуди маводи хом, кори мавсимӣ, мушкилоту қарзҳои молӣ, фарсудагии таҷҳизот ва нотавонии маҳсулоти тавлидӣ дар рақобат сабаби аз кор мондан будааст

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дувоздаҳ ҳазор воҳиди тавлидӣ ва саноатии сабтшуда дар Тоҷикистон дар соли 2020 ҳеч фаъолияте надоштаанд, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба "Садои Хуросон".

Бино бар иттилои манбаъ, 48 ҳазор корхонаву коргоҳи саноатӣ дар Тоҷикистон ба сабт расида, ки беш аз 25 дарсади онҳо баробар бо 12 ҳазор воҳид дар соли гузашта фаъол набудаанд.

Гости и участники форума предпринимателей
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Набуди маводи хом, кори мавсимӣ, мушкилоту қарзҳои молӣ, фарсудагии таҷҳизот ва нотавонии маҳсулоти тавлидӣ дар рақобат бо тавлидоти минтақаӣ аз далоили таваққуфи фаъолияти ин корхонаҳову воҳидҳои саноатӣ аст.

Дар соли 2020 ҳамчунин 1193 корхона дар Тоҷикистон ба сабт расида ва муҷаввизи фаъолияти 850 корхона низ лағв шудааст.

Гуфта мешавад, ки 36 дарсад аз воҳидҳои саноатии фаъол дар вилояти Cуғд, 31,5 дарсад дар вилояти Хатлон, 18,4 дарсад дар шаҳри Душанбе, 12,7 дарсад дар ноҳияҳои марказӣ ва 1,7 дарсад дар вилояти Бадахшон воқеъ шудаанд.

Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар ин кишвар 265 корхона дар бахши истихроҷи маъдан, 1800 воҳид дар заминаи коркард ва 70 воҳид низ дар бахши таъмини барқ, об ва газ фаъолият ме‌кунад.

Нархи газ ва бензину дизел дар Тоҷикистон якбора то 10% гарон шуд

Дар Тоҷикистон наздик ба 800 корхона ва ширкат бо сармоягузории давлатӣ мудирият мешавад.

Аммо нуктаи ҷолиб ин аст, ки бештари ин корхонаҳо ва ширкатҳои давлатӣ аз ҷумлаи бузургтарин қарздорон ба шумор мераванд ва мизони қарзи ин марокиз дар моҳи октябри соли 2020 ба 87 миллиард сомонӣ (муодили 8 миллиарду 200 миллион доллар) расид.

49

Чаро мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бренди миллӣ дошта бошанд?

190
(Таҷдидшуда 13:16 23.01.2021)
Мақомоти Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Бренди миллии Тоҷикистон” эълон намудаанд, ки ҷоизаи аслии он 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди миллии Тоҷикистон” эълон намудааст.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳадафи асосии озмуни мазкур муайян намудани нишонаи Бренди миллии Тоҷикистон буда, он бояд муқаддасоти миллӣ, фарҳангу тамаддун, табиати зебоманзар ва имконияти истеҳсолии кишварро инъикос намуда, муаррифи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошад.

Гуфта шудааст, ки дар озмуни мазкур шахсоне, ки қобилияти тарроҳӣ, рассомӣ ва эҷодкорӣ доранд, иштирок карда метавонанд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ғолиби озмун бо ҷоиза, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешавад.

Зикр гардидааст, ки хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмун бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14 “а” пешниҳод намоянд.

190
Барчаспҳо:
ҷоиза, Вазорати рушди иқтисод, озмун, бренд, Тоҷикистон
 Дастин Пуарье, архивное фото

Ирода ва тактика: Поре Макгрегорро шикаст дод

62
(Таҷдидшуда 10:54 24.01.2021)
Муборизаи ҷолибу диданӣ "Ҷазираи муҳорибаҳо" воқеъ дар наздикии Абу-Даби ғолибро муайян кард, ки вай тамоми имкони ба даст овардани камарбанди қаҳрамониро дорад

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Набарди ҷавобӣ байни Конор Макгрегор ва Дастин Пуаре барои аксарият ғайричашмдошт хотима ёфт - Поре ғолиб омад.

Рақобат дар даври дуюм хотима ёфт.

Нахуст варзишкори амрикои забаҳо хӯрд ва ҳама бовар доштанд, ки Конор пирӯз мешавад.

Аммо дар даври дуввум Поре бо задани зарбаҳои ҳадафрас Конорро нокаут кард ва ӯ рӯйи майдон уфтод.

 

Ёдовар мешавем, ки Макгрегор ва Дастин Поре 27-уми сентябри соли 2014 аввалин рақобати худро доир карданд, ки дар натиҷа варзишкори ирландӣ дар даври аввал бо нокаут пирӯз шуд.

Ҳардуи онҳоро қаҳрамони вазни сабук Хабиб Нурмагомедов шикаст додааст.

Ҳабиб ҷараёни рақобатро аз аввал пайгирӣ мекард. Новобаста аз он ки ӯ метавонад ба ягон рақиб таваҷҷӯҳ зоҳир кунад ва ё карераашро ба анҷом расонад, мо инро ба зудӣ хоҳем донист.

62
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, Макгрегор, қаҳрамони UFC