Денежные купюры США и монеты номиналом один и десять рублей.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

363
(Таҷдидшуда 09:59 30.12.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 30 -юми декабр эълон кард

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1527 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.8493 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1527 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.8493 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1527 сомонӣ.

Иқтисоддонҳо гуфтанд, кадом асъор нисбат ба доллар фоидаовартар аст

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

363
Барчаспҳо:
сомонӣ, рубл, қурби асъор, Тоҷикистон

Путин: уфти иқтисод аз замони Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бузургтар буд

89
(Таҷдидшуда 17:13 27.01.2021)
Президенти Русия Владимир Путин ҷаҳонро аз афзоиши ташаннуҷ дар ҷомеа бинобар таназзули иқтисод ҳушдор дор

ДУШАНБЕ, 27 январ - Sputnik. Соли 2020 коҳиши иқтисодӣ бузургтарин пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон буд, гуфт президенти Русия Владимир Путин дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос.

Путин таваҷҷӯҳро ба аз даст додани даромади меҳнатии 3,5 триллион доллар дар 9 моҳи соли гузашта ҷалб кард.

"Нишондиҳанда афзоиш меёбад ва дар баробари он ташаннуҷи ҷомеа. Ҳамзамон, барқарорсозии пас аз бӯҳрон осон нест",- гуфт сарвари давлат.

Роҳбари Русия қайд кард, ки 20-30 сол пеш онҳо сиёсати болоравии макроиқтисодиро истифода мебурданд, аммо ҳоло ин захираҳо кор намекунанд, зеро захираҳо тамом шудаанд.

Форуми ҷаҳонии иқтисодии Давос 2021 аз 24 то 29 январ баргузор мешавад.

Чорабинӣ ба мавзӯи "Тағйироти бузург" бахшида шудааст. Дар форум президенти Русия Владимир Путин низ ширкат варзид.

89
Доллары в миниатюрной тележке

Коршиносон асъори фоидаовар барои соли 2021-ро гуфтанд

266
(Таҷдидшуда 12:40 27.01.2021)
Коршиносони молиявӣ гуфтанд, ки кадом асъорҳо метавонад дар соли 2021 даромади сармоягузорӣ ба даст орад ва баръакс, аз кадомҳо бояд худдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 27 январ - Sputnik. Коршиносон дар муколама бо РИА Новости гуфтанд, ки барои ба даст овардани фоида аз сармоягузорӣ бояд дар соли 2021 ба кадом асъорҳо сару кор гирифт.

"Интизор меравад, ки Бонки марказии ИМА сиёсати "доллари заиф"-ро татбиқ мекунад. Мо тахмин мезанем, ки сармоягузорӣ бо евро метавонад нисбат ба доллар даромади бештар ба даст орад. Инчунин бояд ба юани чинӣ назар кард, ки метавонад дар муқобили доллар ва евро боло раванд ", - гуфт директори НРАМ Сергей Гришунин.

Иқтисодшинос инчунин франки Швейтсарияро қайд карда, илова намуд, ки фарқияти калони қурби асъор ба татбиқи он халал мерасонад, ки ин ҷолибияти сармоягузории онро коҳиш медиҳад.

Гришунин ҳушдор дод, ки сармоягузорӣ ба асъорҳои сусти рушдёбанда ба мисли лираи туркӣ метавонад аз ҷиҳати молиявӣ хатарнок бошад.

Стратегисти сармоягузории "Открытие брокер" Константин Бушуев гуфт, ки имсол метавон ба асъори "молӣ" - долларҳои Австралия ва Канада, инчунин асъори кишварҳои рӯ ба тараққӣ - реали Бразилия ва песои Мексика диққат дод.

Дурнамои хушоянд: нархи нафт дар соли 2021 чанд хоҳад буд

Коршинос равшанӣ андохт, ки худи ин асъорҳо воситаҳои фоидаовар нестанд, аммо воситаҳои фоиданоки молиявӣ (саҳмияҳо ва вомбаргҳо), ки бо асъори дигар кишварҳо харида шудаанд, метавонанд даромаднокии зиёд ба даст оранд.

266
Барчаспҳо:
евро, доллар, фоиданок, асъор
Самолет на закате, архивное фото

Ҳар чи зудтар: Дастури Раҳмон барои барқарорсозии парвозҳо ва ташкили хатсайрҳои нав

83
Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди кишвар дар соли 2020, ки имрӯз тақрибан тамоми рӯз идома ёфт, президенти кишвар ба масоили хадамоти ҳавоӣ низ дахл кардааст

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси  васеи Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини хадамоти ҳавоии кишвар дастур додааст, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд.

“Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром, директорони генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” Қурбони Алимардон дастур доданд, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд”,-афзудааст, котиботи президент.

Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта зимни ироаи паёми солона Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон ба зудӣ парвозҳоро бо дигар кишварҳо барқарор мекунад.
Дар баробари ин, президент санаи дақиқи бозкушоии марзҳоро нагуфт.

Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон аз саргирии парвозҳо бо шарафи пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус даст медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26 январ аз пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус эълом кард.

Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард

Дар баробари ин президент қайд кард, ки дар сурати бозкушоии марзҳо, карантини 14 - рӯза низ барқарор мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон аз тобистони соли гузашта инҷониб бо Русия, ки хатсайри маъмул ба шумор меравад, масъалаи барқарор кардани парвозҳоро баррасӣ дорад. Аммо то кунун чизе дар ин самт рушан нашудааст.

83
Барчаспҳо:
дастур, парвозҳо, Эмомалӣ Раҳмон