Савдо дар бозори Меҳргон, акс аз бойгонӣ

Шаҳрдорӣ гуфт, нархи кадом маҳсулот дар Душанбе чӣ қадар боло рафтааст

164
(Таҷдидшуда 13:55 30.12.2020)
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар пойтахтро тайи 11 моҳи соли равон шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ба гуфтаи Рустами Эмомалӣ то оғози моҳи равон нархи моли ғайриозуқаворӣ дар пойтахт 11,4 фоиз,  маҳсулоти озуқаворӣ 9,8 фоиз ва хизматрасониҳо 1,8 фоиз боло рафтааст.

Тибқи ҳисоботи шаҳрдорӣ, аз ҳама зиёд дар пойтахт нархи шакар ва макарон боло рафтааст, ки мутаносибан наздики 40 ва 26 фоиз афзоиш ёфтааст.  

“Зиёд гардидани нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби баланд шудани нархи гӯшту маҳсулоти гӯштӣ-105,2фоиз, шакар-139,0фоиз, орди навъи якум-116,7фоиз, равғани маска 118,0 фоиз, макарон -125,8 фоиз, биринҷ-106,4 фоиз, картошка -105,3 фоиз ва меваҷот-100,6 фоиз ба амал омадааст”, - изҳор дошт Рустами Эмомалӣ.

Манбаъ афзуд, ки маҳз болоравии нархҳо боиси афзоиши сатҳи таваррум шудааст, ки дар моҳи ноябри соли равон ба 8,2 фоиз баробар шудааст.

164
Барчаспҳо:
афзоиш, нарх, Тоҷикистон
Швейцарский флаг на горе Саентис в Шваегалпе, Швейцария, архивное фото

Тоҷикистон аз ҳама зиёд ба Швейтсария мол содир кардааст

10
(Таҷдидшуда 17:43 22.01.2021)
Шарикони асосии Тоҷикистон дар бахши содирот дар соли 2020 Швейтсария, Қазоқистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон будаанд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз кишварҳое, ки ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд ба онҳо мол содир кардааст, ном бурд.

Тибқи иттилои хабаргузории “Авесто”, шарикони асосии содиротии Тоҷикистон давлатҳои Швейтсария, Туркия, Қазоқистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон шудаанд.

Дар маҷмӯъ тайи соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми содирот 1 миллиарду 406 миллион доллар ва воридот 3 миллиарду 150,9 миллион долларро ташкил додааст.

Дар зимн қариб ними содирот аз Тоҷикистон ба Швейтсария рост меояд, ки ҳудуди 49 дарсад аз ҳаҷми умумии содиротро ташкил додааст.

Таъкид шудааст, ки аз январ то декабри соли 2020 маблағи содирот аз Тоҷикистон ба Швейтсария 688,7 миллион долларро ташкил додааст. Воридот аз ин кишвар муодили 6,7 миллион долллар будааст.

Содирот ба Туркия ҳудуди 14,4 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил дода, ҳаҷми умумии гардиши савдо 322,6 миллион долларро ташкил додааст. Аз ин ба содирот 203 миллион доллар ва ба воридот 119,6 миллион доллар рост меояд.

Истеҳсоли пиёз дар Тоҷикистон якчанд маротиба зиёд шуду картошка бетағйир

Ба феҳрасти молҳои асосии содиротии Тоҷикистон, алюминийи аввалия, пахта, меваҳои хушк ва металҳои қиматбаҳо шомил шудаанд.

Дар бахши воридот Тоҷикистон моли бештарро аз Русия гирифтааст, ки 29,6 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Аз Қазоқистон – 24 фоиз, аз Чин – 13,9 фоизи молҳо ворид шудаанд.

10
Барчаспҳо:
ҳаҷми содирот, Швейтсария, молӣ, Тоҷикистон
Монеты, архивное фото

Коршинос роҳҳои муассири ҷамъоварии пулро номбар кард: на дар зери болишт

168
(Таҷдидшуда 14:01 22.01.2021)
Самаранокии ҷамъоварии маблағ аз мақсади он вобаста аст - пасандоз кардан ё зам намудан. Дар навбати дуввум бояд муҳлати ҷамъоварӣ низ дақиқ шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дмитрий Ферапонтов, муаллими калони кафедраи бонкии Донишгоҳи Синергия, ба хабаргузории "Прайм" роҳҳои самарабахши ҷамъоварии маблағро номбар кард.

Ба гуфти коршинос самаранокии пасандозҳо пеш аз ҳама аз ҳадаф - сарфа ё зиёд кардан, сониян - бо он даврае муайян карда мешавад, ки дар давоми он ташаккули портфели маболиғ пешбинӣ шудааст. Дар ниҳоят, пардохтпазирии сармоягузорӣ низ муҳим аст, яъне қобилияти зуд ба даст овардани пул, агар маблағ лозим шавад.

"Бо вуҷуди ин, бояд дарк кард, ки дар мавриди ҳама гуна сармоягузорӣ, қоидаи тиллоӣ амал мекунад - ҳар қадаре ки хавф баланд бошад, ҳосилнокӣ ҳамон қадар зиёдтар мешавад. Чунин қоида дар мавриди пардохтпазирӣ низ татбиқ мешавад - чӣ қадаре пардохтпазирӣ баланд бошад, ҳосил ҳамон қадар камтар мешавад", - гуфт Феропонтов.

Ҳамин тавр, масалан, маболиғ дар суратҳисоби ҷорӣ сатҳи ҳадди ақали даромаднокӣ доранд (вақте ки аз ҳисоби бақияи суратҳисоб фоизҳо ситонида мешавад) ва дар баъзе ҳолатҳо даромад комилан нест, масалан, "агар бо пули миллӣ дар зери болишт нигоҳ дошта шаванд.

"Роҳи дигар, ҷамъ кардан дар пасандозҳои бонкӣ мебошад, ки бехатар, вале хеле камдаромад аст. Агар бонк ба низоми суғуртаи пасандозҳои бонкӣ дохил шуда бошад, пас дар сурати бозхонди иҷозатнома, давлат баргардонидани онро кафолат медиҳад.

Ба гуфти Ферапонтов, пасандозҳои бонкӣ, роҳи ҷамъоварии пул дар муҳлати дарозмуддат буда, хароҷоти таваррумиро ҷуброн мекунанд.

"Алтернатива дар ҳолати хусусияти дарозмуддат метавонад пасандозҳои бонкии асъори хориҷӣ бошад, ки аз тағйирёбии асъори харидшуда фоида мегиранд - дар ин ҳолат шумо бояд қурб ва омилҳои ба он таъсиррасонро назорат кунед. Чӣ тавре таҷриба нишон медиҳад , чунин пасандозҳо ҳамчун сармоягузории дарозмуддат муфиданд, агар асъор дуруст интихоб карда шавад", - қайд кард коршинос.

Алтернативаи дигар ин сармоягузорӣ ба тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо аст, аммо тавассути суратҳисобҳои металлӣ. Бояд дар назар дошт, ки металлҳои қиматбаҳо дороии молиявии хеле дарозмуддат мебошанд, ки дар давоми се сол нархашон афзоиш меёбад.

Ферапонтов мегӯяд, бояд амонатро ва сармоягузорӣ фарқ кард.

Амонатгузорӣ, пеш аз ҳама, пуле мебошад, ки шаҳрванд дар муҳлати дарозмуддат ташаккул медиҳад, ҳадафи асосии онҳо болишти боэътимоди амнияти молиявӣ мебошад, ки дар шароити кунунии иқтисодӣ ва бо суръати пасти асосӣ ҳосили паст дорад.

Раиси “Амонатбонк”: “Долларҳои “таги болишт” фоида надоранд”

Аммо сармоягузорӣ ин маболиғе ҳаст, ки бо роҳи гузоштани сармоя ба дороиҳои дилхоҳи молиявӣ ва ғайримолиявӣ - коғазҳои қиматнок, амволи ғайриманқул, хариду фурӯши асъор ба фоидаи худ кор мекунанд.

168
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, пасандоз, пул, сарфакорӣ, сарфаҷӯӣ, коршиносон