ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Вакилон имрӯз созишномаи байни Ҳукумат ва ширкати “Ғаюр”-ро ба тасвиб расонданд, ки тибқи он ширкати мазкур корхонаи тавлиди халтаҳои пропиленӣ сохта, аз сабукҳои андозӣ бархӯрдор хоҳад буд.
Бар асоси созишнома "Ғаюр” корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ бо иқтидори истеҳсолии 50 миллион дона халта дар як сол ба маблағи 10 миллион доллар сохта ба истифода диҳад.
Корхонаи мазкурро моҳи равон Акбар Ғуломов дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба истифода дод.
Бар асоси Созишномаи тасдиқкардаи парлумон, ки муҳлати амали он 5 солро ташкил медиҳад, ширкати “Ғаюр” аз пардохти андоз аз фоида озод гардид.
Инчунин молу таҷҳизоти барои татбиқи лоиҳа пешбинишуда, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд.
Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, зимни муаррифии созишнома гуфта шуд, ки ин корхона ҳудуди 100 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин мекунад.
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дувоздаҳ ҳазор воҳиди тавлидӣ ва саноатии сабтшуда дар Тоҷикистон дар соли 2020 ҳеч фаъолияте надоштаанд, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба "Садои Хуросон".
Бино бар иттилои манбаъ, 48 ҳазор корхонаву коргоҳи саноатӣ дар Тоҷикистон ба сабт расида, ки беш аз 25 дарсади онҳо баробар бо 12 ҳазор воҳид дар соли гузашта фаъол набудаанд.
Набуди маводи хом, кори мавсимӣ, мушкилоту қарзҳои молӣ, фарсудагии таҷҳизот ва нотавонии маҳсулоти тавлидӣ дар рақобат бо тавлидоти минтақаӣ аз далоили таваққуфи фаъолияти ин корхонаҳову воҳидҳои саноатӣ аст.
Дар соли 2020 ҳамчунин 1193 корхона дар Тоҷикистон ба сабт расида ва муҷаввизи фаъолияти 850 корхона низ лағв шудааст.
Гуфта мешавад, ки 36 дарсад аз воҳидҳои саноатии фаъол дар вилояти Cуғд, 31,5 дарсад дар вилояти Хатлон, 18,4 дарсад дар шаҳри Душанбе, 12,7 дарсад дар ноҳияҳои марказӣ ва 1,7 дарсад дар вилояти Бадахшон воқеъ шудаанд.
Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар ин кишвар 265 корхона дар бахши истихроҷи маъдан, 1800 воҳид дар заминаи коркард ва 70 воҳид низ дар бахши таъмини барқ, об ва газ фаъолият мекунад.
Нархи газ ва бензину дизел дар Тоҷикистон якбора то 10% гарон шуд
Дар Тоҷикистон наздик ба 800 корхона ва ширкат бо сармоягузории давлатӣ мудирият мешавад.
Аммо нуктаи ҷолиб ин аст, ки бештари ин корхонаҳо ва ширкатҳои давлатӣ аз ҷумлаи бузургтарин қарздорон ба шумор мераванд ва мизони қарзи ин марокиз дар моҳи октябри соли 2020 ба 87 миллиард сомонӣ (муодили 8 миллиарду 200 миллион доллар) расид.
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди миллии Тоҷикистон” эълон намудааст.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳадафи асосии озмуни мазкур муайян намудани нишонаи Бренди миллии Тоҷикистон буда, он бояд муқаддасоти миллӣ, фарҳангу тамаддун, табиати зебоманзар ва имконияти истеҳсолии кишварро инъикос намуда, муаррифи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошад.
Гуфта шудааст, ки дар озмуни мазкур шахсоне, ки қобилияти тарроҳӣ, рассомӣ ва эҷодкорӣ доранд, иштирок карда метавонанд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки ғолиби озмун бо ҷоиза, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешавад.
Зикр гардидааст, ки хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмун бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14 “а” пешниҳод намоянд.
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии додгоҳи шаҳри Панҷакент, шаҳрванд С.М. бо иттиҳоми ғорати хонаи бародараш муҷозот шуд.
Ба иттилои манбаъ, судшуда санаи 26 июни соли гузашта, оиди ҷои нигоҳдошти маблағҳои пулии ҳамсари бародараш, ки аслан дар суроғаи шаҳри Гулистон кӯчаи Ҷавонӣ ҳамчун иҷоранишин истиқомат карда, муваққатан дар шаҳри қарор дошт, маълумот пайдо мекунад.
Ӯ худи ҳамон рӯз тахминан соати 14.00 дақиқа бо мақсади дуздии маблағҳои зикршуда, аз сумкаи дастии ҳамсари бародараш пинҳонӣ калиди дари даромади хонаи иҷоравиашро гирифта, пинҳонӣ ба шаҳри Гулистон омада, аз фурсати муносиб, яъне набудани аъзои оила вориди хонаи мазкур гардидааст.
“Сипас зулфини қулфи сандуқи дохили хонаро шикаста, аз дохили он бо тариқи ниҳонӣ 5000 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллӣ маблағи 51537 сомону 50 дирамро тасарруф намуда, ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”,- афзудааст, манбаъ..
Гуфта мешавад, ӯ худи ҳамон рўз ба ҷои истиқоматии доимиаш баргашта, дар оянда маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро давра ба давра барои манфиатҳои худ сарф кардааст.
Манбаъ мегӯяд, ҷазо ба муттаҳам бо дастрасии моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор содир кард.
Ғорати ташкилоти бонкӣ дар Панҷакент: пул наёфт ноутбукҳоро рабуд
Мавриди зикр аст, ки моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуздӣ дар ҳаҷми калон буда, он маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол аз озодиро пешбинӣ мекунад.