ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Пандемияи COVID-19 иқтисоди ҷаҳонро ба як бӯҳрони ҷиддӣ рӯ ба рӯ кард ва Тоҷикистон низ натавонист аз ин буҳрон худро канор бигирад.
Аммо, тибқи нишондиҳандаҳои ниҳоии соли равон наметавон гуфт, ки Тоҷикистон зарари ҷиддӣ дидааст. Баъзе аз рақамҳо бад нестанд, балки некбинандаанд.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод, дар семоҳаи сеюми соли равон афзоиши ММД 4,2% (55,6 млрд. сомонӣ) -ро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 3 дарсад камтар аст.
Давоми 9 моҳи соли равон иқтисоди Тоҷикистон таҳти таъсири зиёди хавфҳои эҳтимолӣ, ки бо паҳншавии вируси корона, коҳиши рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва вазъи иқтисодии кишварҳои шарик вобастагӣ дошд, қарор гирифтааст.
“Ҳамаи ин омилҳо ба сустшавии назарраси рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат карданд", - иттилоъ додааст вазорат.
Афзоиш аз ҳисоби бахши воқеии иқтисодиёт - истеҳсолоти саноатӣ ва бахши кишоварзӣ сурат гирифт. Ҳамин тариқ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10,7% (21,1 млрд. сомонӣ) афзоиш ёфт. Саноати коркард ба як бахши муҳими рушд табдил ёфт. Бахши кишоварзӣ афзоиши 8,1% (23,4 миллиард сомонӣ) нишон дод. Ҳамзамон бахши чорводорӣ (8,4%) ва растанипарварӣ (8,1%) ба натиҷаҳои хуб расид.
Аммо савдои яклухту чакана ба таври назаррас поин рафт. Ҳаҷми он ба 6,3% (223,9 миллион сомонӣ) коҳиш ёфт. Сабаб коҳиш ёфтани қобилияти харидории аҳолӣ аз ҳисоби коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ сурат гирифтааст. Инчунин бояд ба назар гирифт, ки барои гузаронидани чорабиниҳои қарантинаӣ бозору, мағозаҳо барои харидорон барои як муддате баста шуда буд.
Ҳамин тадбирҳо боиси коҳиш ёфтани бозори хидматрасонии пулакӣ 4,5 дарсад (9,25 миллиард сомонӣ) шуд. Ҳамзамон дар соҳаи сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ низ таъсири манфӣ расонида шуд. Давлат низ ҳаҷми сармоягузориашро ба иқтисод кам кард, коҳиш дар ин бахш 5,3% -ро ташкил дод.
Тибқи маълумоти вазорат, таваррум ба ҳамёнҳои мардум низ зарбаи сахт зад. Гарчанде маоши миёнаи кормандон 10,2% афзоиш ёфта бошад ҳам, даромади воқеии мардум бо дарназардошти таваррум 2,1% коҳиш ёфтааст.
Таҳлилгарони Бонки Рушди АвруОсиё (EDB) пешгӯӣ доранд, ки таваррум то охири соли 2020 ба 8,5 дарсад мерасад. Аммо коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) бар онанд, ки таваррум 10 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ҳошияи паҳншавии вируси корона нархи ҷаҳонии ғизо низ афзоиш ёфтааст. Аксари маҳсулотро Тоҷикистон аз хориҷ ворид мекунад. Ин маънои онро дорад, ки дар баробари болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳо афзоиши таваррум ва беқурбшавии пули сомонӣ низ мушоҳида хоҳад шуд.
Новобаста аз он, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ММД-и кишвар афзоиши назаррасро таъмин кард, коршиносони байналмилалӣ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия доданд, ки ба соҳаи кишоварзӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. Ба ақидаи онҳо, маҳз пешрафт дар ҳамин соҳа ба кишвар имкон медиҳад, ки оқибатҳои пандемияро ба осонӣ сипарӣ кунанд ва ҳамзамон мавқеи хубро дар таъмини амнияти озуқаворӣ таъмин намоянд.
Ба назари таҳлилгарон пеш аз ҳама, бояд ҳузури хоҷагиҳои хусусӣ зиёд карда шавад ва барои фаъолияти самараноки онҳо, бояд ба кодекси андоз ислоҳот ворид кард, то кишоварзонро бо ҳисобу китобҳои фискалӣ буғи накунад.
Худи деҳқонон зарурати фароҳам овардани имтиёзҳои андозиро дуруст медонанд, аммо онҳо ин иқдомро зарурати аввали намедонанд. Барои деҳқонон бештар муҳим он аст, ки ба кори онҳо дахолатҳои маъмурӣ хотима дода шавад.
Ин ҳамон ҳолатест, ки мақомот деҳқононро маҷбур месозад, дар заминҳои худ ин ё он зироатро кишт кунанд. Дар аксар вақт ба назар гирифта намешавад, ки деҳқон аллакай киштзорро мувофиқи талаботи худ омода намудааст ва барои хариди тухмӣ маблағ сарф кардааст.
Деҳқонон ҳангоми ба бозор баровардани маҳсулоти худ низ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ин ҷо миёнаравҳо нақш мебозанд. Нархҳои истеҳсолкунандагонро поин меоранду барои истеъмолгарон боло мебаранд.
Бонкҳо низ кӯмак намекунанд. Барои хариди таҷҳизот, пору ва тухмӣ бо фоизи паст, қарзи дарозмуҳлат гирифтан ғайриимкон аст. Шумо бояд барои ҳама чиз барзиёд маблағ пардохт кунед ё ба шароити онҳо розӣ шавед. Ин иқдом деҳқонро ба қарздории зиёд рӯ ба рӯ мекунад, ки ҳатто дар сурати фурӯши маҳсулот ба даст овардани фоидаи назаррасро кафолат намедиҳанд.
Бо мақсади таъмини аҳолии худ бо маҳсулоти кишоварзӣ, дар моҳи апрели соли равон ситоди ҷумҳуриявӣ оид пешгирии паҳншавии вируси корона содироти баъзе аз намуди маҳсулотро муваққатан манъ кард. Ин тамоми намуди маҳсулоти ғалладона ва лӯбиёгӣ, орд, гӯшт, картошкаро дар бар мегирад.
Гузашта аз ин, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз деҳқонон даъват кард, ки ҳаҷми кишти зироатҳоро ба маротиб афзоиш диҳанд ва аз ҳар як қитъаи замин дар як сол 2-3 ҳосил гиранд. Вай дар ин бора ба вазоратҳои саноат ва кишоварзӣ фармони дахлдор ирсол кард.
Сарфи назар аз чораҳои андешидашуда, таҳдиди бӯҳрони озуқаворӣ ҳамоно зиёд аст. Таварруми доимӣ, фоизи беқурбшавии қарзҳо, андозҳои баланд ва болоравии нархи пору ва тухмиҳо заҳмати деҳқононро боз беарзиш мекунад.
Вазъро чун солҳои қаблӣ, дар шароити норасоии шадиди асъори хориҷӣ наметавон аз ҳисоби воридоти маҳсулот муъталдил кард. Ягона роҳ ин роҳандозии ислоҳоти ҷиддӣ дар соҳаи кишоварзӣ аст, ки метавонад ҳамаи мушкилоти дар боло зикршударо бартараф намояд. Танҳо дар ҳамин сурат Тоҷикистон метавонад эҳтиёҷоти худро аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ватанӣ қонеъ намояд.
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар маросими имзои ин қарордод, ки шоми дирӯз дар толори меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, вазири нақлиёти Тоҷикистон, сафири Эрон, раиси ширкати “Фароб” ва дигар меҳмонони эронӣ ва дохилӣ ширкат карданд, иттилоъ додааст сафорати Эрон дар Тоҷикистон.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар суханронии худ имзои ин қарордодро рӯйдоди муҳим хонд ва ба он ишора кард, ки бунёди нақби “Истиқлол” ҳанӯз дар замони Шӯравӣ оғоз шуда буд, аммо бо сабабҳои гуногун ба анҷом нарасид.
“Пас аз он ки мо бо дӯстони худ аз Эрон шартнома бастем ва марҳилаи аввали сохтмони ин нақб амалӣ шуд, мардум тавонистанд аз он истифода кунанд. Баъдан баъзе мушкилиҳо, аз ҷумла ҷорӣ шудани об аз сақфи нақб пайдо шуд, ки ба тадриҷ бартараф гардиданд”, - таъкид дошт Азим Иброҳим.
Ба гуфтаи вазири нақлиёти Тоҷикистон, марҳилаи дуввуми ин лоиҳа бо сабабҳои гуногун ба таъхир афтод, аммо бо имзои қарордод корҳои марбут ба он, аз ҷумла, равшанидиҳӣ, ҳавокашӣ, оташнишонӣ, насби дурбинҳои назоратӣ, ки барои таъмини бехатарии ҳаракат дар дохили нақб муҳиманд, иҷро хоҳад шуд.
Вай Тоҷикистону Эронро ду кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва дорои таърихи муштарак хонд ва аз он ёдовар шуд, ки Эрон дар татбиқи бисёр лоиҳаҳои зерсохтӣ дар Тоҷикистон, аз қабили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда 2” ва нақби “Истиқлол” ширкат намудааст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби “Истиқлол” то ҷашни 30 солагии истиқлолияти кишвар ба поён хоҳад расид.
Сафири Эрон Муҳаммадтақии Собирӣ низ зимни суханоне нақби “Истиқлол”-ро тарҳи муҳим хонд, ки иртиботи байни шимол ва ҷануби Тоҷикистонро фароҳам кардааст.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки марҳилаи дуввуми ин лоиҳа бомваффақият ба анҷом хоҳад расид ва гоми дигаре ба сӯи рушд ва боландагии Тоҷикистон бардошта хоҳад шуд.
Муовини мудири ширкати обу барқи Эрон Беҳрӯзи Мӯродӣ ин рӯзро муҳим ва таърихӣ номид ва гуфт, ки бо иҷрои бокайфияти ин лоиҳа қадами дигаре дар самти таҳкими равобити миёни ду кишвари дӯст ва ҳамзабон бардошта хоҳад шуд.
Раиси ширкати “Фароб” Алии Вакилӣ тайи суханоне гуфт, ки "Фароб” яке аз бузургтарин ва ботаҷрибатарин ширкатҳои Эрон аст, ки тарҳҳои зиёдеро дар дохилу хориҷи Эрон дар заминаҳои сохти неругоҳҳои барқи обӣ, ҳароратӣ, роҳу тунел, нафту газ ва ғайра иҷро кардааст.
“Гурӯҳи фаннӣ-муҳандисии “Фароб” тарроҳӣ ва сохти нургоҳи “Сангтӯда 2”-ро, ки намоди дӯстӣ ва пайванди амиқи ду миллати Эрону Тоҷикистон мебошад, дар корномаи худ ба сабт расондааст. Дар тӯли 45 соли фаъолияти худ нерӯгоҳҳои зиёдеро дар дохилу хориҷи Эрон дидаам ва ба таври ҷиддӣ гуфта метавонам, ки нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” корест, ки аз умқи ҷон баромада ва яке аз бокайфияттарин пружаҳо дар сатҳи дунёст. Умедворем, ки битавонем чунин фаъолиятҳоеро дар робита бо дигар лоиҳаҳо низ дар Тоҷикистон анҷом диҳем”, гуфт ӯ.
Вакилӣ гуфт, ки таҷҳизоти лозимро барои иҷрои марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби “Истиқлол” омода кардаанд ва бо оғози корҳо ба Тоҷикистон интиқол дода хоҳад шуд.
Вай гуфт, умедворам ҳамон гуна, ки ҳамкоронам бо ишқ неругоҳи “Сангтӯда 2”-ро сохтанд, ин пружаро низ бо ишқ анҷом диҳанд.
Раиси ширкати “Фароб” дар поёни суханони худ ба он ишора кард, ки саҳми Тоҷикистону Эрон дар ин лоиҳа 50 дарсадӣ буда ва агар ҳарду тараф тааҳҳудоти худро бамавқеъ иҷро кунанд, то ҷашни 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон он ба истифода дода хоҳад шуд.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, Кумитаи тадорукоти озмуни вилоятии "Ободгари Ватан" дар семоҳаи чоруми соли гузашта 14 соҳибкорро ғолиб донист.
Соҳибкорони пирӯз дар чароғонкунӣ, сохтмони беморхона, роҳҳо, мактаб, майдончаҳои варзишӣ, бунёди биноҳои истиқоматӣ ва ғайра саҳм гузоштаанд.
Ҳукумати Хатлон таъкид намудааст, ки озмуни мазкур бо мақсади иҷрои амри раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир мегардад.
Манбаъ таъкид кардааст, ҳар семоҳа ба соҳибкорон ва шахсони саховатпешае, ки дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас мегузоранд, тақдим мегардад.
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж” интихоби Мақсуд Нуруллоев дар ҳолест, ки моҳи апрели соли гузашта раиси собиқи бахши ҲДТ дар ноҳияи Панҷ Шариф Назаров, бинобар сабаби гирифторӣ бемории ҳамагири коронавирус аз олам даргузашт.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода таъкид доштааст, ки Мақсуд Нуруллоев аз соли 2013 инҷониб узви ҳизб аст. Вай қайд кардааст, ки ҲДТ дар ноҳияи Панҷ 227 аъзо дорад.
Усмонзода сабаби интихоби шудани Нуруллоевро ба раисии бахши ҳизб дар ин ноҳия ба “фаъолу дилсӯз” будани ӯ рабт дод.
Манбаъ зикр кардааст, ки Мақсуд Нуруллоев соли гузашта дар баробари раиси феълии ноҳияи Панҷ Шоҳиён З. дар интихобот ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии Панҷ-54, тариқи худпешбарӣ, номзад буд, аммо мутаасифона интихоб нагардид.
Нуруллоев Мақсуд Бекмуродович 26-уми июли соли 1977 дар деҳаи ба номи Ҳасан Шерови ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, дар оилаи ронанда ба дунё омада, солҳои 1983-1993 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳааш таҳсил кардааст. Ихтисосаш ронанда аст. Ӯ то чанд соли охир раисии кумитаи маҳаллаи деҳаи ба номи Ҳасан Шеровро ба уҳда дошт.