Сомони и рубли, архивное фото

Болоравии еврою рубл ва исти доллар: эълони қурби асъори хориҷӣ барои имрӯз дар Тоҷикистон

896
(Таҷдидшуда 18:37 12.01.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 4-уми январи соли ҷадид эълон кард

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1506 сомонӣ нишон дода шудааст.

Доллари амрикоӣ низ пас аз якбора боло рафтан чанд муддат аст, дар ҳоли суқут қарор дорад. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.8674 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1506 то 0.1535 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1515 то 0,1535 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1515 то 0.1525 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1537 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ҳақ бар кист?: Бонки миллӣ маълумоти Бонки марказии Русияро рад кард

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

896
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки миллӣ, Тоҷикистон
Дымовые трубы ТЭЦ, архивное фото

Расонаҳо: чоряки корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар соли 2020 фаъолият накарданд

41
(Таҷдидшуда 19:15 23.01.2021)
Набуди маводи хом, кори мавсимӣ, мушкилоту қарзҳои молӣ, фарсудагии таҷҳизот ва нотавонии маҳсулоти тавлидӣ дар рақобат сабаби аз кор мондан будааст

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дувоздаҳ ҳазор воҳиди тавлидӣ ва саноатии сабтшуда дар Тоҷикистон дар соли 2020 ҳеч фаъолияте надоштаанд, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба "Садои Хуросон".

Бино бар иттилои манбаъ, 48 ҳазор корхонаву коргоҳи саноатӣ дар Тоҷикистон ба сабт расида, ки беш аз 25 дарсади онҳо баробар бо 12 ҳазор воҳид дар соли гузашта фаъол набудаанд.

Гости и участники форума предпринимателей
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Набуди маводи хом, кори мавсимӣ, мушкилоту қарзҳои молӣ, фарсудагии таҷҳизот ва нотавонии маҳсулоти тавлидӣ дар рақобат бо тавлидоти минтақаӣ аз далоили таваққуфи фаъолияти ин корхонаҳову воҳидҳои саноатӣ аст.

Дар соли 2020 ҳамчунин 1193 корхона дар Тоҷикистон ба сабт расида ва муҷаввизи фаъолияти 850 корхона низ лағв шудааст.

Гуфта мешавад, ки 36 дарсад аз воҳидҳои саноатии фаъол дар вилояти Cуғд, 31,5 дарсад дар вилояти Хатлон, 18,4 дарсад дар шаҳри Душанбе, 12,7 дарсад дар ноҳияҳои марказӣ ва 1,7 дарсад дар вилояти Бадахшон воқеъ шудаанд.

Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар ин кишвар 265 корхона дар бахши истихроҷи маъдан, 1800 воҳид дар заминаи коркард ва 70 воҳид низ дар бахши таъмини барқ, об ва газ фаъолият ме‌кунад.

Нархи газ ва бензину дизел дар Тоҷикистон якбора то 10% гарон шуд

Дар Тоҷикистон наздик ба 800 корхона ва ширкат бо сармоягузории давлатӣ мудирият мешавад.

Аммо нуктаи ҷолиб ин аст, ки бештари ин корхонаҳо ва ширкатҳои давлатӣ аз ҷумлаи бузургтарин қарздорон ба шумор мераванд ва мизони қарзи ин марокиз дар моҳи октябри соли 2020 ба 87 миллиард сомонӣ (муодили 8 миллиарду 200 миллион доллар) расид.

41

Чаро мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бренди миллӣ дошта бошанд?

183
(Таҷдидшуда 13:16 23.01.2021)
Мақомоти Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Бренди миллии Тоҷикистон” эълон намудаанд, ки ҷоизаи аслии он 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди миллии Тоҷикистон” эълон намудааст.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳадафи асосии озмуни мазкур муайян намудани нишонаи Бренди миллии Тоҷикистон буда, он бояд муқаддасоти миллӣ, фарҳангу тамаддун, табиати зебоманзар ва имконияти истеҳсолии кишварро инъикос намуда, муаррифи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошад.

Гуфта шудааст, ки дар озмуни мазкур шахсоне, ки қобилияти тарроҳӣ, рассомӣ ва эҷодкорӣ доранд, иштирок карда метавонанд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ғолиби озмун бо ҷоиза, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешавад.

Зикр гардидааст, ки хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмун бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14 “а” пешниҳод намоянд.

183
Барчаспҳо:
ҷоиза, Вазорати рушди иқтисод, озмун, бренд, Тоҷикистон
Бокс, архивное фото

Воҳидов камарбанди WBO-ро гирифт: набарди дидании муштзани шикастнадидаи тоҷик-видео

0
(Таҷдидшуда 00:27 24.01.2021)
Асрор Воҳидов, муштзани шикастнадидаи тоҷик, дар мусобиқаи байналмиллалии “RCC Boxing Promotions” камарбанди WBO (Созмони ҷаҳонии бокс)-ро соҳиб гашт

ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Ин рақобати нуҳуми Воҳидов буд, ки бидуни шикаст поён ёфт.

Мусобиқот шоми имрӯз дар шаҳи Екатеринбург баргузор гардида, Воҳид Асроров намояндаи Африқои Ҷанубӣ Тато Бонокоанеро шикаст дод.

Мавриди зикр аст, ки рақобат барои ҳарду варзишкор шадид оғоз шуд, аммо Воҳидов майдондориро аз даст намедод ва ин буд, ки пас аз зарбаҳои шадиди пайиҳам ҳарифашро дар даври 9-ум нокаут кард.

Гуфта мешавад, ин рақобат барои Воҳидов зарурӣ буд, зеро он барои камарбанди WBO Oriental баргузор шуда буд.

Видеои муштзании Воҳидови шикастнадида бо “Ракета”-и қазоқ: пирӯзӣ баъди нокдаун-навор

Ҳамакнун Воҳидови 26-сола дар 9 сабқати касбӣ 9 пирӯзӣ ба даст овард.

Асрор Воҳидов 20 октябри соли 1995 дар Исфара таваллуд шудааст. Варзишгар дар вазнҳои то 52 кг ва то 56 кг баромад мекунад.

0