Денежные купюры.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

544
(Таҷдидшуда 15:10 14.01.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 8 -уми январ эълон кард

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1515 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.8764 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1515 то 0.1535 сомонӣ муқаррар кардааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.8764 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1515 сомонӣ.

Иқтисоддонҳо гуфтанд, кадом асъор нисбат ба доллар фоидаовартар аст

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

544
Барчаспҳо:
сомонӣ, рубл, доллар, арзиш, Бонки Миллӣ
Сомони и доллары, архивное фото

Касри савдои хориҷии Тоҷикистон 1 миллиарду 774 миллион долларро ташкил кардааст

48
(Таҷдидшуда 13:39 18.01.2021)
Гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ соли гузашта тақрибан 4,6 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2019 0,8% зиёд аст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Касри тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон барои соли 2020 1 миллиарду 744 миллион долларро ташкил додааст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ соли гузашта тақрибан 4,6 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 34,1 миллион ё 0,8% зиёдтар аст.

Содироти молҳо дар соли 2020 бо афзоиши 19,8% 1406,9 миллиард доллар, воридот - 3150,9 миллиард долларро ташкил дода, 5,9% коҳиш ёфтааст.

Маводи асосии содирот металлҳои қиматбаҳо, семент, нахи пахта ва меваҳои хушк мебошанд. Воридотро маҳсулоти нафтӣ ва ғалладона, маҳсулоти хӯрокворӣ бартарӣ медиҳанд.

Соли қиматӣ: нархи чиҳо чӣ қадар болову пойин рафтааст? – омори расмӣ

Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар соли 2020 гардид, гардиши савдо 21,4% аз ҳаҷми умумиро ташкил дод. Қазоқистон дар савдо дар ҷои дуввум аст - 20%. Зиёда аз 15% - Швейтсария, Чин - 10,4%.

Соли гузашта, дар соли 2019, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз 4,5 миллиард доллар буд.

48
мулоқоти раиси Кумитаи сармоягузорӣ, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ва сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаев

Азми Душанбею Остона барои густариши ҳамкориҳо

52
(Таҷдидшуда 13:45 17.01.2021)
Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҳамкориҳои ду кишварро густариш диҳанд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар назар аст ҷаласаи навбатии 16-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардад.

Манбаъ афзуд, омодагӣ ба ҷаласаи мазкур дар мулоқоти раиси Кумитаи сармоягузорӣ, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ва сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаев баррасӣ шуд.

“Зимни вохурӣ масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт”, - омадааст дар иттилоия.

Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки имкону захираҳои мавҷуда ҳар ду ҷониб барои таҳкими ҳамкориҳо зиёд мебошанд.

Феълан, Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон буда, таъминкунандаи кишвар бо орду маводи сӯхт мебошад.

52
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Қазоқистон, Тоҷикистон
Девушка спит

Коршинос гуфт, камхобӣ метавонад инсонро мубталои коронавирус кунад

0
(Таҷдидшуда 15:36 18.01.2021)
Дар сурати аз панҷ соат камтар хоб рафтани инсон мубтало шудан ӯ ба ҳаргуна вирус, аз ҷумла COVID - 19 ҳам аз эҳтимол дур нест

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Хоби солим набояд аз 7 соат камтар тӯл кашад, дар сурати камхобӣ инсон метавонад ба ҳар навъ вирус гирифтор шавад, мегӯяд Александр Калинкин роҳбари Маркази тибии хоби ДДМ ба номи Ломоносов.

Камхобӣ ба саломатии инсон чӣ хатаре дорад

Ба таъкиди ӯ, хоби кӯтоҳ метавонад масунияти инсонро заиф кунад.

"Агар инсон аз панҷ соат камтар хоб равад, дар муқоиса бо онҳое, ки беш аз 7 соат хоб мераванд, имкони гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус беш аз 250 фисад зиёдтар аст. Хоб ниҳоят муҳим аст, чун системаи масуниятро тақвият медиҳад",  - изҳор дошт Калинкин.

Барои хоби солим доштан, ин табиб маслиҳат медиҳад, ки дар як соати муайян бояд хоб рафту бедор шуд. Ӯ ҳамчунин истифода намудан аз соати рӯимизии зангдор тавсия намедиҳад.

"Хоби солим бояд аз 7 то 9 соат давом кунад", - таъкид намудааст пизишк.

0
Барчаспҳо:
тавсия, коршиносон, камхобӣ