ДУШАНБЕ, 13 январ - Sputnik. Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, аз 1 январи соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳрири нави Кодекси андозро қабул кард, ки тағйироти асосӣ ба андозбандии хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ пешниҳод карда мешаванд (ба истилоҳ “андоз аз Google”).
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз қаблан иттилоъ дод, ки дар назар доранд аз хизматрасонии ширкатҳои бузург ба монанди Google, Apple, Microsoft, Facebook ва дигарҳо андоз аз арзиши иловашуда ситонанд.
Ба иттилои манбаъ, ин тасмим дар робита ба рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва савдои интернетӣ гирифта шудааст ва ҳангоми ворид намудани тағйирот ба Кодекс, таҷрибаи беҳтарини кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Испания ва ғайра истифода шудааст.
Манбаъ мегӯяд, супорандагони "андози аз Google" шахсони хориҷӣ мебошанд, ки хизматрасониҳои электрониро мустақиман ё тавассути миёнаравҳо (агентҳо) ба шахсони воқеӣ пешниҳод мекунанд, ки маҳалли иҷрои онҳо қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Громов: сабукиҳо дар андозбандӣ метавонад “Газпром”-ро ба Тоҷикистон ҳавасманд кунад
Агар хизматрасониҳо ба шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон, соҳибкорони инфиродӣ ва намояндагиҳои (филиалҳои) ширкатҳои хориҷӣ пешниҳод карда шаванд, онҳо агентҳои (миёнаравҳои) андоз мешаванд.
Ин ниҳод гуфтааст, ҳамаи ширкатҳои хориҷӣ, ки мустақиман ё тавассути агентҳо дар ҳудуди Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ мерасонанд, дар сатҳи қонунгузорӣ вазифадоранд, ки дар мақомоти андози ҷумҳурӣ бақайдгирӣ гузоранд. Барои бақайдгирӣ (азқайдбарорӣ) шахси хориҷӣ (ё агенти андоз) бояд ариза ва дигар ҳуҷҷатҳоро дар шакли муқаррарнамуда на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз (қатъ) намудани хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод карда мешавад.
То кунун ин ниҳод дар бораи расман аз қайд гузаштани ягон ширкати хизматрасониҳои электронӣ дар Тоҷикистон иттилоъ надодааст.
Тасмими андозбандӣ кардани "Google” аз сӯи раҳбарияти Кумитаи андоз дар Тоҷикистон ҳануз аз соли 2015 идома дорад.
Раиси Кумитаи андоз он замон пешниҳод карда буд, ки дар Тоҷикистон низ аз ширкатҳои хориҷие, ки хизматрасониҳои электорониро пешниҳод мекунанд, андоз ситонида шавад.
Давлатзода гуфт, бақияи қарзи андоз аз 1 миллиард гузашт
Ба гуфтаи раиси кумита Нусратулло Давлатзода, ҷамъ кардани андоз аз ширкатҳои Google, Facebook, Apple ва Microsoft имконият медиҳад, ки будҷаи Тоҷикистон як манбаи дигари даромад пайдо кунад.
"Вақти он расидааст, ки тамоми корҳоеро, ки ба воситаи интернет анҷом дода мешаванд, ба танзим дарорем. Бояд ба қонуни андози кишвар тағйирот ворид шавад, ки мувофиқи он ширкатҳои хориҷие, ки ба шахсони инфиродӣ хизматрасонии электорниро пешниҳод мекунанд, андоз супоранд",- омадааст дар мактубе, ки Нусратулло Давлатзода ба раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ирсол карда буд.
Ӯ Русияро далел овард, ки пас аз ҷорӣ шудани андоз аз арзиши иловашуда ба хизматрасонии ширкатҳои бузург ба монанди Google, Apple, Microsoft ва Facebook ва ғайра дар 9 моҳи соли 2019 ҳудуди 60 миллиард рубл ба буҷаи ин кишвар ворид шудааст.
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар маросими имзои ин қарордод, ки шоми дирӯз дар толори меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, вазири нақлиёти Тоҷикистон, сафири Эрон, раиси ширкати “Фароб” ва дигар меҳмонони эронӣ ва дохилӣ ширкат карданд, иттилоъ додааст сафорати Эрон дар Тоҷикистон.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар суханронии худ имзои ин қарордодро рӯйдоди муҳим хонд ва ба он ишора кард, ки бунёди нақби “Истиқлол” ҳанӯз дар замони Шӯравӣ оғоз шуда буд, аммо бо сабабҳои гуногун ба анҷом нарасид.
“Пас аз он ки мо бо дӯстони худ аз Эрон шартнома бастем ва марҳилаи аввали сохтмони ин нақб амалӣ шуд, мардум тавонистанд аз он истифода кунанд. Баъдан баъзе мушкилиҳо, аз ҷумла ҷорӣ шудани об аз сақфи нақб пайдо шуд, ки ба тадриҷ бартараф гардиданд”, - таъкид дошт Азим Иброҳим.
Ба гуфтаи вазири нақлиёти Тоҷикистон, марҳилаи дуввуми ин лоиҳа бо сабабҳои гуногун ба таъхир афтод, аммо бо имзои қарордод корҳои марбут ба он, аз ҷумла, равшанидиҳӣ, ҳавокашӣ, оташнишонӣ, насби дурбинҳои назоратӣ, ки барои таъмини бехатарии ҳаракат дар дохили нақб муҳиманд, иҷро хоҳад шуд.
Вай Тоҷикистону Эронро ду кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва дорои таърихи муштарак хонд ва аз он ёдовар шуд, ки Эрон дар татбиқи бисёр лоиҳаҳои зерсохтӣ дар Тоҷикистон, аз қабили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда 2” ва нақби “Истиқлол” ширкат намудааст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби “Истиқлол” то ҷашни 30 солагии истиқлолияти кишвар ба поён хоҳад расид.
Сафири Эрон Муҳаммадтақии Собирӣ низ зимни суханоне нақби “Истиқлол”-ро тарҳи муҳим хонд, ки иртиботи байни шимол ва ҷануби Тоҷикистонро фароҳам кардааст.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки марҳилаи дуввуми ин лоиҳа бомваффақият ба анҷом хоҳад расид ва гоми дигаре ба сӯи рушд ва боландагии Тоҷикистон бардошта хоҳад шуд.
Муовини мудири ширкати обу барқи Эрон Беҳрӯзи Мӯродӣ ин рӯзро муҳим ва таърихӣ номид ва гуфт, ки бо иҷрои бокайфияти ин лоиҳа қадами дигаре дар самти таҳкими равобити миёни ду кишвари дӯст ва ҳамзабон бардошта хоҳад шуд.
Раиси ширкати “Фароб” Алии Вакилӣ тайи суханоне гуфт, ки "Фароб” яке аз бузургтарин ва ботаҷрибатарин ширкатҳои Эрон аст, ки тарҳҳои зиёдеро дар дохилу хориҷи Эрон дар заминаҳои сохти неругоҳҳои барқи обӣ, ҳароратӣ, роҳу тунел, нафту газ ва ғайра иҷро кардааст.
“Гурӯҳи фаннӣ-муҳандисии “Фароб” тарроҳӣ ва сохти нургоҳи “Сангтӯда 2”-ро, ки намоди дӯстӣ ва пайванди амиқи ду миллати Эрону Тоҷикистон мебошад, дар корномаи худ ба сабт расондааст. Дар тӯли 45 соли фаъолияти худ нерӯгоҳҳои зиёдеро дар дохилу хориҷи Эрон дидаам ва ба таври ҷиддӣ гуфта метавонам, ки нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” корест, ки аз умқи ҷон баромада ва яке аз бокайфияттарин пружаҳо дар сатҳи дунёст. Умедворем, ки битавонем чунин фаъолиятҳоеро дар робита бо дигар лоиҳаҳо низ дар Тоҷикистон анҷом диҳем”, гуфт ӯ.
Вакилӣ гуфт, ки таҷҳизоти лозимро барои иҷрои марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби “Истиқлол” омода кардаанд ва бо оғози корҳо ба Тоҷикистон интиқол дода хоҳад шуд.
Вай гуфт, умедворам ҳамон гуна, ки ҳамкоронам бо ишқ неругоҳи “Сангтӯда 2”-ро сохтанд, ин пружаро низ бо ишқ анҷом диҳанд.
Раиси ширкати “Фароб” дар поёни суханони худ ба он ишора кард, ки саҳми Тоҷикистону Эрон дар ин лоиҳа 50 дарсадӣ буда ва агар ҳарду тараф тааҳҳудоти худро бамавқеъ иҷро кунанд, то ҷашни 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон он ба истифода дода хоҳад шуд.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, Кумитаи тадорукоти озмуни вилоятии "Ободгари Ватан" дар семоҳаи чоруми соли гузашта 14 соҳибкорро ғолиб донист.
Соҳибкорони пирӯз дар чароғонкунӣ, сохтмони беморхона, роҳҳо, мактаб, майдончаҳои варзишӣ, бунёди биноҳои истиқоматӣ ва ғайра саҳм гузоштаанд.
Ҳукумати Хатлон таъкид намудааст, ки озмуни мазкур бо мақсади иҷрои амри раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир мегардад.
Манбаъ таъкид кардааст, ҳар семоҳа ба соҳибкорон ва шахсони саховатпешае, ки дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас мегузоранд, тақдим мегардад.
Соли 1939 нахустин маротиба дар Донишгоҳи Колумбия (ИМА) зарраи атоми уран тақсим карда шуд.
Соли 1960 дар натиҷаи таркиш дар кони назди Йоханнесбург (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 2002 шумораи муштариёни ширкати "Мегафон" ба як миллион нафар баробар шуд.
Соли 2014 дар шаҳри Мадриди Испания 34-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ («FITUR») – аввалин ва калонтарин ҷамъомади сайёҳӣ дар ҳамон сол баргузор гардид.
Соли 2010 таҳти раёсати Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Шўрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 2010 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ базми ҷавонон баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро "Ҷамъияти пушкинӣ"- и Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҳамватанони русиягии Тоҷикистон баргузор намуданд.
Соли 2010 дар шаҳри Павлодари Қазоқистон паҳлавонони сабки гурҷӣ-римии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии хотиравии бародарон – Сергей ва Иван Ярмоленковҳо иштирок намуданд.
Соли 2014 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА муҳокима гардиданд.
Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешниҳод "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуд.
Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон рамзи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро тасдиқ намуд.
Дар Ҷумҳурии Точикистон — Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.
Дар Боливия – Рӯзи таъсиси давлати сермиллат.
Александр Ермолев (1914 1987) рассом. Ходими шоистаи ҳунарии Тоҷикистон.
Муҳиба Ёқубова (1937) доктори илми биологӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурӣ.
Зебои Хатлонӣ (Сафарова ) (1967)- шоира.
Тӯлқин Муродалиев (1944)- доктори илми тиб, профессор.
Шавкия Почоҷонова (1945) доктори илми тиб.
Ҷумъа Расулов (1949) Журналисти шоистаи Тоҷикистон.
Ҳотами Ҳомид (1967)- нависанда.