Дар Тоҷикистон таварруми солона ба сатҳи рекордӣ расид

Обуна шудан
Соли 2020 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон нисбат ба пешгӯиҳои аввалия якчанд маротиба зиёдтар шуд

ДУШАНБЕ, 15 январ - Sputnik. Дар Тоҷикистон сатҳи таваррум дар охири соли 2020 9,4% -ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Цены на одном из рынков Душанбе в начале Декабря - Sputnik Тоҷикистон
Болотарин мизони таваррум дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуд

Дар аввал таваррум дар кишвар 7% пешбинӣ шуда буд, аммо ин сатҳ аллакай дар давраи аз январ то октябр ба даст омад. Ва дар моҳи декабр ин рақамҳо ба 0,4% расид.

Тибқи маълумоти ин ниҳод, танҳо маҳсулоти хӯрокворӣ 13% қимат шудааст. Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон болоравии нархи равғани растанӣ ва чарбҳо (42,2%), шакар (40,7%), маҳсулоти нонӣ (13,8%), картошка (19,8%) ва гӯшт (5,7%) ба қайд гирифта шуд.

Агентии омор инчунин маҳсулотеро номбар кард, ки арзиши онҳо якчанд маротиба ҷаҳидааст. Маҳсулоти аз ҳама афзоянда равғани пахта буд. Нархи он 50,7% афзудааст.

Дастури Рустами Эмомалӣ барои танзими нарху аз байн бурдани миёнаравҳо ва рақобати солим

Ғайр аз ин, арзиши гречка (38,7%), макарон (30%), равған (14,3%) ва орди гандуми навъи якум (16,4%) низ баланд гардид. Дар кишвар инчунин болоравии нархи сабзавот ва меваҳо низ ба қайд гирифта шудааст.

Торговля на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдорӣ гуфт, нархи кадом маҳсулот дар Душанбе чӣ қадар боло рафтааст

Дар айни замон, нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 5,8% афзудааст.

Афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2020 оғоз ёфт.

Ин тамоюл ҳам барои молҳои ватанӣ ва ҳам дар хориҷӣ ба назар мерасид. Воридкунандагон ин падидаро ба коҳиши сомонӣ дар баробари доллар рабт медиҳанд.

Ҳанӯз дар аввали моҳи ноябри соли 2020, Бонки миллии Тоҷикистон қурби пули миллиро тағйир дод ва фарқи қурбро тақрибан як сомонӣ зиёд кард. Ҳамин тавр, гардиши 1 доллари ИМА ба арзиши 11.30 сомонӣ баробар шуд.

Тафовути қурби асъор сабаби болоравии нархи маҳсулоти ватанӣ шудааст, зеро хӯрокаи паррандаҳо, сӯзишворӣ ва дигар молҳои истеҳсолнашаванда ба Тоҷикистон аз хориҷ ворид карда мешаванд.

Соли 2021 вазнин меояд: дастури Раҳмон барои гурусна намондани мардуми Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки имрӯз андозаи музди меҳнати номиналӣ дар ҷумҳурӣ 1545 сомонӣ (136 доллар) ва ҳадди ақал 400 сомонӣ (35 доллар) -ро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0