ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури кишвар ин нуктаро зимни паёми солонааш ба парлумон изҳор дошта гуфт, вақте барномаи рушди боғу токпарвариро қабул кард, ҳатто баъзе сарони кишварҳои ИДМ аз пушташ хандиданд.
Ӯ гуфт, вақте дастур дод, ки талу теппаҳоро боғзор кунанд, баъзе сарони кишварҳои ИДМ ба ӯ хандида гуфтаанд: "Раҳмон дигар кор надорад талу теппаҳоро боғу токпарварӣ мекунад".
Бонки миллӣ гуфт, чаро нархи равғану шакар қиммат шуд: боз гарон мешавад
Ба гуфти президент, ин талошҳояш буд, ки самар доданд ва танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки ҳоло дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши назаррас бозида истодааст.
Ӯ гуфт, дастураш ва талошҳои деҳқонону боғдорон буд, ки ба ин сатҳ расид.
Раисиҷумҳур мисол оварда гуфт, дар замони Шӯравӣ дар самти Душанбе-Хатлон талу теппаҳо чизе надошт.
"Чизе набуд ҳатто ошхонае набуд. Имрӯз бубинед чигуна обод шудааст. Маҳсули ин боғот ба хориҷа содирот мешавад".
Ба таъкиди ӯ, натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзон ва чораҳои амалинамудаи Ҳукуматро мо имрӯз дар фаровонии маҳсулоти истеҳсоли худӣ дида истодаем.
Раҳмон аз пандемияву буҳрон гуфт: ҷаҳон чунинро тайи сад сол ёд надош
Вобаста ба ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро, махсусан, дар соли 2021 таъмин намоянд, гуфт президенти кишвар.
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот кард.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд баррасӣ гардидааст.
"Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкории судманд бо Бонки Авруосиёии Рушд, аз ҷумла дар самти ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ҳавасманд аст", — таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Аз сатҳи ҳамкории дуҷониба ва иқдоми Ҳукумати Русия оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмону муҷаҳҳазгардонии 5 мактаб дар Тоҷикистон, ки тавассути Бунёди Авруосиёии устуворӣ ва рушд амалӣ мегардад, изҳори қаноат карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки идоракунандаи фонди мазкур Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот имкониятҳои ҳамкории пурсамар ва ҷалби сармояро барои рушди саноат, аз ҷумла истихроҷу коркарди маъдан, саноати хӯрокворӣ ва сабук дар асоси коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва рақамикунонии иқтисодиёт, табодули андеша карданд.
Манбаъ афзуда, ки дар бахши энергетика иштироки бонк дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузург ва бунёди хатҳои интиқоли барқ, зарур шумурда шуд.
ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1534 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.6101 то 13.8500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1534 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1530 - 0,1550 сомонӣ муқаррар кардаанд.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1530 то 0.1560 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1520 то 0,1560 сомонӣ нишон дода шудааст.
БОР ба Тоҷикистон 105 миллион доллар медиҳад: вазир гуфт ба куҷо сарф мекунанд
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".
Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон маҷаллаи "Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ" нашр шуд.
Соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.
Соли 1902 клуби футболи "Реал" (Мадрид) таъсис дода шуд.
Соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок намудан дода шуд.
Соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлолияти мамлакат овоз доданд.
Соли 2009 ВАО хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот сохта шуд.
Соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти КФО баргузор гардид, ки дастаи "Вахш"-и Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.
Соли 1928 - доктори илмҳои филология, профессор Расул Ҳодизода.
Соли 1938 - шоир Одина Мирак.
Соли 1945 - иқтисодшинос Муртазо Қаҳҳоров.
Соли 1969 - сорояндаи маъруфи тоҷик Парвин Юсуфӣ.