Российский рубль, архивное фото

Иқтисодшинос гуфт, хатарноктарин рӯзҳо барои рубл кай фаро хоҳанд расид

352
(Таҷдидшуда 13:27 31.01.2021)
Рубли русӣ соли гузашта, ки ҷаҳонро буҳрони шадид фаро гирифт, дар оғози сол ба таври назаррас коҳиш ёфт, вале баъдан мавқеашро боз устувор кард. Аммо дар пасманзари идомаи буҳронҳои сиёсӣ ва коҳиши нархи нафт назари коршиносон гуногун аст

ДУШАНБЕ, 31 янв – Sputnik. Хавфҳои геополитикӣ ва заминаи беруна ба устувории рубл дар соли 2020 фишор оварданд.

Дар соли 2021, хавфҳои асосӣ барои пули русӣ то ҳол бо вазъи манфии геополитикӣ ва ноустувории нархи нафт алоқаманданд, гуфт Алиса Храмова, дотсенти кафедраи тиҷорат ва савдои Донишгоҳи Синергия ба хабаргузории “Прайм”.

“Соли 2020 рӯйдодҳо ва омилҳои зиёде рух доданд, ки метавонанд ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва Русия дар соли 2021, алахусус ба рубл нисбат ба доллар ва евро таъсир расонанд. Ин пандемияи коронавирусӣ ва интихоботи президентии ИМА мебошад”, - гуфт коршинос.

Ба гуфтаи Храмова, президенти нав Ҷо Байден борҳо нияти худро барои "ба тартиб даровардани" таъсири Русия ба Амрико ва таҳримҳои нав алайҳи Федератсияи Русия эълом карда, ки чунин амалкардҳо ба рубл фишор хоҳанд овард.

Коршиносон асъори фоидаовар барои соли 2021-ро гуфтанд

Агар ба пешбинии маҷмӯии таҳлилгарон бовар кунем, дар семоҳаи аввали соли 2021 доллар 73,4 рубл, евро - 88 рубл, дар семоҳаи дуюм - 72 ва 87,4 рубл, дар семоҳаи сеюм - 71,25 ва 86,8 рубл ва дар семоҳаи чорум бошад 71,6 ва 84,9  арзиш хоҳад дошт.

Дурнамои хушоянд: нархи нафт дар соли 2021 чанд хоҳад буд

"Бисёре аз таҳлилгарон рублро аз дороиҳои хатарнок меҳисобанд. Дар давраҳои ноустувории бозори молиявӣ аз доштани чунин дороиҳо аксар вақт худдорӣ  мешавад", - гуфт Храмова.

352
Барчаспҳо:
рубл, доллар, қурб, асъор
Денежные купюры

Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард

445
(Таҷдидшуда 12:24 26.02.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард, ки давоми ҳафта дар ҳоли коҳишёбист

ДУШАНБЕ, 26 фев— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1530 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.8277 то 13.9100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1523 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1510- 0,1535 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1510 то 0.1540 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1555 сомонӣ нишон дода шудааст.

Чаро қурби сомонӣ паст мешавад? Шарҳи намояндаи Бонки миллӣ

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

445
Барчаспҳо:
сомонӣ, доллар, рубл, Бонки милии Тоҷикистон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Ҷаҳиши рубл дар бозори асъори Тоҷикистон: сомонӣ заиф мешавад

1266
(Таҷдидшуда 00:01 25.02.2021)
Тағйироти назаррас дар қурби асъор аз охири ҳафтаи гузашта то ҳол дар Тоҷикистон ин болоравии якбораи рублу доллару евро дар баробари сомонӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондод асъори миллӣ дар ҳоли заифшавист.

Қурби рубл, ки чанде қабл поин рафта буд, давоми ҳафтаи равон ба таври назаррас боло рафт.

Тибқи нишондоди Бонки миллии кишвар, арзиши рубл танҳо давоми як шабонарӯз беш аз 3 сомонӣ гарон шуд. Ҳоло барои 1000 рубл дар кишвар 155 сомону 30 дирам муқаррар шудааст.

Доллар низ пас аз каме боло рафтан дорад ба нишондоди аввали худ бармегардад ва имрӯз як доллар дар Тоҷикистон 11,3045 сомонӣ арзиш дорад.

Дар мавриди қурби асъори Аврупо бошад, он тули чанд муддат аст, ки калобанда дар марзи 13,6500 то 13,7500 қарор мегирад. Ин ниҳод қурби як евро барои 25 феврал 13,7169 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар мавриди поинравии асъори миллӣ Наврӯз Валиев, сардори шӯъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, то замони тағйир наёфтани тавозуни савдо ва зиёд нашудани ҳаҷми содироти мол, вазъи бозори асъор осебпазир ва фишор ба қурби пули миллӣ эҳсосшаванда боқӣ мемонад.

Чаҳор бонки мушкилдори Тоҷикистон назди амонатгузорон ҳудуди 90 миллион доллар қарздоранд

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тамоми амалиёти мубодила танҳо дар бонкҳо ва филиалҳои онҳо, ташкилотҳои қарзӣ, нуқтаҳои махсус, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо иҷозат дода мешавад.

Дар сурати риоя накардани меъёрҳо, вайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

1266
Соҳибёр Толиб, коргардони ҷавони тоҷик ҳангоми наворбардории филм

"Моҳиҳои бузург" сабт шуду “Қаландар” дар ҳоли таҳия: Соҳибёр дар Русия чӣ кор мекунад?

0
(Таҷдидшуда 14:52 28.02.2021)
Соҳибёри Толиб, рӯзноманигор ва коргардони тоҷик филми ҷадидаш зери унвони “Моҳиҳои бузург” – ро дар вилояти Ленинград ба навор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Филм дар бораи бекорхӯҷаи 35-солаи бе хона ва шуғли муайян қисса мекунад, ки бо дидадароияш боварии хонумҳои сарватмандро ба даст оварда, аз ҳисоби онҳо зиндагӣ мекунад.

Қаҳрамони лаванд бо зане бо номи София, ки 10 сол аз худаш калон аст, робита барқарор мекунад. Далер, писари София, бо хушдори муфтхӯри модараш муноқиша мекунад ва ӯро водор месозад, то биравад.

Ба гуфтаи коргардон, "мушкилоти матраҳшуда ҳамагонӣ буда, дар ҷомеаи Русия низ мубраманд”.

Продюсери филм Беҳзод Исомиддин изҳор медорад, ки дар ҷараёни таҳияи филм ба муаллиф озодии комили эҷодӣ  бидуни маҳдудияти тиҷорӣ дода шуда буд.

Нақшҳои асосиро дар филм Александр Громико ва Антон Логвиненко иҷро намуда, Оксана Полевикова, Олга Афанасева ва Даниил Худоногов низ нақш офаридаанд. Наворбардори филм Павел Смирнов ва рассом – саҳнасоз Ксения Неб мебошанд.

"Моҳиҳои бузург" дуввумин филми ҳунарии Соҳибёри Толиб аст. Ӯ қаблан  дар Тоҷикистон "Талош" – нахустин филми хомӯш дар таърихи кинои тоҷикро ба навор гирифта, дар ҷашнвораи синамои “Дидор” ҷоизаи ба номи Тоҳир Собиров аз Кумитаи радио ва телевизионро ба даст овард.

Филми мазкур инчунин ба барномаи озмунии Мактаби байналмилалии синамогарони ҷавони ИДМ - "Иттиҳод" ё худ "Содружество" дар Батуми қабул карда шуд, ки мебоист аз 18 то 24 майи соли 2020 баргузор мешуд, аммо ба таъхир афтода, ҳанӯз баргузор нагардидааст.

Феълан Соҳибёри Толиб ба таҳияи филми мустанад таҳти унвони кории "Отшельник" - “Қаландар” машғул аст. Филм дар бораи зиндагии муҳоҷири тоҷик қисса мекунад, ки наметавонад ба ватан баргардад ва ранҷ мекашад. Наворбардорӣ тобистон ва зимистон сурат гирифта, намоиши он охири соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Ҳарду филм дар доираи озмоишгоҳи коргардонии "Кинокоммуна" -и назди Маркази ҷавонони Иттифоқи синамогарони  Санкт-Петербург таҳия шудаанд.  Соҳибёр Толиб дар баробари таҳияи филмҳо донишҷӯи бахши сенарияи Донишкадаи синамо ва телевизиони Санкт-Петербург мебошад.

0
Барчаспҳо:
нашр, таҳия, филм, Тоҷикистон