ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Ба иттилои раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ, дар деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Корпоратсияи моҳии тоҷик таъсис ёфта, ба парвариши гулмоҳӣ махсус гардонда мешавад.
Айни замон корҳои сохтмони хоҷагии моҳипарварӣ бо суръат идома дошта, бо истифода аз техникаи пуриқтидор бунёди 25 ҳавзи моҳипарварӣ ҷараён дорад.
Гуфта шудааст, ки майдони хоҷагии моҳипарварӣ 3 гектарро ташкил медиҳад ва тибқи нақша дар марҳилаи аввал 100 ҳазор гулмоҳича парвариш меёбад.
Тавре аз раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд хабар доданд, хоҷагӣ ният дорад, ки дар соли аввали фаъолият 100 тонна гӯшти тайёри гулмоҳиро ба бозор барорад.
Манбаъ зикр кардааст, ки хоҷагии моҳипарварӣ дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба истифода дода шавад.
Ҳамзамон гуфта шудааст, ки бо мақсади фароҳам овардани шароит барои афзоиши моҳичаҳо сехи инкубатсионӣ бунёд мегардад.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, тамдиди иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк" санаи аз 26 феврали соли равон тасдиқ ёфтааст.
"Бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк" барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ба "Амонатбонк" барои фаъолияти оператори низоми пардохтии миллии "Корти миллӣ" бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд", - таъкид доштааст Бонки милӣ.
Гуфта шудааст, ки мутобиқи қарори мазкур, иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк", ки аз 9 феврали соли 2018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шуда буд, беэътибор дониста шудааст.
Ҳамзамон роҳбарияти Бонки миллӣ Идораи низоми пардохтро вазифадор кардааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ оид ба тағйироти зерин сабти дахлдорро ворид намояд.
Инчунин бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2021, бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток" барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ба "Вестерн Юнион ДП Восток" барои фаъолияти оператори низоми пардохтии "Вестерн Юнион" бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар асоси қарори зикршуда, иҷозатномаи ҶДММ "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток", ки аз 9 феврали соли 2018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
Ҳамчунин роҳбарияти Бонк, Идораи низоми пардохтро барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ вазифадор намудааст.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Имрӯз мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини якуми раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Афғонистон Маҳмад Мирзо Маҳмадраҳим сурат гирифт.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва саводои Тоҷикистон дар доираи мулоқот ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар гуфтанд.
Ҳамзамон иттилоъ додаа шудааст, ки мусоҳибон дар робита ба бештар густариш додани муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон тазаккур доданд, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисод ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.
"Дар робита ба ин ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои дорусозӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси Терминали логистикии байналмилалӣ дар минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" бо ҷалби сармоягузорони афғонистонӣ аз ҷониби Тоҷикистон манзур гардиданд", - зикр кардааст манбаъ.
Дар навбати худ, ҷониби Афғонистон омодагии худро барои беҳтар тавсеа бахшидани муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Тоҷикистон иброз дошт.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нархи ҷаҳонии ғизо таҳти таъсири афзоиши ҳазинаи маводи ғизоӣ ба болотарин сатҳ дар беш аз 6 соли гузашта расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши шабакаи хабарии "Bloomberg".
Ба гузориши "Bloomberg", ҳамзамон қиммати колоҳои аслӣ афзоиш ёфта ва қимати ҷаҳонии маводи ғизоиро ба болотарин сатҳ дар шаш соли гузашта дар январи 2021 расондааст.
Бо тавваҷуҳ ба таъсири ҳамагирии корона дар раванди рушди иқтисодӣ, нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфтааст.
“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021
Ин шабакаи хабарӣ бо ишора ба афзоиши 30 то 61 дарсадии қимати ғизо дар кишварҳои мухталиф навишт, ки бозорҳои навзуҳӯр, фишори ношӣ аз афзоиши баҳои маводи хомро эҳсос мекунанд, зеро афзоиши қимати колоҳое ҳамчун нафт, мис ва ғаллот болотар аз ҳадди интизор будааст.