Тоҷикистон ба хориҷ пиёзи қоқ содир мекунад

© Пресс-служба президента РТПроизводство лука в Согдийской области
Производство лука в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Обуна шудан
Дар Хуҷанд корхонаи коркарди пиёз ифтитоҳ шуд: дар он ин сабзавотро шустушӯ ва аз пӯст тоза намуда, барои содирот ба хориҷ омода мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Дар коргоҳи "Хуҷанд Агро" хатти нави коркарди пиёз  ифтитоҳ шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт.
Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, самти асосии фаъолияти ҷамъият- ин коркард ва банду басти меваю сабзавот ва хушконидани он мебошад.
"Хатти нави технологӣ имкон дорад дар 1 шабонарӯз то 30 тонна пиёзро коркард ва хушк намояд. Барои ин дастгоҳу таҷҳизот аз кишварҳои Аврупо, Федератсияи Русия ва ҶЧин ворид карда шуда, таҷҳизоти пиёзхушккунӣ истеҳсоли Ҳиндустон аст", - менависад манбаъ.
Тибқи технологияҳо, пиёз қабул, шуста, тоза, сара ва аз пӯст ҷудо карда шуда, вобаста ба ҳаҷму андоза реза ва дар 60 дараҷа гармӣ хушконида, бандубаст ва ба содирот омода карда мешавад.
Сабзавот, аз ҷумла пиёз аз хоҷагиҳои деҳқониву кишоварзии минтақаҳои вилояти Суғд вобаста ба талабот харидорӣ мегардад.
Бо бунёди хатти нави иловагӣ шумораи кормандон дар коргоҳи “Хуҷанд — Агро” ба 70 нафар расида, музди миёнаи маош 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Чипси хуҷандӣ: Раҳмон дар Хуҷанд корхонаи нав ифтитоҳ кард
Кормандону мутахассисон асосан аз ҳамин маҳал буда, аксарашон аз ҳисоби занону духтарон мебошанд. Сол ба сол зиёдшавии теъдоди чунин корхонаҳои соҳаи саноати сабук аз тадбирҳои судманд аст, ки ба шуғлнокии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Ширкати ватании “Хуҷанд — Агро” бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд — ширкати “Аркун”-и Русия таъсис дода шудааст. Барои вориду насби таҷҳизоти пиёзхушккунӣ 450 ҳазор сомонӣ маблағҳои сармоявӣ харҷ гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0