Сомонӣ тақвият меёбад: Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Обуна шудан
Тағйироти назаррас дар қурби асъор аз аввали сол дар Тоҷикистон ин заиф шудани пули аврупоӣ дар баробари сомонӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 3 феврал - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби сомониро нисбат ба рубли русӣ ва евро тақвият дода, арзишҳоро ба нишондиҳандаҳои соли гузашта наздик кард.
Доллары в миниатюрной тележке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2021
Коршиносон асъори фоидаовар барои соли 2021-ро гуфтанд
Дар баробари ин, қурби доллар дар кишвар то ҳол суботи хубро нишон медиҳад.
Ҳамин тавр, имрӯз тибқи нишондоди Бонки миллӣ як доллар дар Тоҷикистон 11,3018 сомонӣ арзиш дорад.
Иқтисодшинос гуфт, хатарноктарин рӯзҳо барои рубл кай фаро хоҳанд расид
Дар мавриди қурби асъори Аврупо бошад, он рӯз ба рӯз ба таври назаррас суст мешавад. Ин ниҳод қурби як евро барои сеюми февралро 13,6063 сомонӣ муқаррар кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта як евро 13,72 сомонӣ арзиш дошт.
Рубл дар баробари пули миллӣ пас аз суқути такрорӣ мавқеи нисбатан оромро нишон медиҳад. Имрӯз ҳазор рубл дар Тоҷикистон 0.1486 сомонӣ арзиш дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тамоми амалиёти мубодила танҳо дар бонкҳо ва филиалҳои онҳо, ташкилотҳои қарзӣ, нуқтаҳои махсус, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо иҷозат дода мешавад.
Иттиҳодияи Аврупо аз доллар даст мекашад
Дар сурати риоя накардани меъёрҳо, вайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0