Здание счетной палаты Республики Таджикистан

Аз Вазорати маориф то “Барқи тоҷик”: Палатаи ҳисоб норасоии миллионҳо сомониро ошкор кард

1461
(Таҷдидшуда 11:28 04.02.2021)
Масъулини Палатаи ҳисоб имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштанд, ки камбудиҳои молиявӣ бештар дар сохторҳои зертобеи вазорати маориф ошкор гардидааст

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik.  Бино ба иттилои масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон соли гузашта дар вазорату идораҳои давлатӣ 193 санҷиш гузаронида шуд, ки дар онҳо зарари молиявӣ ба маблағи 95,3 миллион сомонӣ ошкор гардид.

Намояндагони Палатаи Ҳисоб таъкид доштанд, ки аз 95,3 миллион сомонӣ он 92 миллион сомонӣ 94,4%, аз ҷумла ба буҷет 64 миллион ва ба ҳисоби корхонаҳо 22 миллион сомонӣ, тавасути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 5,1 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.  

Ба иттилои манбаъ, камбудиҳои молиявӣ хусусан дар сохторҳои зертобеи Вазорати маориф 10,8 миллион сомонӣ, вазорати молия 810 ҳазор сомонӣ, вазорати нақлиёт 440 ҳазор сомонӣ, вазорати энергетика ва захираҳои об 499 ҳазор сомонӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 134 ҳазор сомонӣ ошкор гардидааст.

Вай афзуд ҳамчунин камбудиҳои молиявӣ дар Вазорати саноат ва техналогияиҳои нави Тоҷикистон 2,4 миллион, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ 135 ҳазор сомонӣ, Вазорати фарҳанг 136 ҳазор, Кумитаи дин 494 ҳазор сомонӣ, Кумитаи муҳити зист 218 ҳазор сомонӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ 2,7 миллион сомонӣ, Агентии омор 387 ҳазор сомонӣ, Агентии захираҳои модди назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон 5,7 миллион сомонӣ, Донишгоҳи милли Тоҷикистон 5,2 миллион сомонӣ ошкор гардид.  

Ҳамзамон масъулини Палатаи ҳисоб таъкид доштанд, ки дар сохторҳои зертобеи ширкати “Барқи тоҷик” ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ камбудиҳои молиявӣ ошкор гардидааст.  

Масъулини ин ниҳод зикр карданд, ки аксарияти ин камбудиҳо молиявӣ хусусан дар сохторҳои зертобеи вазорату идораҳо ошкор гардиданд.

1461
Барчаспҳо:
ошкор, камбудӣ, Палатаи ҳисоб, Вазорати маориф, Тоҷикистон
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

Бонки миллӣ иҷозатномаи "Вестерн Юнион ДП Восток" ва "Амонатбонк"-ро тамдид кард

65
(Таҷдидшуда 20:26 02.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи БДА "Амонатбонк" ва "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток"-ро барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба муҳлати панҷ сол тамдид кард

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, тамдиди иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк" санаи аз 26 феврали соли равон тасдиқ ёфтааст.

"Бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк" барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ба "Амонатбонк" барои фаъолияти оператори низоми пардохтии миллии "Корти миллӣ" бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд", - таъкид доштааст Бонки милӣ.

Гуфта шудааст, ки мутобиқи қарори мазкур, иҷозатномаи БДА ҶТ "Амонатбонк", ки аз 9 феврали соли 2018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шуда буд, беэътибор дониста шудааст.

Ҳамзамон роҳбарияти Бонки миллӣ Идораи низоми пардохтро вазифадор кардааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ оид ба тағйироти зерин сабти дахлдорро ворид намояд.

Инчунин бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2021, бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток" барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ба "Вестерн Юнион ДП Восток" барои фаъолияти оператори низоми пардохтии "Вестерн Юнион" бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.

Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар асоси қарори зикршуда, иҷозатномаи ҶДММ "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток", ки аз 9 феврали соли 2018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳамчунин роҳбарияти Бонк, Идораи низоми пардохтро барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ вазифадор намудааст.

65
Барчаспҳо:
Амонатбонк, тамдид, иҷозатнома, Бонки миллӣ, Тоҷикистон
Завкизода Завкӣ провел переговоры с первым замом главы парламента Афганистана Махмад Мирзо Махмадраҳим

Тоҷикистон ба Афғонистон таъсиси терминали логистикӣ дар Панҷро пешниҳод кард

115
(Таҷдидшуда 17:32 02.03.2021)
Тоҷикистон ба Афғонистон дар бораи таъсиси Терминали логистикии байналмилалӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” бо ҷалби сармоягузорони афғонистонӣ пешниҳод кард

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Имрӯз мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини якуми раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Афғонистон Маҳмад Мирзо Маҳмадраҳим сурат гирифт. 

Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва саводои Тоҷикистон дар доираи мулоқот ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар гуфтанд.

Ҳамзамон иттилоъ додаа шудааст, ки мусоҳибон дар робита ба бештар густариш додани муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон тазаккур доданд, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисод ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти  ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.

"Дар робита ба ин ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои дорусозӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси Терминали логистикии байналмилалӣ дар минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" бо ҷалби сармоягузорони афғонистонӣ аз ҷониби Тоҷикистон манзур гардиданд", - зикр кардааст манбаъ.

Дар навбати худ, ҷониби Афғонистон омодагии худро барои беҳтар тавсеа бахшидани муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Тоҷикистон иброз дошт.

115
Барчаспҳо:
таъсис, Афғонистон, Панҷ, терминал, Тоҷикистон
Акция по выдаче питания лицам без определенного места жительства

Нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфт

0
(Таҷдидшуда 20:31 02.03.2021)
Коршиносони байналмилалӣ ахиран эълон доштанд, ки қиммати ҷаҳонии ғизо ба болотарин сатҳ дар 6 соли гузашта расидааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нархи ҷаҳонии ғизо таҳти таъсири афзоиши ҳазинаи маводи ғизоӣ ба болотарин сатҳ дар беш аз 6 соли гузашта расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши шабакаи хабарии "Bloomberg".

Ба гузориши "Bloomberg", ҳамзамон қиммати колоҳои аслӣ афзоиш ёфта ва қимати ҷаҳонии маводи ғизоиро ба болотарин сатҳ дар шаш соли гузашта дар январи 2021 расондааст.

Бо тавваҷуҳ ба таъсири ҳамагирии корона дар раванди рушди иқтисодӣ, нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Ин шабакаи хабарӣ бо ишора ба афзоиши 30 то 61 дарсадии қимати ғизо дар кишварҳои мухталиф навишт, ки бозорҳои навзуҳӯр, фишори ношӣ аз афзоиши баҳои маводи хомро эҳсос мекунанд, зеро афзоиши қимати колоҳое ҳамчун нафт, мис ва ғаллот болотар аз ҳадди интизор будааст.

0
Барчаспҳо:
боло, қиммат шудан, ғизо, байналмилалӣ, ҷаҳон