Продавец в магазине считает сдачу

Палатаи ҳисоб: зарари молиявӣ ба давлат дар як сол ба беш аз 252 миллион сомонӣ расид

87
(Таҷдидшуда 13:28 04.02.2021)
Палатаи ҳисоб дар соли гузашта дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 272 санҷишҳои аудиторӣ анҷом додааст

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Қарахон Чиллазода раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳангоми гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ асосан аз ҳисоби нодуруст ба нақша гирифтани маблағҳои буҷетӣ дар сметаҳои хароҷотӣ, нодуруст ҳисоб ва пардохт намудани музди меҳнати кормандон, сафархарҷиҳо ва дигар ҳиссаҷудокуниҳо ба буҷет камбудиҳо ошкор гардиданд.

Вай инчунин таъкид дошт, ки камбудиҳо дар изофанависии корҳои сохтмонӣ, риоя накардани меъёри истифодаи сӯзишворӣ, беасос аз эътибор соқит намудани молу маводи арзишдор, зиёд нишон додани арзиши молу маводи харидшуда ва аз ҳисоби дигар фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ошкор шудаанд.

Қарахон Чиллазода қайд кард, ки дар  давраи ҳисоботӣ  Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 272 чорабинии аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 252,3 миллион сомонӣ муайян намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ шумораи аудитҳо 36 адад кам ва зарари молиявии ошкоргардида ба маблағи 18,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Гуфта шудааст, ки аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 78,6 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 42,4 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 32,8 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 2,8 миллион сомонӣ мебошпд.

Аз Вазорати маориф то “Барқи тоҷик”: Палатаи ҳисоб норасоии миллионҳо сомониро ошкор кард

Ҳамзамон талафи воситаҳои пулию молӣ 5,2 миллион сомонӣ, талафи буҷет аз ҳисоби маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 51,3 миллион сомонӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо 38,4 миллион сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 779,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

87
Барчаспҳо:
Палатаи ҳисоб, зарар, Тоҷикистон

Коҳиши асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ: Бонки миллӣ қурби рублу долар ва евроро эълон кард

522
(Таҷдидшуда 09:58 09.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондод асъори хориҷӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 9 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1509 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи асъори амрикоиро ба нишондодҳои аввалааш поин оварда, фурӯши 1 долларро дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистон аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Асъори аврупоӣ, ки ҳафтаи гузашта ба баландтарин нишондодҳояш (13.6101 то 13.8500 барои 1 евро) расида буд, ба таври назаррас коҳиш ёфт.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.4987 то 13.6200 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1509 то 0.1540 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1510 - 0,1540 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1480 то 0.1545 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1520 то 0,1560 сомонӣ нишон дода шудааст.

БОР ба Тоҷикистон 105 миллион доллар медиҳад: вазир гуфт ба куҷо сарф мекунанд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

522
Флагшток в Душанбе. Архивное фото

Таъсиси Палатаи савдои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

468
(Таҷдидшуда 00:23 08.03.2021)
Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон ҳамчун Палатаи савдои Осиёи Марказӣ таъсис дода мешавад

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон бо ҳадафи иртиботи бештари корофаринон ва тавлидкунандагони Осиёи марказӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.

Созмондиҳӣ ва фаъолияти ин марказ дар ҳоли баррасӣ аст. 

Дар моҳи феврали соли равон теъдоде аз гурӯҳҳои тиҷорӣ ва сармоягузории кишварҳои ҳамсоя барои ширкат дар ин тарҳ ба Тоҷикистон сафар карданд. 

Ин тарҳро ширкати “Девори ҷаҳон”, ки аз шуракоии ширкати сармоягузорӣ ва тавлидии “ Ориёнинвест”аст, иҷро хоҳад кард. 

Палатаи савдои Осиёи марказӣ тавлидкунандагон ва ширкатҳои мухталиф дар Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркияро ба ҳам    муттаҳид мекунад.

Ҳамзамон дар қолиби ин пружа дар шаҳри Душанбе роҳандозии як намоишгоҳи доимии молҳо ва маҳсулоти кишварҳои ширкаткунанда дар ин пружа барномарезӣ шудааст. 

Ба таври куллӣ, барномарезӣ шудааст, ки фаъолияти ин сохтор тамоми равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар ҳамаи мароҳил, назири ҷазби сармоягузорон, тавсеъаи барномаҳо, музокирот, ироаи хадамоту кумакҳои ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, тарвиҷи сармоягузорӣ ва маҳсулоти Тоҷикистонро дарбар хоҳад гирифт.

468
Барчаспҳо:
хизматрасонӣ, Осиёи Марказӣ, палата, савдо, Палатаи савдои Тоҷикистон, Тоҷикистон
Ливень, архивное фото

Ҳавошиносон дар Тоҷикистон аз раъду барқ ​​ва боришоти шадид ҳушдор медиҳанд

0
(Таҷдидшуда 11:55 09.03.2021)
Се рӯзи оянда дар саросари ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ мемонад, офтоб бо раъду барқи шадид иваз мешавад

ДУШАНБЕ, 9 март - Sputnik. Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз раъду барқ ​​огоҳ мекунанд, ва баъзан боридани жоларо имконпазир медонанд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар Душанбе имрӯз ҳаво абрист, бориш намешавад, аммо пагоҳ ва то 11 март борон меборад ва раъду барқ ​​мешавад. Ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона + 17  дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ боришот дар шакли барф, инчунин дар баъзе ҷойҳои раъд барқ шуда, дар кӯҳҳо шабона 1-6 ва рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шимоли кишвар, вилояти Суғд, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд, имрӯз бошад бебориш мешавад ва аллакай 10 март дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад.

Дар водиҳо шабона тақрибан 3-8 ва рӯзона то 17 дараҷа гармӣ, аммо дар кӯҳҳо шабона то аз 1 то 6 дараҷа хунук мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 10 то 13 март барф меборад, раъду барқ мешавад ​​ва рӯзона борон меборад. Дар ғарби ВМКБ шабона 3-8 ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм, дар шарқи Помир шабона то -31 дараҷа сард мешавад.

Дар ҷануби Тоҷикистон, вилояти Хатлон туман мефарояд, аммо бориш танҳо рӯзи чоршанбе пешбинӣ шудааст.

Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 4-9  ва рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад.

0