Бинои Душанбе плаза, акс аз бойгонӣ

Бонки миллӣ бинои “Душанбе Плаза” - ро харидааст

598
(Таҷдидшуда 13:17 05.02.2021)
Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, мегӯяд, Бонки миллии кишвар ба ҷои сохтмони бинои нав пурра бинои “Душанбе Плаза” - ро харидааст

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Зувайдзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Бонки миллии Тоҷикистон бинои "Душанбе Плаза" - ро аз ҳукумати пойтахт харид.

"Вайҳо ҳисоб карда метавонанд, барояшон ба фикрам сабуктар ғалтид, пурра "Душанбе Плаза" - ро хариданд", - изҳор дошт раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ.

Қаблан тарҳи як бинои ҷадид дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, ки гуфта мешуд, бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон хоҳад буд. Аммо котиботи Бонки миллӣ бо нашри як иттилоия хабар дод, ки нияти сохтмони биноеро надоранд.

Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ нагуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон "Душанбе Плаза" – ро ба ивази чӣ қадар маблағ харидааст. Танҳо изҳор дошт, ки харид тариқи музояда сурат гирифта, маблағ барояш маълум нест.

Боғ ба ҷои бино: тахриби бинои ҷадиди Бонки миллӣ дар шаҳри Душанбе

Бинои "Душанбе Плаза" аз ҷониби ширкати "Тоҷсохтмон байналмилал", ки марбути наздикони Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик буд, бо маблағгузории давлат сохта шудааст.

"Душанбе Плаза" баландтарин бино дар Душанбе ба шумор меравад, ки баландияш 92 метру масоҳаташ 40 ҳазор метри мураббаъ арзёбӣ мешавад.

598
Барчаспҳо:
харидан, бино, Бонки Миллӣ, Душанбе-Плаза
Денежные купюры

Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард

400
(Таҷдидшуда 12:24 26.02.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард, ки давоми ҳафта дар ҳоли коҳишёбист

ДУШАНБЕ, 26 фев— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1530 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.8277 то 13.9100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1523 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1510- 0,1535 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1510 то 0.1540 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1555 сомонӣ нишон дода шудааст.

Чаро қурби сомонӣ паст мешавад? Шарҳи намояндаи Бонки миллӣ

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

400
Барчаспҳо:
сомонӣ, доллар, рубл, Бонки милии Тоҷикистон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Ҷаҳиши рубл дар бозори асъори Тоҷикистон: сомонӣ заиф мешавад

1230
(Таҷдидшуда 00:01 25.02.2021)
Тағйироти назаррас дар қурби асъор аз охири ҳафтаи гузашта то ҳол дар Тоҷикистон ин болоравии якбораи рублу доллару евро дар баробари сомонӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондод асъори миллӣ дар ҳоли заифшавист.

Қурби рубл, ки чанде қабл поин рафта буд, давоми ҳафтаи равон ба таври назаррас боло рафт.

Тибқи нишондоди Бонки миллии кишвар, арзиши рубл танҳо давоми як шабонарӯз беш аз 3 сомонӣ гарон шуд. Ҳоло барои 1000 рубл дар кишвар 155 сомону 30 дирам муқаррар шудааст.

Доллар низ пас аз каме боло рафтан дорад ба нишондоди аввали худ бармегардад ва имрӯз як доллар дар Тоҷикистон 11,3045 сомонӣ арзиш дорад.

Дар мавриди қурби асъори Аврупо бошад, он тули чанд муддат аст, ки калобанда дар марзи 13,6500 то 13,7500 қарор мегирад. Ин ниҳод қурби як евро барои 25 феврал 13,7169 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар мавриди поинравии асъори миллӣ Наврӯз Валиев, сардори шӯъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, то замони тағйир наёфтани тавозуни савдо ва зиёд нашудани ҳаҷми содироти мол, вазъи бозори асъор осебпазир ва фишор ба қурби пули миллӣ эҳсосшаванда боқӣ мемонад.

Чаҳор бонки мушкилдори Тоҷикистон назди амонатгузорон ҳудуди 90 миллион доллар қарздоранд

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тамоми амалиёти мубодила танҳо дар бонкҳо ва филиалҳои онҳо, ташкилотҳои қарзӣ, нуқтаҳои махсус, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо иҷозат дода мешавад.

Дар сурати риоя накардани меъёрҳо, вайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

1230
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото

Вазир дар бораи ифтитоҳи марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Наврӯз - мешавад ё не?

637
(Таҷдидшуда 21:01 26.02.2021)
Намояндагони мақомот тавзеҳ доданд, ки кай сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд бе мамоният марзи ду кишварро убур кунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Намояндагони вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гуфтушунид баргузор карданд, ки дар рафти он масоили ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар расонаҳои маҳаллӣ пас аз ин мулоқот маълумот пайдо шуд, ки намояндаи вазорати корҳои хориҷии  Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини аввали вазири умури хориҷии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев масоили ифтитоҳи марзро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла хабар дода мешавад, ки сарҳадҳои байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон эҳтимол дорад дар Наврӯз ифтитоҳ шавад.

Хабарнигори  Sputnik Тоҷикистон барои равшанӣ андохтан ба ин масъала, ба вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим муроҷиат кард.

"Мо бо Ӯзбекистон муносибатҳои хубу наздик дорем. Дар соҳаи нақлиёт хело муносибати зич дорем ва феълан масоили мубрамро баррасӣ мекунем, аммо дар бораи ифтитоҳи гузаргоҳҳо гуфтушуниде анҷом надодаем", - изҳор дошт Азим Иброҳим.

Гузаргоҳи "Ҷартеппа" дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон барои донишҷӯён боз шуд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон афзуд, ки марзи байни Тоҷикистон ҳамон вақт ифтитоҳ мешавад, ки "пандемия ба анҷом расад, яъне вазъи мусоиди эпидемиологӣ ба вуҷуд ояд".

637
Барчаспҳо:
марз, Ӯзбекистон, Тоҷикистон