Сироджиддин Икроми глава Аманатбонка Таджикистана

Икромӣ дар бораи сирри муваффақияти бонк: "ҷазои кормандон ва муносибати хуб бо мизоҷон"

334
(Таҷдидшуда 12:47 09.02.2021)
Раиси "Амонатбонк" Сироҷиддин Икромӣ мегӯяд барои расидан ба комёбӣ, чанд корманди дағалро пеш карданду, ин кор барои дигарон дарс шуд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт аз замони ифтитоҳи маркази тамос ба ин ниҳод 15 дарсади шикоятҳо аз дағалии кормандон ворид шудааст.

Ӯ гуфт мақсади кушодани маркази тасом аз як тараф агар шунидани шикояти мардум бошад аз ҷониби дигар тарбияи кормандони бонк дар ҷойҳо аст. 

Ба гуфти Икромӣ, "Амонатбонк" аз рӯи як шиори "муштарӣ доим ҳақ аст" амал мекунад, вале мешаванд, ҳолатҳое, ки кормандон дағалӣ мекунанд.

"Новобаст аз он, ки мизоҷ бо кадом ҳолати руҳӣ вориди бонк мешавад, корманд бояд истодагарӣ кунад ва ба муштарӣ хуб хизмат расонад. Ман дар ҳисоботи шашамоҳа ҳам гуфта будам, якчанд кормандро мо барои дағалӣ ҷазо додем ва аз кор ҳам пеш кардем", - гуфт Икромӣ.

Ба таъкиди ӯ ин қазия барои дигар кормандон дарс шуд.

Икромӣ мегӯяд, чун муносибати кормандон хуб аст, мардум ба онҳо бештар мероҷиат мекунанд.

Раиси "Амонатбонк" дар бораи қаллобии се миллионии кормандаш: "мо зиён надидем"

"Мо ба мизоҷон ниёз дорем на онҳо ба мо. Мизоҷон бонкеро интихоб мекунанд, ки муносибат дар он хуб аст", - таъкид мекунад раиси бонк.

Ба гуфти ӯ ҳамин муносибат буд, ки соли 2020 аз ҷониби "Амонатбонк" ба шаҳрвандон 1 миллиарду 30 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2019 тақрибан 50 дарсад бештар аст.

334
Барчаспҳо:
муваффақият, қарз, раис, Сироҷиддин Икромӣ, Амонатбонк, Тоҷикистон
Табло АЗС города Худжанд

Ҷаҳиши якбораи нархи бензин дар Тоҷикистон

1272
(Таҷдидшуда 17:57 04.03.2021)
Арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон тайи як рӯзи ахир якбора боз боло рафт

ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Бино ба нархномае, ки ахиран ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ пешниҳод кардаанд, қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар кишвар наздики 1 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Бар асоси нишондоди нуқтаҳои фуруши бензин барои 1 литр сӯзишвории навъи 92 дар Хуҷанду Душанбе 7 сомонию 80 дирам ва барои тамғаи 95 бошад 8 сомони 10 дирам медиҳанд.

Ях ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон дар Хуҷанд гуфт, бо ин нарх ҳам дар баъзе нуқтаҳо бензин камёфт шудааст.

Аммо дар Хоруғ бошад болотар барои як литр сӯзишвории навъи 92 беш аз 8 сонию 40 дирам медиҳанд.

Ин нишондод дар ҳолест, ки аз авали соли ҷорӣ, як литр бензин дар ҷумҳурӣ вобаста ба тамға ва минтақаи 5,80-6,90 сомонӣ арзиш дошт.

Як манбаи дигари Sputnik Тоҷикистон гуфт, болоравии нархи маводи сухт ин ба маҳдудияти воридот аз Қирғизистон аст.

"Ҳукумати Қирғизистон қарор қабул кард, ки маводи сухт ба хориҷа содир нашавад. Мақомти қудратии он кишвар дидбонгоҳҳоро сахт назорат мекунанд ва ҳамзамон ба шикори қочоқчиён пардохтаанд, ки на ҳар кас дар чунин вазъ тавакал мекунад".

Ба гуфтаи ӯ, тариқи қонунӣ ба кишвар аз Қирғизистон кам ворид мешуд, аммо аксар маводи сухт аз ин кишвар тариқи пинҳон ворид мегашт.

Болоравии нарх дар бозори нафт: то кай ин ҷараён идома меёбад

Раҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон қаблан дар бораи болоравии қиммати сузишворӣ гуфта буд, ки болоравии он ба Русия, ки воридкунандаи асосӣ аст, рабт дорад. Ба гуфти ӯ дар соли 2020 дар Русия 26 фисад боло рафта буд.

Ӯ гуфта буд, ки ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ барои беасос баланд кардани нарх ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ҷарима шуда буданд.

Бино ба қарори сарвазири Қирғизистон, мақомоти зидахли ин кишвар – шуруъ аз Хадамоти гумруку марзбонӣ то вазорати нақлиёту Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ин кишвар дастури қатъӣ гирифтаанд, ки аз ҳар гуна талош барои содироти ғайриқонунии нафту фаровардаҳои нафтӣ ҷилавгирӣ намоянд. 

Ин қарор аз рӯзи имзо шуданаш, яъне 3 марти соли равон, ба иҷро даромадааст.

Тибқи иттилои расмӣ, Қирғизистон бо саҳми 2,02% сеюмин кишвари воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ пас аз Русия (78,43%) ва Қазиқистон (15,24%) ба бозори Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин кишвар дар соли 2020 дар ҳаҷми 11 ҳазору 780, 93 тон маҳсулоти нафтӣ, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, ба маблағи 5 миллиону 333 ҳазору 248 доллар ворид кардааст.

Мавҷи нав: болоравии нархи нафт пешгӯӣ шуд

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа асосан аз Русия ворид карда мешавад. Бино ба иттилоъи расмӣ, соли гузашта ба кишвар 234 ҳазор тон бензин ва 298 ҳазор тон сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст.

1272
Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири корҳои хориҷаи Эрон

Коронавирус гунаҳгор: соли гузашта тиҷорати Тоҷикистону Эрон 10,3 дарсад коҳиш ёфт

54
(Таҷдидшуда 17:23 04.03.2021)
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо муовини вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ ва Саид Расули Муҳоҷир дар ин дидор оид ба сатҳи кунунӣ ва дурнамоии густариши муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон баҳс ва табодули назар карданд.

Ду тараф бо арзёбии вазъи феълии равобити Тоҷикистон ва Эрон мавзӯи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, энержӣ ва низ равобити илмӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Зоҳидӣ ва Муҳоҷир ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва роҳҳои густариши равобити дуҷониба гуфтугӯ карданд. 

Аз гузашта то имрӯз: муваффақиятҳову дастовардҳои Эрон – видео

Гуфта мешавад, ки дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Эрон 57 миллиону 700 ҳазор доллар будааст, ки дар муқоиса бо соли 2019 коҳиши 10,3 дарсадиро нишон медиҳад.

54
Барчаспҳо:
сафир, гуфтугӯ, равобит, ҳамкорӣ, Тоҷикистон, Эрон
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров

Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад

278
Роҳбари Қирғизистон Содир Ҷаббаров бо сафари расмӣ ба Душанбе сафар карданист ва дар ояндаи наздик ӯ инчунин аз Ӯзбекистон, Чин ва Туркманистон дидан хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.

Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.

"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", -  гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.

Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод

Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.

Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.

278
Барчаспҳо:
сафар, Тоҷикистон, раисҷумҳур, Қирғизистон